ҶӮРАБЕК МУРОДОВ: «МАН БО САДДОМ ҲУСЕЙН ВОХӮРДА БУДАМ»


Джурабек Муродов

Джурабек Муродов

Ҷӯрабек Муродов ҳоло 68-сола аст. Фарзанди 10 -ум дар оила будааст. Худаш соҳиби 4 фарзанд мебошад. 29 сол дар саҳнаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Ҳоло Ҷӯрабек Муродов роҳбарии ансамбли «Шашмақом» дар шаҳри Хуҷандро бар дӯш дорад. Дар тӯли фаъолияташ беш аз 2 ҳазор суруд хондааст, ки 450-тои онро худаш ба оҳанг даровардааст. Соли 1979 унвони Артисти халқии Итттиҳоди Шӯравиро гирифта буд. Устод Ҷӯрабек Муродов дирӯзу имрӯз мухлисони бешумори худро дошту дорад. То кунун овози ӯ дар фазои санъати тоҷик танинандоз аст ва шавқмандони зиёди эҷодиёташ дар ҳамаи толорҳои консертӣ ба по хеста, ба ҳунари ӯ чапакзанӣ мекунанд.

Тавре ки худаш мегӯяд, шавқу завқи ӯ ба санъат ва овозхонӣ аз синни хурдӣ оғоз гардида буд, дар маҳфилҳои мактабӣ ва тӯйҳои мардумӣ иштирок карда, сурудхонӣ мекард. Азбаски Ҷӯрабек Муродов дар яке аз рустоҳои дурдасти кишвар-деҳаи Куруди Фалғар ба камол расидааст, зимистон барои ҳезум ба кӯҳ мерафт. Дар роҳ бо овози баланд сурудхонӣ мекард.

Падараш — Муродбек низ истеъдоди нодири навохтани асбобҳои мусиқӣ ва саройидани сурудҳои мардумиро дошт ва ҳар замон инро ба фарзандаш — Ҷӯрабеки хурдсол меомӯзонд. ӯ мегӯяд: «Падар маро тарзи навохтани дурусти асбобҳои мусиқӣ ва суруданро меомӯзонд. Ман дар давраи вазнин, яъне соли 1942, ки ҶБВ идома дошт, ба дунё омадам. Дар ин марҳилаи вазнин як бародар ва як хоҳарам дунёро падруд гуфтанд. Дар вақти ба дунё омадани ман модарам 48-сола будаанд».


— Дар хотири ман вохӯрӣ бо Саддом Ҳусейн боқӣ мондааст. Вақте ки ҳини сафар ба Ироқ бо ӯ шинос шудам, ҳоло президент набуд. Аммо, шахси дуюм дар ҳукумати Ироқ ба шумор мерафт. Ман дар чеҳраи ӯ шахси зираку доно ва қобилияти идоракунии давлатро медидам.

Аммо хотироти аз ҳама ширинам ин аст, ки соли 1957 дар шаҳри Хуҷанд (он замон Ленинобод мегуфтанд) озмуни сурудхонони беҳтарин доир гардид, ки дар он ҷо иштирок карда, Ифтихорномаи Вазорати фарҳангро гирифтам. Инро ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонам, -мегӯяд устод Ҷӯрабек.

Он замон сурудҳои саройидаи ӯ «Соҳибҷамолон», «Ту гул не», « Моҳи тобон», «Зулайхо» ва монанди ин ҷавононро ба шӯр меандохт. Ин сурудҳо дар дили мардум тез роҳ ёфта, такрор ба такрор дар тӯйю сур саройида мешуданд.

— Рақиби асосии ман дар вақташ Зафар Нозимов буд. ӯ сарояндаест, ки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон барномаҳои консертӣ доир менамуд ва байни мардум маҳбубияти хосса дорад. Ман ба ҳунари ӯ эҳтиром дорам. Барои ман бо ӯ рақобат кардан хеле писанд буд.

Имрӯзҳо бештар барои доир намудани консертҳо ба Исроил ва ИМА меравам. Зеро дар ин давлатҳо муҳоҷирон аз Самарқанду Бухоро ва Тоҷикистон зиёданд, ки дар байни онҳо дӯстони ман низ ҳастанд. Онҳо сари чанд вақт маро ба меҳмонӣ даъват мекунанд,- мегӯяд ӯ.

Танҳо як писари сароянда Ҷонибеки Мурод ба роҳи санъат рафтааст, аммо таваҷҷӯҳи ӯро бештар эстрада ба худ ҷалб кардааст.

-Сурудҳои якҷояи Ҷонибеку Шабнами Сурайё бештар ба ман писанд аст,- мегӯяд Чӯрабек Муродов.

Таҳияи, Усмон РАҲИМЗОДА, pressatj

Реклама

One comment on “ҶӮРАБЕК МУРОДОВ: «МАН БО САДДОМ ҲУСЕЙН ВОХӮРДА БУДАМ»

  1. Хоҳиш доремки дар бораи ижоди устод бисёртар
    маълумот эълон карда шавад.Булбули ширинзабаон
    Жўрабек Муродов сиҳати муқум аз парвардигор мепурсем… бо эҳтиром Ҳабибулло. Самарқанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s