МИРЗОВАТАН МИРОВ: ТЕАТРИ ТОҶИК БА ДАСТГИРИИ САРВАТМАНДОН НИЁЗ ДОРАД


Мирзоватан Миров

Мирзоватан Миров

Чанде қабл достони драмавии «Чашмони бародари қиёматӣ» (муаллифи намоишнома Н. Табаров) аз фестивали 10 -уми байналхалқии театрҳо, ки бо номи «Шери тиллоӣ» дар шаҳри Лвови Ҷумҳурии Украина баргузор гардид, бо дастовез баргашт. Ба ин муносибат хабарнигори «Чархи гардун» бо коргардони намоишнома, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Мирзоватан Миров сӯҳбат орост.

— «Чашмони бародари қиёматӣ» чӣ тавр пазироӣ гардид?

— Тамошобинони шаҳри Лвов достонро хуш пазируфтанд. Пас аз хатми намоиш роҳбарияти Фестивал таассуроти худро аз спектакл ба тамошобинон изҳор дошта, дар қатори дигар театрҳои иштирокдошта ҳайати эҷодии театри ҷавононро низ бо Дипломи даҳумин Фестивали байналхалқӣ ва рамзи Фестивал — «Шери тиллоӣ» сарфароз гардонданд.

— Ба фикри шумо, кадом хусусиятҳои ин намоишномаатон ба онҳо писанд омад?

— Мутахассисон ва мухлисони санъати театрӣ қайд намуданд, ки намоишномаи мо дар байни асарҳои театрҳои Аврупо бо хусусияти миллиаш фарқ мекард. Ҳарчанд, ки он дар асоси ҳикояи Стефан Свейг навишта шуда бошад ҳам, аммо мазмуну мундариҷааш шарқӣ аст. Махсусан, забони шевои дарӣ — тоҷикӣ, сару либос, муносибату муоширати шарқиёна, расму русуми тоҷикӣ ба тамошобинон писанд омад. Мавзӯи интихобкардаи театр, яъне маҳкум кардани куштор, хизмат ба ҷомеа, дурӣ ҷустан аз гуноҳ, тарғиби адолат ва ростӣ мавзӯҳои умумибашарианд ва шояд аз ҳамин ҷиҳат ҳам ба онҳо ин асари пешниҳодкардаи мо хуш омад.

— Мардуми украин дар бораи мо — тоҷикон, чӣ таассуроте доранд? Шояд дар вақти тафреҳ гуфтугӯҳои гуногунмавзӯъ ҳам сурат гирифт?

— Албатта, табиист, ки тӯли сафари эҷодӣ аз рӯзгори сокинони ватанамон, вазъи сиёсию фарҳангии Тоҷикистон аз мо пурсон мешуданд. Қатъи назар аз бисёр нобасомониҳо барои нигаҳдошти мактаби театрӣ дар Тоҷикистон ва ширкат варзидан дар бонуфузтарин фестивалҳои байналхалқӣ изҳори қаноатмандӣ менамуданд.

— Ғайр аз театри шумо боз аз кадом давлатҳо дар Фестивал ҳунарнамоӣ карданд?

— Дар ин Фестивал театрҳо аз давлатҳои Полша, Русия, Украина, Молдова, Австрия, ИМА, Шотландия даъват шуда буданд. Боиси тааҷҷуби мо он буд, ки тақрибан ҳаштод фоизи тамошобинро ҷавонон ташкил медоданд. Риояи ҳама гуна тартибу интизом ва одоби баланди онҳо моро мафтун намуд. Танҳо дар худи маркази шаҳри Лвов 8 театри хурду калон кору фаъолият дорад.

Намуди зоҳирӣ ва дохилии театрҳо хеле ҳам фарсуда ва таъмирнадидаанд. Дар қиёс бо театрҳои мо тоза ва зебо нестанд, аммо техникаи саҳна, алалхусус, чароғҳои он, ки барои барориши намоишномаҳо хеле муҳиманд, имкон медиҳад, ки муаллифон ҳамагуна нақшаҳояшонро амалӣ созанд ва саҳнаро мувофиқи ҳолатҳои андешидаи муаллиф ва коргардон ороиш бидиҳанд.

— Маълум, ки ҳар сафар новобаста ба хусусияташ мушкилоту сарсониҳои худро низ дорад. Оё шумо ба ҳамин масоил зимни сафаратон рӯ ба рӯ гардидед?

— Ҳарчанд вақти рафтуомад мушкилиҳои зиёде пеш омада буданд, аммо мо аз ин сафар қаноатманд баргаштем. Бояд арз шавад, ки ҳамаи театрҳои дар ин Фестивал иштирокдоштаро ширкатҳои калонтарини давлатҳояшон аз ба саҳна гузоштани спектакл то иштирокашон дар ин ҷашнвора маблағгузорӣ кардаанд. Аз фурсат истифода бурда, мехостам ба сарватмандони тоҷик, ки ширкатҳои гуногунро роҳбаранд, бо дархосте муроҷиат намоям, ки дар кори дастгирии фарҳангиён, варзишгарон ва алалхусус, театри тоҷик кӯмаки молии худро дарғ надоранд, барои он ки баҳри муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ин кори бениҳоят зарур ва муҳим аст.

Мехостам аз номи коллективи эҷодии театр барои дастгирии беғаразонаашон ба роҳбарияти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» изҳори сипос намоям. Ин дастгирӣ ҳайати эҷодии моро вазифадор менамояд, ки дар оянда низ бо намоишномаҳои баландмазмун хотири ҳаводорони санъати театриро шод гардонем.

Сӯҳбаторо:Ҳотами Ҳомид, «Чархи гардун»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s