УМАР: АМАКҲОЯМ ИНСОНҲОИ ХУБАНД


Раҳмон Гореде

Раҳмон Гореде

Ному насаб: Раҳмон Гореде (Rahmon Gorede)

Санаи таваллуд 3-юми сентябри соли 1983

Ҷои таваллуд: шаҳри Истамбули Туркия

Маълумот: олӣ, дастпарвари Донишгоҳи санъати шаҳри Истамбул, факултаи забон ва адабиёти англисӣ. Ин ҷавони ситорагарм, ки дар филми «Меҳвари ҳақиқат» нақши доктор Умарро мебозад, на танҳо дар ватани худаш- Туркия, балки берун аз он низ маълуму машҳур аст. Ин машҳурӣ ба ӯ танҳо тавассути нақшофарияш дар кинофилмҳо ба даст наомадааст.

Раҳмон яке аз моделйерҳои шинохта низ мебошад. Ин ҷост, ки қабл аз актёрӣ ӯро ҳамчун моделйер мешинохтанд. Актёрӣ бошад, ба ӯ обрӯи бештаре бахшид. Раҳмон таи солҳои 2005-2007 берун аз Туркия, дар Чину Италия ба ҳайси моделйер ва ҳам таблиғгари молҳои варзишию косметикӣ фаъолият дошт. Ва аз ин ҳисоб даромаду хуб низ ба даст овардааст. Яке аз маҷаллаҳои туркӣ ӯро дар қатори ҷавонтарин сарватмандони Туркия ном бурдааст. Соли 2008-ум Раҳмон баъди хатми омӯзишгоҳи ҳунарҳои ихтироии «Студио»-и Алания ба ҳунари актёрӣ рӯ овард.

Ҳамин шабу рӯз силсилафилми «Меҳвари ҳақиқат»-ро на танҳо дар Тоҷикистони мо, балки дар худи Туркия ва чандин мамолики араб намоиш медиҳанд. Силсилафилм воқеан ҳам бо муассирияш миёни тамошобинон маҳбубияти хосеро соҳиб гаштааст. Воқеаҳои филм ҳушдорест дар бои муносибати хешутаборӣ, пос доштани арзишҳои баланди инсонӣ. Хулоса, тавре ҳамагон медонем, Раҳмон Гореде дар ин силсилафилм нақши доктор Умарро мебозад. Аммо боварӣ дорем аксарияти хонандагони мо аз ҳаёти шахсии ин ҳунарман аз паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ӯ огаҳ нестанд. Ва мо тасмим гирифтем, ки мусоҳбаеро бо Умар- яъне Раҳмон Гореде пешкаши хонандагони хеш намуда, табъашонро болида дорем.

-Умар, биёед аз айёми кӯдакиятон ёдовар шавем, он чӣ тавр гузаштааст, чӣ хотираҳои некеро аз кӯдакӣ дар хотир доред?

-Тавре гуфтам, ман дар шаҳри бузурги Истамбул Таваллуд шудаам. Аммо баъд волидонам ба Алания кӯч бастанд. Рости гапро гӯям, вазъи молиявии оилаамон он кадар хуб набуд ва ман маҷбур шудам, аз овони мактабхонӣ барои таъмини оила саҳм гузорам. Борҳо ба ҷустуҷӯи корҳои муваққатӣ мебаромадаму як миқдор маблағ кор карда, барои хариди лавозимоти мактабиям аз волидонам пул намепурсидам.

ӣ тавр шумо ба олами шоу-бизнес-яъне моделйерӣ роҳ ёфта, дар як муддати кӯтоҳ машҳур шудед?

-Соли 2002 ман ба Донишгои санъати Истамбул дохил шудам. Вақте дар курси дуюм мехондам, яке аз устодонам, гуфт, ки ман симои фавқулода саҳназеб дорам. Рости гап ин баҳои устодро он қадар ҷиддӣ қабул накардам. Аммо аз байн чанд рӯз гузашту ба донишгоҳ як гурӯҳ намояндаҳои як ширкати рекламавӣ омаданд ва маро барои озмоиши як ролики рекламавӣ даъват намуданд.

