КӢ СУРУДИ ШАБНАМРО ҚАЙЧӢ КАРД?


Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Рӯзи 21 – уми март дар Наврӯзгоҳи пойтахт, вақте барномаи наврӯзӣ баргузор мегардид, он ҷо мо, гурӯҳи духтарон ҳузур доштем ва қатори дигар ҳунармандон Шабнам низ бо садои рӯҳнавозаш баромад мекард, аммо ӯро тариқи телевизион нишон надоданд. Мегӯянд, ки танҳо ҳангоми пахши мустақим намоиш доданду дар пахшҳои минбаъда суруди Шабнамро буриданд. Мехостам ҳаминро фаҳмида бошам, ки чаро суруди дигар санъаткоронро нею маҳз аз Шабнамро буриданд? Шояд ӯ ҳангоми барнома ба ягон хатогӣ роҳ додааст? Хуб мешуд ҳамин масъаларо ба мо, мухлисон муайян менамудед. Қаблан сипосгузорем! Шаҳло, шаҳри Душанбе

Шабнами Сурайё: БИГЗОР НАМОИШ НАДИҲАНД…

— Рости гап, худам намедонам, ки чаро баромади маро қайчӣ карданд? Суруде, ки ман он ҷо сароидам, ба фикрам бад набуд, аз кафкӯбиҳои мардум маълум буд, ки ба эшон писанд омад. Албатта, ин бори аввал нест, чунки пештар ҳам дар барномаҳои телевизионӣ аз пахши сурудҳои ман худдорӣ мекарданд. Гӯё, ки либоси ман ба минталитети тоҷикӣ мувофиқ набудааст, аммо либоси дар ҷашни наврӯзӣ пушидаам миллӣ буд – ку?! Медонед, шахсан барои ман фарқе надорад ва ин чиз маро ба тааҷҷубу таҳлука намеорад, ки намоиш намедиҳанд. Бигзор намоиш надиҳанд, ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки мухлисон маро ҳамчун ҳунарманд қабул намудаанд, ҳамин кофист.

Сурайё Қосимова: АЗ ИН ЧИЗ ҲАЙРОН НЕСТАМ, ЗЕРО…

— Ин «тасмим» — ҳо аллакай барои ман як чизи маъмулӣ шудаанд ва бори аввал сурат намегирад. Вақтҳои охир тамоман сурудҳои моро ба воситаи телевизион намоиш намедиҳанд. Агар хато накунам, телевизион бо вуҷуди хабаррасон буданаш боз як манбаи дилхушкунанда ва таъмингари фароғати мардум аст. Агар бинанда ва ё тамошобин тариқи телевизион аз сурудҳои ҳофизи писандидааш ҳаловат набарад, пас чӣ ҷойи гилагузорӣ?

Ба ҳар ҳол ба мухлисон ташаккур мегӯям, ки дар кадом ҳолате набошад ҳунарманди писандидаашонро дастгирӣ мекунанд. Агар ҳунари ҳунарманд аз тарафи мардум эътироф нагардад, пас заҳмати ӯ беҳуда аст. Бинобар ин, ман шукри Худо мегӯям, ки моро халқ ҳамчун овозхон қабул карданд ва ҳунарамонро этироф намуданд. Бигзор мухлисон ва ҳаводорон моро дӯст доранд. Ман агар коре карда ва ё заҳмате кашида бошам, барои ҳамватанони азизам ва барои баланд бардоштани пояи фарҳанги кишварам кардаам. Аз касе гилла ва ё миннат намекунам. Ҳамаи эҷодиётамро ба мухлисон ва онҳое, ки маро дӯст медоранд, мебахшам.

Садриддини Наҷмиддин: КАС ДАР ХИҶОЛАТ МЕМОНАД…

— Вақтҳои охир қариб, ки сурудҳои маро низ ба воситаи телевизион намоиш намедиҳанд. Ягон – ягон баъзе аз сурудҳоямро нишон медиҳанд, ки лаҳзае бошад ҳам, хурсанд мегардам. Сурудҳоямро дар эфир пахш мекунанд, намекунанд ин бароям он қадар муҳим нест, аммо вақте дар кӯча ва ё ҷойҳои ҷамъиятӣ нафаре аз мухлисонро дучор оям, дарҳол пурсон мешаванд, ки чаро шуморо аз телевизор намебинем, магар сурудҳои нав эҷод накарда истодаед, овозхониро як сӯ гузоштед? Ана, ин вақт одам хеле дар як ҳолати ногувор мемонад. Чӣ посух доданамро намедонам ва хиҷолат мекашам.

Шабнами Собирӣ: КӮШИШ БА ХАРҶ МЕДИҲАМ, КИ…

— Аслан, барои ман фарқ надорад, ки аз телевизион сурудҳоямро намоиш медиҳанд ё не. Ман кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ҳамеша шодишарики мардум бошам ва тайёр ҳастам ба кадом маъракае, ки даъват намоянд, иштирок кунам ва базмро обод намоям.

Омодаи Мавзунаи Муҳаммадалӣ, «Зан ва мард»

Реклама

One comment on “КӢ СУРУДИ ШАБНАМРО ҚАЙЧӢ КАРД?

  1. салом алекум ман мухлиси сурудхои шабнами сурайё хастам сурудхои шумо хеле олист вале вале шумо дар ягон консертхои худ либосхои милиро дар бар намекунед чаро ага шумо либосхои милиро дар бар кунед боз хам мухлисони зиёд пайдо мекунед сурудхои шумохело хуб вале либосхоятон на он кадар хуб чаро либосхои аврупои рох бабар бекунед илтиос посух дихед?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s