ҚИЁМИДДИН ЧАҚАЛОВ: ХОНА НАХАР, ҲАМСОЯ БИХАР


КИЁМИДДИН ЧАКАЛОВ

КИЁМИДДИН ЧАКАЛОВ

— Воқеан, ҳамсояи бад дарди сар, сӯҳони умр ва дардест бедаво. Худо гӯед, ки шуморо ба ҳамсояи бад гирифтор накунад. Алалхусус дар шаҳр, ки мардум дар хонаҳои баландошёна дар як бино зич зиндагӣ ва аз як дари даромадгоҳ истифода мекунанд, нигоҳ доштани одоби ҳамсоядорӣ басо муҳим аст. Зеро дар баъзе оилаҳо бемор доранд, нафарони пиру барҷомонда ҳастанд, ки оромии эшонро халалдор кардан гуноҳи нобахшиданист. Аммо баъзе падару модарон на танҳо ба фарзандонашон одоби ҳамсоядориро намеомӯзонанд, балки худашон аз ин кӯча нагузаштаанд, барои дупула гап ғавғо бардошта, бо ҳамсояи худ ҳатто даст ба гиребон мешаванд.

— Устод, мо ҳамроҳи шумо чандин бор дар хусуси театр, ҳунари актёрӣ, ҳаҷв ва умуман санъат, ки шумо аҳли он ҳастед ва ба қавле мӯйи сиёҳро дар театр сафед кардед, сӯҳбат карда будем. Аммо ин дафъа мақсад аз омадани мо дигар мавзӯи дигар аст. Ҳафтавори мо тасмим гирифтааст, ки бо чеҳраҳои шинохтаи сиёсию фарҳангӣ, иқтисоддонҳо, адибон дар мавзӯъҳои сӯҳбат орояд.

— Хӯш… чӣ мавзӯъ будааст он.

— Ҳамсоя ва одоби ҳамсоядорӣ.

— Бисёр мавзӯъи муҳим, Лекин, ҷӯраи ҷон, ин мавзӯъ низ як ҷузъи санъат ва адабиёт аст. Ҳамсоядорӣ низ ҳунар аст гӯем, хато намекунем. Аз ин лиҳоз, шумо ба масъалаи муҳими рӯз даст задед. Дар адабиёти мо доир ба ин мавзӯъ бисёр навишта шудааст ва мардуми мо ҳаққи ҳамсояро ба ҳаққи худо баробар донистаанд. Дар ин хусус мақолҳои зиёди халқӣ аз қабили «Хона нахар, ҳамсоя бихар», «Аз хеши дур, ҳамсояи наздик пеш» ва ғайраҳо мавҷуданд, ки аз ҳурмату эътибори ҳамсоя ва ҳамсоядорӣ дарак медиҳанд.

— Ба қарибӣ доир ба одоби ҳамсоядорӣ дар телевизион як намоишномаи хурд намоиш доданд, ки шумо низ дар он нақш бозидаед.

— Нақши марди бад буд, ки шабона бо тақотақ истироҳати ҳамсояҳояшро халалдор месозад.

— Бале.

— Воқеан, ҳамсояи бад дарди сар, сӯҳони умр ва дардест бедаво. Худо гӯед, ки шуморо ба ҳамсояи бад гирифтор накунад. Алалхусус дар шаҳр, ки мардум дар хонаҳои баландошёна дар як бино зич зиндагӣ ва аз як дари даромадгоҳ истифода мекунанд, нигоҳ доштани одоби ҳамсоядорӣ басо муҳим аст. Зеро дар баъзе оилаҳо бемор доранд, нафарони пиру барҷомонда ҳастанд, ки оромии эшонро халалдор кардан гуноҳи нобахшиданист.

Аммо баъзе падару модарон на танҳо ба фарзандонашон одоби ҳамсоядориро намеомӯзонанд, балки худашон аз ин кӯча нагузаштаанд, барои дупула гап ғавғо бардошта, бо ҳамсояи худ ҳатто даст ба гиребон мешаванд. Фарзанд нахуст муомила кардан бо одамони дигарро аз ҳамсоядории волидайнаш меомӯзад. Зеҳни кӯдак тез аст, чизе ки мо дар кӯдакӣ мебинему мешунавем, то дер дар ёдамон нақш мебандад.

— То ҷое ки медонам, шумо асосан дар деҳа зиндагӣ мекунед, аммо дар шаҳр ҳам хона доред. Одоби ҳамсоядорӣ бештар дар куҷо риоя мешавад?

— Солҳои пеш мардум одоби шаҳрнишиниро, ки қоидаю қонунҳои худро дорад, риоя мекарданд. Аммо солҳои охир бисёр нафарон бинобар душвории иқтисодӣ аз деҳот ба шаҳр омаданд ва эшон аз маданияти шаҳрнишинӣ бехабаранд, баъзан дидаю дониста онро сарфи назар мекунанд, риоя кардан намехоҳанд. Дар деҳот вазъият дигар аст, мардум дар ҳавлиҳои алоҳида умр ба сар мебаранд, ҳар кас ба хоҷагии худаш овора аст. Баъдан, дар онҷо мардум ҳамсояи худро нағз мешиносанд, ба қавле, ҳафт пушташро медонанд. Бо вуҷуди ин дар он ҷо низ баъзан байни ҳамсояҳо муҷодала мешавад.

