ПИРӮЗИИ ГУРЗАНДОЗИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚОТИ БОЗИҲОИ XVI-УМИ ОСИЁ


Дилшод Назаров

Дилшод Назаров

Дар Бозиҳои XVI-уми Осиё дар шаҳри Гуанҷоуи Чин варзишгари Тоҷик Дилшод Назаров нахустин медали тило барои дастаиТоҷикистонро соҳиб шуд. Дар мусобиқоти ниҳоӣ оид ба гурзандозӣ намояндаи Тоҷикистон гурзро ба масофаи 76 метру 44 сантиметр ҳаво дода, мақоми аввалро ишғол намуд. Гурзандози дигари тоҷик Алишер Эшбеков бо нишондиҳандаи 57 метру 57 сантиметр ба гирифтани мақоми 10-ум мушарраф шуд. Қобили зикр аст, ки ҳанӯз пеш аз оғози мусобиқоти мазкур тоҷикистониён маҳз аз Дилшод Назаров ғалабаро интизорӣ доштанд ва боиси ифтихор аст, ки ӯ умедҳои ҳамватанони худро ҷомаи амал пӯшонид.

Ҳамин тариқ, айни замон дар ҳисоби умумидаставӣ Тоҷикистон соҳиби як медали тило ва як медали биринҷӣ буда, миёни 32 кишвари ширкаткунанда дар мусобиқоти мазкур дар мақоми 20-ум қарор дорад. Медали биринҷии Тоҷикистон ба варзишгари маъруфи тоҷик – дзюдочӣ Расул Боқиев тааллуқ дорад.

Дилшод Назаров

Дилшод Назаров

Pressatj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s