САИДАИ СИРОҶИДДИН: «МАН АЗ ШАВҚИ МУХЛИСОНАМ МЕРАҚСАМ»


САИДАИ СИРОҶИДДИН

САИДАИ СИРОҶИДДИН

Саидаи Сироҷиддин, ҳунарманди ҷавони тоҷикро рақси ба ӯ хос, ҳаракатҳои мавзун ва имову ишораҳо ҳини иҷрои нахустин сурудаш дар синни 17- солагӣ, назди мардум муаррифӣ кард. Аммо ӯ ин рақсу ҳаракат ва имову ишораҳо ҳини сурудхониро табиӣ мегӯяд ва меафзояд чун аз саҳна берун шуд, ҳеҷ гоҳ он чунон рақсу ҳаракот карда наметавонад. Бархе ҳунармандони собиқадор инчунин сурудхонии Саидаи Сироҷиддинро шабеҳи жанри ҳунарии феълан дар Тоҷикистон фаромӯшгаштаи лапарӣ(суруди омехта бо рақс ва имову ишора) медонанд. Ба қавли онҳо, ҳарчанд Саида дар ин маврид маълумот надорад ва ингуна ҳаракатро табии иҷро мекунад, аммо боз ҳам чизе аз ин жанри ҳунарӣ дар табиати ӯ ҳаст.

Ба гуфтаи ҳунармандон, мактаби лапархонӣ дар Тоҷикистон то солҳои 60-уми қарни гузашта вуҷуд дошт, аммо имрӯз шогирдони он мактаб боқӣ намондаанд. Ва тахмин мезананд, ки агар Саида талош кунад ва мутаваҷҷеҳи ин жанр бошад, шояд дубора лапархонӣ дар Тоҷикистон эҳё шавад. Ба ҳар сурат Саида имрӯз рӯи саҳнаи тоҷик талошҳое барои сурдани таронаҳо дорад.

Бароти Юсуфӣ, «Озодӣ»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s