СЎҲРОБ МАРГАШРО ПЕШГЎӢ КАРДА БУД?


Сўҳроби САФАРЗОД

Сўҳроби САФАРЗОД

Андешаҳои сароянда Сарвинози Юсуфро дар бораи марҳум Сўҳроби Сафарзод шунидаму баандеша фурў рафтам. Дар рўзи марги Сўҳроб Сарвиноз аз ў чунин ёдоварӣ намуд: Мо ҳамроҳи Сўҳроб рўзи 27-уми ноябр баҳри табрик ба зодрўзи сароянда Моҳира Тоҳирӣ рафтем. Сўҳроб бо ҳамагон гарм ҳолпурсӣ намуд, сўҳбати хуше дошт. Ногоҳ Сўҳроб ба замзамаи суруди машҳўри Муин, ки мисраи нақоратиаш «Куфр агар набошад, ман аз Худо гузаштам» мебошад, оғоз намуд.

Ҳамагон ҳушу гўш шуда, ба садои ширадори Сўҳроб нишастем. Аммо Сўҳроб ҳамин мисраи нақоратиро дигар хел хонд: «Куфр агар набошад, ман аз дунё гузаштам». Ҳамин тавр, ў баъди ҳар чор мисраъ «… ман аз дунё гузаштам»,- гўён такрор намуд, ҳол он, ки вай шакли аслии онро хеле хуб медонист.

Мо фурсат наёфтем, ки сабаби дигар кардани ин мисраро аз ў бипурсем. Зеро Сўҳроб баъди анҷоми суруд зуд баромада рафт ва дигар наомад…

Қаблан шодравон Кароматуллоҳи Қурбон низ чанд вақт пеш аз маргаш суруди «Хайрбод»-ро суруда буд.

Аҷиб аст зиндагӣ, ёрон,

Дар ин дунёи пурармон.

Даме, ки пур шавад паймон,

Касе мурдан намехоҳад.


Ин мисраҳоро бошад, қабл аз маргаш сарояндаи зиндаёд, яке аз асосгузорони ансамбли «Анис» Зулфиқори Азиз суруда буд.

Аҳмад Зоҳир таронаи «Марги ман рўзе фаро хоҳад расид», Дустмурод Алиев «Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ», Тоҷиддин Муҳиддинов «Баъди ман гиряи беҳуда макун»-ро суруда буданд, ки гўё пайғоме аз маргашон аст. Аҳли эҷоду ҳунар, бахусус санъаткорон дили ҳассосу нозуке доранд ва шояд қаблан ғуруби умри хешро эҳсос менамоянд? Кӣ медонад, шояд Сўҳроби Сафарзод низ медонист, ки баҳори умраш рў ба хазон овардааст?

«Муҳаббат ва Оила»


Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s