ЁДДОШТҲОИ МЕРЛИН МУНРУ МУНТАШИР ШУД


МЕРЛИН МУНРУ

МЕРЛИН МУНРУ

Китобе аз дастнавиштаҳо ва ёддоштҳои рӯзонаи Мерлин Мунру, ситораи маъруфи Ҳоливуд ба чанд забон ба бозор омад. Бештари қитъаоте, ки дар китоб дарҷ шуда, номаҳои шахсӣ ва ёддоштҳои содаи рӯзона ҳастанд, аммо бархе аз қитаъот бо диққати бештаре навишта шудаанд, шояд ба ин умед, ки рӯзе вироиш ва чоп шаванд. Мерлин Мунру ба хотири муваффақият ва шуҳрати сареъ, зиндагии кӯтоҳ ва пурмоҷаро ва бавижа марги трожедикаш аз номитарин занони қарни бистум аст. Ӯ бавижа ба далели андоми мавзун, ҳаракоти дилфареб ва садои гарм, “бумби сексӣ” лақаб гирифт, аммо на ӯ ва на касоне ки ӯро аз наздик мешинохтанд, ин лақабро намеписандиданд.

Синамогарони бузурге монанди Билӣ Войлдер ва Ҷон Ҳестун, ки бо Мерлин Мунру кор карда буданд, гуфтаанд, ки ӯ танҳо ҷаззоб ва дилфиреб набуд, балки бавижа дар ифои нақшҳои кумедӣ истеъдоде камназир дошт. Ончи то кунун ношинохта монда буд, ин аст, ки Мерлин Мунру дасте дар навиштан ҳам доштааст. Ӯ маҷмӯъае аз ёддоштҳои рӯзона ва ҳатто чанд шеър аз худро ба ҷо гузошта, ки акнун барои аввалин бор ба чоп мерасад.

Мерлин Мунру аз нодир ситорагони Ҳоливуд буд, ки ба китоб ва адабиёт алоқа дошт ва мураттаб ба китобфурӯшӣ сар мезанад ва китоб мехарид. Ӯ ба осори нависандагони бузурге монанди Феодор Достоевский, Сомуел Бекет, Ҷузеф Кенрод, Эрнест Ҳамингӯй ва Ҷон Иштойнбек ошноӣ дошт ва аз соли 1956 то соли 1961 ҳамсари Ортур Милер, намоишноманависи номии Омрико буд.

“На барои интишор”

Мерлин Мунру аз рӯйи ниёзе дарунӣ ва на барои интишор даст ба қалам бурда буд. Ӯ ин ёддоштҳоро умдатан аз соли 1943 то 1962 навиштааст, рӯйи ҳар чизе ки дами дасти ӯ будааст: аз дафтари ёддошт то коғази моркдори ҳутел ё дастмоли рестурон; аз дастури ошпазӣ гирифта то ёддоштҳое дар бораи худкушӣ. Мерлин Мунру, бархилофи тасаввури ҳамагон дар навиштаҳои худ зане хештандор аст. Аз ҳама чиз ҳарф мезанад, эҳсосоти ниҳонӣ, дардҳо ва тарсҳои худро баён мекунад, аммо аз зиндагии ҷинсии худ ҳеҷ чиз намегӯяд.

Яке аз шеърҳои ӯ дар бораи худкушӣ бо паридан аз рӯйи пули Бруклин аст. Мунру дар ин шеър гуфта, ки ин пул зеботар аз он аст, ки одам худашро аз болои он парт кунад.

Маҳбубтарин ситораи Ҳоливуд

МЕРЛИН МУНРУ

МЕРЛИН МУНРУ

Мерлин Мунру аввали июни 1926 дар Лус-Анҷелес ба дунё омад. Номи аслии ӯ Нурмо Ҷейн Бейкер буд. Модари ӯ зане ошуфтаҳол буд ва натавонист аз духтари худ нигаҳдорӣ кунад. Мерлин Мунру дар ятимхона ва парваришгоҳ бузург шуд. Аз онҷо, ки андоми зебое дошт, аз соли 1944 ба унвони мудел барои ширкатҳои таблиғотӣ рӯбарӯи дурбини аккоси қарор гирифт. Хонум Мунру аз соли 1946 вориди синамо шуд ва аввалин қарордоди худро бо кумпонии “Фукси қарни бистум” имзо кард.

Дар филмҳои синамоӣ бо ироаи типи ошнои зани зебо ва сода то ҳадде ҳавасрон ба маҳбубияте сареъ даст ёфт. Дар соли 1959 ба хотири бозӣ дар филми “Баъзеҳо доғшу дӯст доранд” ба коргардонии Били Войлдер ҷоизаи “Гулден Глуб”-ро дарёфт кард. Мерлин Мунру дар соли 1960 дар авҷи шуҳрат ва маҳбубият буд, аммо аз назари ҷисмӣ ва руҳӣ башиддат нотавон шуда буд.

Ба хотири масрафи алкул ва маводди мухаддир кори синемоии ӯ бо вақфа ва беназмӣ ҳамроҳ шуд. Дар соли 1962 бунёди “Гулден Глуб”, Мерлин Мунруро ба унвони маҳбубтарин ҳунарпешаи ҷаҳони синемо муъаррифӣ кард. Дар панҷуми августи 1962 ҷасади Мерлин Мунру дар хонааш дар Колифурниё ёфт шуд. Гуфта шуд, ки марги ӯ бар асари ифрот дар масрафи қурси хоб будааст. То кунун равшан нашуда, ки ӯ ба иштибоҳ дар фурӯ додани қурси хоб ифрот карда ё қасди худкушӣ доштааст.

Шогирди “Актурз истудию”

Мерлин Мунру дар соли 1955 дар омӯзишгоҳи ҳунарпешагии “Актурз истудию” дар Ню-Йурк давраи ҳунарпешагӣ гузаронд. Лӣ Стросбург (1901 1982) аз соли 1948 мудири ин омӯзишгоҳи муътабар буд, ки бозигароне монанди Морлун Бронду, Пул Нюман, Ҷемз Дин, Достин Ҳофман ва Роберт Денируро барои Ҳоливуд парвариш дод. Омӯзишгоҳи ҳунарпешагии “Актурз истудию” бар пояи системи бозигарии Константин Станиславский, назарияпардози бузурги теотри рус, кор мекард.

Мерлин Мунру бо Ли Стросбург ва ҳамсари ӯ Оно дӯст шуд ва робитаи худро бо онҳо ҳифз кард. Ӯ дар марҳилаи поёнии зиндагӣ тамоми ёддоштҳои хусусии худро ба дасти Лӣ Стросбург супурд. Оно Стросбург дар соли 2008 дар утоқи кори ҳамсараш ду ҷаъба ёфт анбошта аз ёддоштҳои хусусии Мерлин Мунру. Навиштаҳои Мерлин Мунруро интишороти фаронсавии “Суй” дар қолиби як китоб мунташир кардааст. Ин китоб ҳамзамон дар бозорҳои Урупо ва Омрико низ арза мешавад.

Би-Би-Си

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s