САМӢ ЮСУФ: МАРГ МАРО ТАҲДИД МЕКАРД…


САМИ ЮСУФ

САМИ ЮСУФ

Сомонаи интернетии «ИСЛАМ.RU» перомуни ҳаёти шахсии Самӣ Юсуф матлаберо нашр кардаанд, ки дар он омадааст: «Имрӯз ман ба монанди ойна ҳастам, ки мусалмонони ғарбу шарқ метавонанд якдигарро бубинанд.» — мегӯяд Самӣ Юсуф. Номи аслияш Стивен Георгий буд. Ӯ дар шаҳри Лондон ва дар мактаби католикӣ таҳсил мекард. Роҳи санъатро пешаи худ гузошта, мактаби санъатро хатм намуд ва ба сароидани рок — мусиқӣ рӯ овард. Пас аз шӯҳратманд шудан Самӣ Юсуф ба худ тахаллуси Кет Стивенро монд, вале ин намуди сароидан ӯро қонеъ накард, вай дар соҳаи санъат обрӯву мавқеи баландро мехост. Дар ин муддат ӯ ба касалии сил гирифтор мешавад. Аз ҳамин рӯз оғоз шуд лаҳзаи муҳимтарини зиндагонии Самӣ Юсуф.

«Ман рӯ ба рӯи марг қарор доштам ва ҳар соат ба худ савол медодам, ки чаро мо дар заминем ва чӣ вазифа дорем? Ман ҳамоно фикр мекардам, ки набояд мо ҷисман худро обу тоб бидиҳем, балки аз будани ҷон ҳам воқиф бошем ва талош кунем, ки ҷон ва рӯҳе, ки дар мо ҳаст, онро нигоҳ дорем. Ин нахустин ҷустуҷӯҳои ман буд дар бораи зиндагӣ ва ҳаёт». – иброз дошт Самӣ. Аз ҳамин рӯз иборатан ӯ дар сурудҳои худ номи Худоро ҷой дод. Гардиши дигаре, ки бо ӯ рух дод, дар соҳили Калифорния буд.

«Ман ҳамон рӯз дар наздикии баҳр гашту гузор мекардам. Ногаҳ як шасти об ба ҷонибам омада, маро бо худаш бурд. Дар байни баҳр ба хотири раҳоӣ аз марг кӯшиш мекардам, вале ҳолам дақиқа ба дақиқа бад мешуд. Касе ба кӯмакам наомад, танҳо аз Худованд наҷот хостам. Дар ҳамин ҳол гуфтам: «Ё Аллоҳ, агар дар ҳоли ҳозир Ту ҳамроҳи ман бошӣ, пас аз ин вазъият раҳоям намо. Баъди ба забон овардани ин суханон шиддат ва мавҷи баҳр ором мешавад ва чӣ гуна аз баҳр берун шудам, худам намедонам, вале медонам, ки мадади Оллоҳ буд».


Аз ҳамон лаҳза дарк кардам, ки Худованд ҳамеша нигаҳбони мост. Самӣ дар албоми навбатияш, ки соли 1979 дастраси мардум гардид, матнҳоеро интихоб намуд, ки саропо исломро тарғибу ташфиқ мекарданд. Аз ҳамин сол ӯ мактаби исломии Лондонро хонда, пас аз хатми он ба худ номи Самӣ Юсуфро гузошт ва дини мубини Исломро қабул намуд. Ӯ дар ҷомеаи сиёсии исломии Бритониёи Кабир нақши муҳим мебозад. Талош мекард, ки бештар аз дини ислом хабардор бошад ва дар сароидани сурудҳои исломӣ саҳв накунад.

Соли 1995 албоми ӯ бо номи «Охирон паёмбар», соли 1999 «Намози паёмбар» ва соли 2000 – ум бошад, ҷамъи сурудҳояш бо унвони «Оллоҳ» пешкаши мардум гардиданд. Солҳои охир сароянда бо нақшаҳои нав ба студияҳои сабти овоз рафта, бештар дар васфи фавтидагони Ироқ суруд мехонд. Ӯ соҳиби ҳамсар ва тифлаки дӯстрӯ мебошад ва ният дорад, ки соли оянда чанд албоми нави худро пешкаши мардум гардонад.

Руқияи Боймуҳаммад, «Зан ва мард»

Реклама

2 comments on “САМӢ ЮСУФ: МАРГ МАРО ТАҲДИД МЕКАРД…

  1. Barodaro khatto kardaed soli 1968 Sami Yusuf hanuz tavallkud nashuda bud.Na katolik budu na Georgiy.
    Shumo agar hamin guna malumoti durug navised vay ba holi mardumi besavod//////Shumo Kate Stivesn nomi digar Yusuf iSLAMRO BO IN JAVON pereputat kardagi!!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s