НОЗАНИН «МАЛИКАИ ҲУНАР» МЕШАВАД?


ФАРЗОНАИ ФАЙЗ

ФАРЗОНАИ ФАЙЗ

Ин паричеҳраи соҳибҳунар саросари Тоҷикистонро гирёнду ҳамчун Нозанин аз филми «Беҳуда хорам мекунӣ» дар дилу дидаи мардум маъво гирифт. Ва мурғи шӯҳрат бо нақши Нозанин рӯи рӯи китфаш нишаст. Фарзона акнун дар курси сеюми Донишкадаи санъати ба номи устод Мирзо Турсунзода таҳсил мекунад. Хеле ҷавон асту хушчеҳраву хушгилу хушсухан. Фарзонаро ба ин даргоҳи зебоипарастӣ ишқи сароянда шудан оварда буд. Аз хурдӣ ба ин шуғл сахт дил баста буду миёни дугонаҳояш таронаҳо мехонд. Он замон дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд, ки ӯро ногаҳон ба кино даъват мекунанду бо як нақше, ки ба қавли худаш «шатта хурда, ғелида, азоби бисёр кашидааст» ситора мешавад…

Фарзона духтари шикастанафс аст. Вақте ба рақами телефонаш занг задам, ҷавоне гӯширо гирифт. Фарзонаро пурсидам «Ҳозир ӯро меёбаму ба шумо занг мезанад» гуфт. Гумон кардам, ки чун дигар сарояндаҳои ба дарди ситорамания гирифтор шуда дурӯғ мегӯяд. Аммо не. Дар ҳақиқат дере нагузашта худи Фарзона занг зад. Инак, бо Фарзонаи Файз рӯ ба рӯ нишастаем… Сӯҳбати моро дар боби асрори зебоӣ ва розҳои Фарзона мутаваҷҷеҳ бошед!

-Фарзонабону! Қадами шуморо ба ҳафтаномаи «Оила» хайрамақдам мегӯем. Шумо бо як нақш тавонистед, ки азизи дилу дидаҳои мардум бигардед. Ситора шудан бо як нақш ба ҳар ҳунарманд муяссар намегардад. Имрӯз бо вуҷуди хеле ҷавон буданатон ситораи шӯҳрати шумо дар баробари ситораҳои собиқадор рахшон аст. Мухлисон мехоҳанд донанд, ки иҷрокунандаи нақши Нозанинашон бо чӣ корҳо машғул аст?


-Ташаккур барои даъвататон! Пеш аз ҳама саломи худро ба ҳамаи мухлисонам бо истифода аз минбари «Оила» мерасонам. Аввало аз Худои меҳрубон ва баъдан аз Талабшо Муқимов муташаккирам, ки бо дастгирии он кас ба ин мавқеъ расидам. Хушбахтам, зиндагии хушбахтона дорам ва ҳамааш бо шарофати ин филм.

-То ин филм шумо ҳамчун сароянда он қадар машҳур набудед. Филм сарояндагиатонро ҳам ба ҳамагон маълум намуд?

-Бале.

-Албомҳо доред?

-Ба наздикӣ клипҳои навамро пешкаши мухлисон мегардонам. Албоми аввалинам «Зиндагӣ» ном дорад. Албоми дуюмамро «Дили ман» ном мондаам. Ин албомамро ба Ватани азизам мебахшам, зеро таронаҳои ба Ватан бахшидаам низ дар он шомиланд.

-Дар вохӯрие, ки мо баъди филми «Беҳуда хорам мекунӣ» бо филмофарону нақшофарон доштем, хонандаҳо боисрор аз шумо хоҳиш намуданд, то фақат нақш бозеду дигар сарояндагӣ накунед, зеро онҳо боварӣ надоранд, ки бо сарояндагӣ машҳур мешавед..?

-Сарояндагӣ шуғли дӯстдоштаи ман аст. Чи қадаре нақш бозам ҳам, сарояндагиро раҳо карда наметавонам. Кӯшиш мекунам, ки маро бо ҳунари сарояндагиам низ шиносанд.

-Ҳамсабақҳоят аз он ки дар миёнашон ситораи кино таҳсил дорад, намекебанд?

-Баръакс, 26 писари ҳамкурсам аз як духтари бо онҳо мехонда ифтихор мекунанд.

-Дар миёни ин қадар мард магар танҳоӣ?

-Бале!

-Оҳ-ҳо! Ин 26 нафар дилҳояшонро ба якборагӣ рӯи кафи Фарзона ниҳоданд ё нафаре пешдастӣ кард?

-Не, мо фақат ҳамдигарро ҳамчун ҳамсабақ ҳурмат мекунем.

-Шояд шарм медоранд ё аз ҳайбати шӯҳрати ситорагӣ меҳаросанд?

-Пайхас накардаам.

Ҷавонмарде дар газета ба унвони Шабнами Сурайё нома навишта пешниҳоди хонадоршавӣ кардааст.