Солҳои пеш чунин андеша буд, ки деҳотиён маданиятро аз мардуми шаҳр меомӯзанд: тарзи рафтору гуфтор, фарҳанги ғизохӯрию либоспӯшӣ ва ғайраҳо дар байни шаҳриён баланд аст. Аммо, ба андешаи ман, шаҳриён низ дар ин масъала метавонанд аз деҳотиён бисёр чизҳоро биомӯзанд. Шахсан ман одоби ҳамсоядорӣ, ҳурмату эҳтироми ҳамсояро аз падарам омӯхтам. Қиблагоҳ воқеан ҳам, ҳаққи ҳамсоядориро дар дараҷаи баланд ба ҷо меоварданд. Агар гӯям, ки як пиёла чойро бе ҳамсоя нӯши ҷон намекарданд, хато намешавад. Ёд дорам, мо хурд будем, вақте таом тайёр мешуд, падарам мегуфтанд, ки бачем, рав ҳамсояро ҷеғ зан, ҳамроҳ таом хӯрем. Бисёр инсони аҷиб буданд падарам. Масалан, агар ягон одами ношинос аз кӯча гузарад, ба ҳавлӣ даъват карда, дастархон мекушоданд, зиёфат медоданду баъд мепурсиданд, ки кистӣ, аз куҷо меоӣ ва ҳоказо.

— Мардуми мо бисёр вақт барои масъалаи ночиз бо якдигар ҷанг мекунанд, байни моҷарои фарзандони хурдсоли якдигар даромада, баъзан солҳо бо ҳам ногап мешаванд. Шумо дар ҳамин гуна ҳолатҳо чӣ гуна мавқеъ мегиред?

— Шиори ман дар ҳамсоядорӣ чунин аст: ҳамсояи бадро ҳаволааш ба худо. Зеро бо одами бад, дую се карда гаштан кори марди оқил нест. Дар зиндагии мо низ баъзе ҳолатҳо мешавад, аммо ман тибқи ҳамон шиор амал мекунам, зеро агар мард ё зани ҳамсояро дар ҳамин синну сол фаҳмишаш ба ҳамин дараҷа расида бошад, дигар ба ӯ гап задан бефоида. Ҳар кас бояд худаш андеша кунад. Баъзе мардҳо ба гапи зан даромада бо ҳамсояи худ даст ба гиребон мешаванд, кор то суду милиса мерасад, ки ин ба шаъни мард намезебад. Ба андешаи ман қоидаи асосии ҳамсоядорӣ бояд чунин бошад: тарзе рафтор ва зиндагӣ бикун, ки зарарат ба ҳамсоя нарасад. Ман ба шумо як ривоят меорам.

Дар замонҳои қадим марди камбағале дар ҳамсоягии як нафари бадавлат зиндагӣ мекардааст. Он марди доро шабона дар ҳавлии худ машъал гирон мекардааст, ки аз равшании он ҳавлии камбағал низ чароғон мешудааст ва дар равшании он аҳли оилаи марди фақир дарз дӯхта, аз даромади он ризқу рӯзӣ ба даст меовардаанд. Рӯзе бузургворе аз он марди камбағал мепурсад, ки оё ту барои истифода аз рӯшноии машъал аз ҳамсоя иҷозат пурсидӣ. Марди камбағал посух медиҳад, ки не, зеро вай машъалро ҳар шаб худаш гирон мекунад. Бояд иҷозат пурсӣ, мегӯяд бузургвор, вагарна он ризқе ки ту аз пушти дарздӯзӣ ба даст меорӣ, ҳаром мешавад.

Бубинед, ки гузаштагони мо бо овардани ин ривоят ҳаққи ҳамсояро то кадом андоза боло донистаанд. Ба андешаи ман ҳамсоядорӣ маҷмӯи илмҳост, ки дар таркиби он ҳам сиёсат ҳаст, ҳам равоншиносист, ҳам тиб ҳаст, ҳам иқтисодиёт. Дар сиёсат низ ҳамсоядории байни давлатҳо аз ҳамсоядории одии одамон реша мегирад. Мо аз таърих нағз медонем, ки душмании давлатҳои ҳамсоя ба сари одамон чӣ гуна бадбахтиҳо оварда буд, боиси сар задании чандин ҷангҳои ҷаҳонӣ гардид. Хушбахтии ҳар як нафар инсон ва дар маҷмӯъ давлат аст, ки ҳамсояи хубу хайрхоҳ ва аҳли фаҳм дорад. Хулоса, ҳамсоя хоҳ дар шаҳру хоҳ дар деҳот ва ё кадом макон аст, агар хуб бошад, бо ӯ муомила кардан осон, дар паҳлӯи вай ҳаёт ба сар бурдан роҳати ҷон аст.

Устод, тасаввур бикунед, ки ҳамсояи шумо кори ғайриқонунӣ карду шумо онро дидед. Чӣ гуна рафтор мекунед?

— Ҳар инсон барои ҳар рафтори худ ҳатман ҷавоб медиҳад. Агар дар ин дунё ҷавоб надиҳад, ҳатман дар он дунё бояд посух бигӯяд. Баъд боз ҳамон гап, ки ҳамсояи хуб ҳаргиз кори бад намекунад, ҳамсояи бадро худо ҷазо медиҳад.

— Ташаккур барои сӯҳбат.

— Саломат бошед. Ман дар охир ба ҳамватанон гуфтаниям, ки аз одоби оиладорию ҳамсоясоядорӣ одоби ҷомеаи мо реша мегирад. Бояд мо ҳар субҳ аз дари хонаи худ бо чеҳраи кушода берун оем то аз он чеҳраи ҳамсояаамон низ равшан шавад. Баъд салом доданро фаромӯш накунем, зеро гуфтаанд (агар нагуфта бошанд, ман мегӯям), ки нафаре аввал салом медиҳад, навад фоиз савоб мегираду шахси алайк гирифта танҳо даҳ фоиз.

Сӯҳбаторо М. Равшан, «Чархи гардун»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s