Нигина Амонқулова: МАН ОДАМИ МАХФӢ НЕСТАМ


Нигина Амонқулова

Нигина Амонқулова

Нигина Амонқуловаро ҳоҷат ба муаррифӣ кардан нест. Ўро ҳамагон чун сарояндаи хушсимову хушовоз дар ҷодаи санъат мешиносанд. Нигина сурудҳои мардумиро хуб месарояд ва ба андешаи аксарият мухлисонаш сабаби ин қадар ба зудӣ маъруфият пайдо намуданаш низ ҳамин аст. Басо рамзист, ки меҳмони аввалини «Муҳаббат ва Оила» дар соли нави 2011-ум маҳз ҳамин бонуи зебою хушовоз аст. Ҳарчанд, Нигинабону ба матбуоти даврӣ хушназар асту сўҳбатҳояш ҳар сари чанд вақт дар нашрияҳои гуногун чоп мешаванд, вале шояд меҳру ихлоси беандозаи мухлисонаш бошад, ки дар бораи ў ҳарчӣ бештару бештар донистан мехоҳанд. Аз ҷумла, ин сўҳбати мо низ бо хоҳишу дархости ихлосмандонаш сурат гирифт, ки алҳол муҳтавояшро пешкашатон менамоем.

-Нигинабону, аввалан Соли Нави мелодро бароятон муборакбод мегўем. Баъдан, донистан мехостем, ки Шумо ин солро бо чӣ гуна нақшаю ниятҳо оѓоз намудеду дар рўзҳои аввалини он ба чӣ корҳо банд ҳастед?

-Ташаккур! Соли нави шумоёну тамоми ҳамватнони азизам низ муборак бошад. Албатта ин ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳар инсон дар арафаи Соли Нав дар кадом вазъи моддию маънавӣ набошад, онро бо орзу ва нақшаю ниятҳои нек мехоҳад оѓоз намояд. Банда низ чун тамоми инсонҳои некзамири сайёраамон орзу дорам, ки соли нав соли бафайзу пурбаракат шавад, мардум ҳамеша табъу рўҳи болида дошта бошанд ва ҳар нақшаю нияти неке, ки дар дил мепарваранд, ҷомаи амал пўшад. Ман рўзҳои аввалини соли навро албатта дар ҳалқаи аҳли оила гузаронида истодам, пайваста ба корҳои эҷодӣ машѓулам, кўшиш ба харҷ медиҳам, ки чизи наве пайдо кунаму пешкаши мухлисон гардонам. Фориѓ аз эҷод машѓули кору бори хона низ ҳастам.

-Мухлисон ба ҳусни шумо, сару либоси шумо аҳамияти зиёд медиҳанд ва табиист, ки баъзеашон асрори зебогии шуморо донистан мехоҳанд.

-Зебогии ман ягон асроре надорад. Ман табиатан ҳамин хел ҳусну ҷамол дорам. Чӣ хеле ки аз модар ба дунё омадаам, ҳамин хел ҳастам.

-Шумо дар хона бештар бо кадом кор машѓул мешавед?

-Чун кадбонуи хонадон ба ҳама кору бори хона машѓул мешавам. Ҳунари тарроҳӣ низ дорам, бо ҳунари дўзандагӣ низ ҷиддӣ машѓул мешавам.

-Либосҳое, ки ба бар мекунед, худатон тарроҳӣ мекардагистед?

-Бале, чунин аст.

-Аз маслиҳати дигар тарроҳон истифода мекунед?

-Бале, аз маслиҳати тарроҳони моҳир истифода мебарам ва баъзеашон дар дўхтани либосҳоям ба ман кўмак мекунанд.

-Барои шумо ҳамчун зан вам одари ҷавон дар саҳна ҳунарнамоӣ кардану ҳамзамон ба кору бори хона ва тарбияи фарзанд машѓул шудан мушкил нест?

Нигина Амонқулова

Нигина Амонқулова

-Албатта мушкил аст барои зан, ҳам дар саҳна будану ҳам ба оиладорию тарбияи фарзанд банд будан. Лекин хуб гуфтаанд, ки бе мушкилӣ чизе ба даст намеояд. Ҳар чизе осон ба даст ояд, он дастовард нест, балки як чизи муваққатист. Алҳол ман ин мушкилиҳоро пушти сар карда истодам. Чун фарзандам алҳол хурдсол аст, дар тарбияаш душворие намекашам. Аммо агар дар оянда фарзандам ба тарбияи модар ниёзи бештаре пайдо кунад, ман ҷиддан ба ин кор машѓул мешавам.

-Аз саҳна дур мешавед?

-Шояд. Ман барои фарзандам ҳеҷ чизро дареѓ намедорам.

-Дар оянда мехоҳед фарзандатон идомадиҳандаи касби модар шавад?

-Не, рости гап намехоҳам.

-Барои чӣ?

-Ба фикри ман, барои мардҳо низ дар саҳна овозхонӣ мушкил аст. Ҳарчанд, ҳама касбу кор мушкилӣ доранд, вале манн фикр мекунам, ки ин мушкилӣ дар олами санъат сангинтар аст. Аз ин рў, намехоҳам писарам ба мушкилиҳои санъат рў ба рў шавад.

-Шумо кадом хўрокро хуб мепазед ва онро дўст медоред?

-Ман аз сабаби он, ки вақти зиёд надорам, бештар хўрокҳоеро мепазам, ки онҳо зуд тайёр мешаванд. Лекин оши палави панҷакентиро наѓз мепазам ва онро дўст ҳам медорам.