-Хондам.

Ҷавонмарди дигаре чанд сол пеш ягона гови хонаашонро фурӯхта ба «Гули маҳтоб» омад, то ба Манижаи Давлат изҳори ишқ намояд. Имрӯз, ки Фарзона дар шӯҳрату ҳусн аз онҳо кам нест, магар бо чунин «Маҷнун» рӯ ба рӯ нагаштааст?

ФАРЗОНАИ ФАЙЗ

ФАРЗОНАИ ФАЙЗ

-Ҳастанд «Фарҳоду Маҷнунҳо» ва наздам омада изҳори муҳаббат мекунанду хостгор фиристоданӣ мешаванд. Аммо ман ҳоло аз паи санъатаму алҳол худро ба шавҳар побанд кардан намехоҳам.

-Магар марди табъи дилатон пайдо нест?

-Ҷавонҳои хубанд, лекин ҳоло ҳамчун шавҳар мардеро қабул карда наметавонам.

-Дар ҳама ҷо овозаи қисмҳои нави филми «Беҳуда хорам мекунӣ» паҳн гаштааст?

-Қисмҳои 5-уму 6-ум дар Кохи Ҷомӣ намоиш дода мешавад. Дар ин қисмҳо ҳам ман дар нақши Нозанин бозӣ мекунам. Ба фикрам, филм боз давом дорад.

-Ҳамчун сароянда дар куҷоҳо баромад мекунед: тӯйҳо ё маъракаҳои давлатӣ?

-Дар маъракаҳо, банкетҳо, баъзан дар тӯйҳо ҳам баромад мекунам. Дар тӯйҳои мардуми Қӯрғонтеппа, Норак ва худи Душанбе хизмат кардаам.

ӯзи дароз дарс, банаворгирӣ, вақте ба хона меоед, кӣ бароятон хӯрок тайёр мекунад?

-Апаам кадбонугии хонаро ба ӯҳда доранд. Аммо худам ҳам хӯрок тайёр мекунам.

-Метавонед?

-Метавонам!

-Чиҳо пухта метавонед?

-Ош мепазам, гӯштбирён карда мехӯраму зуд аз паи корам мебароям!

ӯшт бирён кардан, картошкаю тухм бирён карданро санъати беҳунарон мегӯянд?

-Не-не, ман беҳунар нестам!

-Дар ҳамин синну солу бо чунин шӯҳрат?

-(бо ханда) Не, албатта!

-Муаллифаш кист?

-Ин таронаро мо бо Убайдуллои Саъдулло сохтаем.

-Мухлисон тӯҳфаҳои қиматбаҳо меоранд?

-Овардаанд, аммо чӣ буданашро намегӯям.

-Андешаи Фарзона нисбати озмуни «Маликаи ҳунар». Кӣ метавонад ғолиб ояд?

-Ин кори худост. Дар насиби касе бошад, ҳамон кас ғолиб мешавад.

-Орзуи шумо ба мухлисон?

-Ба ҳамаашон бахту шодмонӣ мехоҳам. Ҳамаашонро дӯст медораму то ҷон дар бадан дорам, барояшон хизмат мекунам!

-Ва боз?

-Фарзонаи Файзро дастгирӣ кунанд!

-Муваффақ бошед!

Манбаъ: «Оила»

Реклама

7 комментариев в “НОЗАНИН «МАЛИКАИ ҲУНАР» МЕШАВАД?

  1. АВсалому алейкум хохараки азизам шумо чихелен ман мехостам ки бо шумо дар майл агент сухбат кунам. Лекин хамин кинои сниматкардагитон онкадар маъкул нашуд. Шумо хушру буден дар хакикат аминхел меган бачахако, хамаи халк. Агар ягон чи нофахмо бошад шумо метавонед дар майл агент хамсухбат шавед.

  2. салом!ман мухлиси ашадии ин филм мебошам.Аз коргардон хохиш дорам ки зуддтар давоми ин силсилафилмро бахри мухлисон пешкаш намоянд!Рости дар давоми дидани ин филм ашк аз чашмонам чори шуд!Ахсан ба Нозанину дигарон,ки нихоят захматхои бисёре кашидаанд ахсан.мо мухлисон интизори давоми филм хастем!

  3. xe na medonam chi navisam xamika gyftant darborai ki na xostab ydam ki inkadar shynavam,,naxostanam ai jixati bad rashkim,
    xostam ki man xamai syxano ro navisam dar borai ty, lekin xamasha gyftan,dar oxir ai xydojon shymo ba ymri daroz baroroi kor tani sixa farzandoi solix namoz xon xizmat garoni din islom,,,,,xo dar akhir xostam va kabylat kadam ki iak bor shumo ro binam.
    myxlis ty jon savxozi

  4. ман шуморо дуст медорам ба ди фильми шумо ман хобрафта наметавонистам бароики фикри шумора мекадум. мехостамки через майла гент бо шумо сухбат кунам

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s