Раҳмон Гореде

Раҳмон Гореде

Ана ҳамин оғози фаъолияти моделйерии ман гашт. Худи ҳамон сол манн фаъолиятамро чун моделйери касбӣ оғоз намуда, дар андак муддат маблағи хуб кор кардам ва вазъи оиламонро хеле беҳ кардам. Соли 2005 маро ҳамчун моделйер ба Италия даъват карданд. Аз ҳамон сол инҷониб ман соле ду маротиба моҳҳои январ ва июн ба Италия, ба шаҳри Милан меравам ва дар ҳафтаи муди либосҳои мардона ширкат меварзам. Ҳамин гуна як шартнома бо ҷониби Чин ҳам дорам ва аз соли 2006 то кунун ҳар сол чанд маротиба озими Пекин низ мешавам. Аз сабаби хеле зиёд будани чунин чорабиниҳо ман ҳатто маҷбур шудам, ки таҳсиламро дар донишгоҳ як сол мавқуф гузорам. Ва ниҳоят соли 2008 Донишгоҳро низ хатм кардам.

-Ҳоло ҳамчун моделйер фаъолият надоред?

-Чаро надоштаам? Ман алҳол ба орзуям нарасидаам. Мехоҳам симои асосии ширкатҳои бонуфузе чун Donna Karan, Prada ва бренди шӯҳрати ҷаҳонидоштаи Pierre Cardin бошам.

-Таърихи ба олами кино рӯ оварданатон чи гуна аст?

-Бояд гӯям, ки ин чиз сирф тасодуфӣ ва аз сабаби хислати кунҷкобиям буд. Маро соли 2008 барои иҷрои нақши Умар ба филми «Меҳвари ҳақиқат» даъват намуданду ман низ бе ягон фикру андеша розӣ шудам.

-Шуморо мардум ҳамчун моделйери касбӣ хуб мешиносанд ё чун ҳунарманди кино?

-Агар росташро гӯям, ҳамчун ҳунарманди кино. Моделйерӣ ҳунари оммавӣ нест, як навъ бизнес аст ва ба он як гурӯҳи муайяни одамон сару кор доранд. Аммо синамо моли халқ аст, онро барои мардум меофарӣ. Боз як сабабаш он аст, ки «Меҳвари ҳақиқат» як филми хеле ҷолиби тарбиявӣ аст ва онро хурду бузург сарфи назар аз табааву мақому манзалаташон дар ҷомиа тамошо мекунанд.

-Шуморо алҳол ба ягон филми дигар даъват накардаанд?

-Пешниҳодҳо зиёданд, аммо дар ин бора сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст. Чунки наворбардории силсилафилми «Меҳвари ҳақиқат» ҳанӯз идома дорад ва имсол ҳам он идома меёбад. Табиист, ки ман наметавонам якбора дар ду филм нақш офарам. Агар фаъолияти моделйерии маро ба назар гирем, ин хеле душвор аст. Аз ин ру то анҷоми «Меҳвари ҳақиқат» ягон пешниҳоди дигарро намепазирам.

-Сужаи филм ба шумо маъқул аст?

-Оре, мазмуни филм аз ҳақиқат дур нест ва он аз зиндагии мардуми оддӣ гирифта шудааст. Филм шахсони ноогаҳро ба меҳрубонӣ, ростқавлӣ ва ҳақиқатпарастӣ даъват мекунад. Ва ман аз продюссери филм Мустафо Картал миннатдорам, ки чунин як мавзӯи доғи рузро интихоб кардааст.

-Муносибататон берун аз саҳна бо «амакҳо»-ятону «амакбачаҳо»-ятон чӣ хел аст?

-Мазмуни суолатонро фаҳмидам. Ҳамаи онҳо инсонҳои хеле наҷибанд- меҳрубон, зиндадил. Аммо нақш нақш аст, ҳунарманд дар ихтиёри худ нест ва ҳар чӣ коргардон фармояду нақш талаб мекунад, ҳамонро бояд иҷро намояд.

-Ташаккур барои сӯҳбат.

-Саломат бошед!

«Муҳаббат ва Оила»

Реклама

1 комментарий в “УМАР: АМАКҲОЯМ ИНСОНҲОИ ХУБАНД

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s