-Ба андешаи шумо кадбонуи хона чӣ гуна бояд бошад?

-Кадбонуи хона бояд аз ўҳдаи ҳамаи корҳои хона барояд, ҳамаи хўрокҳо, хўришҳо, кулчақандҳоро пухта тавонад ва аз ўҳдаи тарбияи фарзанд низ баромада тавонад.

-То ҷое огоҳӣ дорем, сафари хориҷа низ кардаед?

-Бале, вале на он қадар зиёд.

-Ба кадом давлатҳо сафар кардаед ва аз онҳо бештар кадомаш ба шумо писанд омадааст?

-Ман ба давлатҳои Арабистони Саудӣ, Фаронса, Русия, Белоруссия, Ўзбекистон ва Чин сафари ҳунарӣ кардаам. Махсусан, сафари кишвари Фаронса бароям хеле хотирмон буд. Он ҷо ба ман шаҳри Париж бисёр хуш омад. Умуман аз ин сафар хотираҳои зиёде боқӣ мондааст.

-Масалан?

-Масалан, манораи «Эйфел», ки ба шумори 7 мўъҷизаи олам дохил мешавад. Бо ҳамроҳии ҳамсафаронам мо дар он будем. Аз баландии ин манора шаҳри бузурги Париж чун кафи даст намоён аст. Кўчаҳои ин шаҳри қадима ҳам хеле зебою оростаанд…

-Дар сафарҳои хориҷа ба мамолике, ки забонашнро намедонед, шояд монеаҳо пеш меомаданд?

-Монеаҳо пеш меомаданд. Аммо шахсан худи манн, ки кам-кам забони англисиро медонам, зуд монеаҳоро пушти сар мекардем. Бо забони англисӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, фурўшгоҳу фурудгоҳҳо муошират мекардам.

-Дар солҳои мактабхонӣ боре фикр мекардед, ки рўзе мешаваду Шумо ин қадар шунаванда пайдо мекунед?

-Не, ростӣ ин фикрҳо умуман дар сари ман ҷой надоштанд. Ман дар он солҳо як духтари хонагӣ будам ва фақат ба кору бори хона ва дўзандагӣ машѓул мешудам. Фикри сароянда шуданро надоштам.

-Барои санъаткор шудани Шумо кӣ бештар кўмак расондааст ва аз кӣ миннатдор ҳастед?

-Барои санъаткор шуданам аввал аз Худованд шукргузор ҳастам, баъдан падару модарам ба ман кўмаки зиёд кардаанд ва миннатдории худро ба онҳо иброз мекунам.

ӣ хел падаратон кўмак намудаанд, ки дар як сўҳбататон Шумо гуфтед, ки барои санъаткор шуданатон падаратон розӣ набудаанд?

-Бале, дар аввал он касс розӣ набуданд. Шояд мушкилоти олами санъатро медонистанду розӣ намешуданд. Вале баъдтар фаҳмиданд, ки ман истеъдоди хуб дорам, дигар садди роҳи санъаткории ман нашуданду кўмак карданд.

-Мегўянд, ки Нигина ҳар сари чанд вақт мошинашро иваз мекунад. Чӣ, Шумо ба тиҷорати мошин ҳам машѓулед?

-Не, ман куҷою тиҷорати мошин куҷо! Ман нав як автомобил гирифтаам, ки дар мавриди зарурат мушкиламро осон мекунад.

-Тамѓаи мошинатон чист- «Мерс», «Кемри»…?

-Ин махфист (механдад).

-Ба тўю маъракаҳои мардум зиёд меравед?

-Бале, ба ҳамон маъракае, ки Худованд насиб кунад, меравам. Қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ будам. Мо дар хизмати мухлисон ҳастем.

-Дар тўйҳо мухлисон бештар кадом сурудатонро батакрор шунидан мехоҳанд?

-Бештар сурудҳои «Ёри манӣ, баргард», «Дар лаби обе»-ро хоҳиш мекунанд, ки бихонам ва ман ҳам хоҳиши онҳоро ба ҷо меорам.

-Нигинабону, чӣ асроратонро бештар махфӣ нигоҳ медоред?

-Ман ягон асрорамро махфӣ нигоҳ намедорам. Ман он қадар одами махфӣ нестам (механдад).

-Он чизе, ки дўсташ намедоред, чӣ мебошад?

-Такабурро дўст намедорам, дурўѓгўйро дўст намедорам.

-Дар соли 2011 чӣ нақшаҳо доред?

-Нақшаи албоми навамро бо сурудҳои нав, бо клипҳои нав пешкаши мухлисон гардонидан дорам.

-Клипҳоятон дар куҷо сабт мешаванд?

-Дар ватан клипҳоямро сабт мекунам, дар Душанбе ва Хуҷанд. Бояд гўям, ки ба фикри ман он манзараҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, дар ягон ҷои ҷаҳон нестанд. Зебо, боду ҳавои тоза, боз чӣ даркор?

-Консерти алоҳидаи худро кай пешкаши мухлисон мегардонед?

-Чунин ниятро дорам, вале аниқ гуфта наметавонам, ки кай баргузор мегардонам.

-Таманнои шумо ба мухлисон.

-Таманнои ман ба мухлисон тани сиҳат, хонаи обод мебошад ва мехоҳам мухлисон бештар сурудҳои пурмазмунро гўш кунанд, дўстдори арзишҳои миллии худ бошанд.

-Саломат бошед!

«Муҳаббат ва Оила»

Реклама

One comment on “Нигина Амонқулова: МАН ОДАМИ МАХФӢ НЕСТАМ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s