ПРИЯНКА ЧОПРА ШАВҲАРИ РУС ДОРАД?


ПРИЯНКА ЧОПРА

ПРИЯНКА ЧОПРА

Дар лоиҳаи навбатии коргардон Вишал Бхардвадҷ, ки «Семь мужей/ Saat Khoon Maaf» ном дорад, Приянка иҷрои нақши марказиро ба дӯш дорад. Аз рӯйи сужа Приянка аввал бояд нақши духтари бист сола, пасон зани шастсоларо бозад. Дар филм бону ҳафт шавҳар дорад. Насриддин-шоҳ дар филм шавҳари калонӣ ва Нил Нитиш Мукеш нақши шавҳари аз ҳама хурдиро иҷро мекунад. Нақши панҷ шавҳари боқимондаро Ҷон Абраҳам, Ирфон Хон, Виван Шоҳ, Анну Капур ва Александр Дяченко ба ӯҳда доранд. Иштироки ҳунарманди рус дар филми ҳиндӣ барои лентаи хабарӣ ҳангомаи тайёр шудааст. Пештар актёрони рус дар филмҳои ҳиндӣ танҳо дар лаҳзаҳо, ба монанди балерина Ксения Рябинкина дар ду филми оилавии Капурҳо «Мое имя клоун», «Чинту-джи» ва Армен бо Салмон Хон дар филми ҷангии «Вир» иштирок менамуданд.

Александр Дяченко, ки ба мо тариқи филмҳои «Брат-2», «Две сестры» ва барномаи «Ледниковый период» ошно буд, бори аввал нақши комилро дар Болливуд мегирад. Ҳунарпеша мегӯяд, ки аз ҳамаи шавҳарони телевизионии худ пештар танҳо бо Ҷон Абраҳам ҳамкорӣ кардаасту халос.

ҶЕРАРД БАТЛЕР БО ПРИЯНКА ЧОПРА МУНОСИБАТҲОИ ОШИҚОНА ДОРАД?

ПРИЯНКА ЧОПРА

ПРИЯНКА ЧОПРА

Хабари як маротиба сайругашт кардан бо Кэмерон Диаз дар саҳифаҳои гуногуни рӯзномаҳо пайдо шуд. Рӯзноманигорон иштибоҳан робитаи онҳоро ба муносибатҳои ошиқона нисбат доданд. Инчунин дар мавриди бо Ҷенифер Энистон, Шанна Моаклер ва ҳунарпешаи ҳинд Приянка Чопра муносибатҳои ошиқона доштани Батлер ҳангомаҳо зиёд буданд.

Ҷерард Батлер 13-уми ноябри соли 1969 дар шаҳри Глазгоуи Шотландия таваллуд шудааст. Пас аз як моҳи ба дунё омадани ӯ волидонаш ба Канада кӯчида, кӯшиши кушодани тиҷорати шахсии худро намуданд. Вале ҳанӯз нақшаи худро амалӣ накарда, онҳо ҷудо шуданд. Модар кӯдаконро ҳамроҳ ба ватани худ – Шотландия бурда, бори дуюм оила барпо кард. Дар шаҳраки Пейсли ҳунарманди машҳури оянда бо бародарону хоҳаронаш зери таъсири урфу одатҳои католикӣ ба воя расид. Ҷерард падарашро ҳангоми чор ва шонздаҳсола буданаш дидаасту халос. Падару писар барои нигоҳ доштани муносибатҳои мунтазам ҳаракат накардаанд. Хонаи Ҷерардино дар наздикии кинотеатри маҳаллӣ буд ва ӯ бо модараш зуд-зуд ба он ҷо мерафт.

Ҳамин тариқ, муҳаббати нақшофарӣ дар дили кӯчаки ӯ зиёд мешуд ва Ҷерард дар чорабиниҳои фарҳангии мактабӣ фаъолона иштирок мекард. Аммо пас аз хатми мактаб ӯ таҳсилро дар донишгоҳи шаҳри Глазгоу, дар факултети ҳуқуқшиносӣ идома бахшид. Ҳангоми иштирок дар курси такмили ихтисос Батлер филми «На игле»-ро тамошо карда, дарк намуд, ки дар интихоби касб хато кардааст. Барои ҳамин, аризаи аз корравиро навишта, бо мақсади амалӣ сохтани орзуни дерина ба Лондон омад. Пас аз кӯшиши зиёди рӯйи саҳна омадан ӯ бо ҳунарманд Стивен Беркофф шинос шуд. Кори аввалини Батлер дар филми «Миссис Браун» соли 1997 дар экрани телевизион пайдо шуд. Ҳангоми наворбардории филм воқеае ба амал омад, ки ӯро дар зиндагии реалӣ ҳамчун қаҳрамон муаррифӣ намуд. Ҳангоми истироҳат бо модараш дар лаби дарё ӯ садои фарёдро шунид.

Ҷерард беягон дудилагӣ ба об даромада, ҷавонро наҷот дод. Барои ҷуръаташ «Ҷамъияти шоҳигарии инсон» ӯро бо «Медал барои мардонагӣ» мукофотонид. Вале Бартен хоксорӣ намуда мегӯяд, ки ба ҷойи ӯ дигар кас ҳам мебуд, чунин рафтор мекард. Бо вуҷуди маъруфият ҳаёти шахсии Батлер пӯшидааст. ӯ маротибае зери танқиди суратгирии бемавриди журналистон, ки ҳамеша аз паяш дар майдони наворбардорӣ барои чизеро донистан мегаштанд, қарор нагирифтааст. Вале хабари як маротиба сайругашт кардан бо Кэмерон Диаз дар саҳифаҳои гуногуни рӯзномаҳо пайдо шуд.

Рӯзноманигорон иштибоҳан робитаи онҳоро ба муносибатҳои ошиқона нисбат доданд. Инчунин дар мавриди бо Ҷенифер Энистон, Шанна Моаклер ва ҳунарпешаи ҳинд Приянка Чопра муносибатҳои ошиқона доштани Батлер овозаҳо зиёд буданд. Яке аз сарчашмаҳои бритонӣ ишора бар он дорад, ки Ҷерард ва Чопра дар маросими кушодашавии меҳмонхонае дар Дубай шинос шуда, то имрӯз робитаашон қатъ нашудааст. Аз рӯйи маълумотҳо зангҳои телефонӣ ва смс-ҳои онҳо беҳисоб аст. Вале муносибати ҳақиқии ошиқонаи ӯро ҳолдонҳо ба собиқ ёрдамчиаш Тоня нисбат медиҳанд. Муносибати онҳо тӯли ду сол идома ёфтааст.

Солҳои зиёдест, ки актёр ба даҳонаш нӯшокиҳои спиртиро намегирад. Ӯ дӯстдори кофе ва кока-кола аст. Ҳунарманд аз ҳисоби нақшофариҳояш маблаѓи калон ба даст оварда, мисли дигар ҳамкасбонаш ба бемории ситора гирифтор шудааст. Вале дар ҳамин ҳолат ҳам бо мухлисонаш муомилаи эҳтиёткоронаро аз даст намедиҳад. Ҳатто агар ҳаводоронаш дар наздаш аз сад нафар зиёд бошанд ҳам, ӯ омода аст, бо ҳар яки онҳо барои хотира акс бардошта, имзо диҳад.

manu-tu

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s