Баҳром Ғафурӣ: ҲУНАР ШӮҲРАТРО ПАЙДО МЕКУНАД


Баҳром Ғафурӣ

Баҳром Ғафурӣ

-Баҳром, шуморо на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ хуб мешиносанд. Бигӯед, ки кабутари шӯҳратро чӣ гуна метавон ба дом ғалтонд? -Ташаккур, сараввал салому дуруди хешро ба кулли мухлисони азизам мерасонам. Наврӯзи ҳамаи ҳамдиёрони азизам хуҷаста бод! Акнун ҷавоб ба суолатон… Мурғи шӯҳратро танҳо бо пешниҳод кардани суруду таронаҳои хуб метавон ба дом ғалтонд. Танҳо дар ҳамин ҳолат мурғи шӯҳрат аз паси ту мешавад на ту аз паси он. -Шумо ҳамчун сароянда шӯҳратро дар чӣ мебинед? -Шӯҳратро дар ҳунар мебинам. Агар ҳунар надошта бошӣ, ҳеҷ шӯҳрат намеёбӣ. Инсоне, ки бо шавқ кор мекунад, ҳатман як рӯз соҳиби обрӯ мешавад.

-Ба андешаи шумо чӣ гуна суруд метавонад дар дили шунаванда мавқеи устувор дошта бошад?

-Суруде, ки аз дил мебарояд ва ба дилҳо медарояд. Ин суруди пурмазмун мебошад.

-Чаро вақтҳои охир сурудҳоятон аз дарду нокомӣ қисса мекунад?

-Зиндагӣ саропо ишқ аст. Ишқ чист? Ишқ дард аст. Ва ин дард дар замири ҳамаи инсонҳо нуҳуфтааст. Чӣ тавре ки дар боло гуфтем, он чизе, ки аз дил мебарояд, ба дил ҳатман роҳ меёбад.

-Якборагӣ ба санъати кино рӯ оварданатон чӣ маъниро ифода мекунад?

-Ягон маънои духӯра надорад, танҳо ифодагари он аст, ки ман дар филм нақш бозиданро хело дӯст медорам.

ӣ зарурат пеш омад, ки шумо дар филми «Сукут» нақш бозидед?

-Ҳеҷ зарурате набуд. Маро муаллифи ин сенария бародари азиз Сироҷиддин Ғафурӣ даъват кард. Ман ҳам хоҳиши ӯро рад накардам.

-Ба ҳунари муаллифи ин филмнома чӣ гуфтанӣ ҳастед?

Баҳром Ғафурӣ

Баҳром Ғафурӣ

-Бисёр хуб буд ба фикри ман ва Сироҷиддин низ хело заҳмат кашид. Ҳунари худро хеле дӯст медорад. Бачаи болаёқат аст. Аммо дар мо шароит, маблағ нест, ки филмҳои хуб сабт кунем. Лекин ҳунармандони болаёқат хело зиёд дорем.

-Баҳром, то имрӯз ба кадом давлатҳои хориҷа сафар кардаед?

-Шукри Худованд то имрӯз давлатҳои зиёдеро сафар карда дидаам, аз ҷумла Эрон, Русия, Амрико ва чандин кишварҳои дигар.

-Кадоме аз ин давлатҳо ба шумо писанд афтод?

-Албатта, Амрико хело бароям писанд омад. Бисёр давлати пешрафта мебошад.

-Ба андешаи шумо дар хориҷа клип кардан ба сароянда чӣ манфиате дорад?

-Барои ҳунарманд муҳим нест, ки ӯ дар куҷо клип мекунад. Муҳим он аст, ки клип тавре омода шавад, ки тамошобин аз он завқ барад.

-Ҳунари кадоме аз овозхонҳои эстрадаи тоҷик ба шумо писанд нест?

-Ростӣ, каманд ҳунарманди ҷавоне, ки ҳунарашон ба ман писанд омада бошад. Лекин ҷавонони боистеъдод низ ҳастанд.

-Беҳбудии санъати эстрадаи тоҷикро дар чӣ мебинед?

-Медонед, имрӯз баъзе сарояндаҳо сурудҳое мехонанд, ки ҳеҷ маънои онро фаҳмида наметавонӣ. Боз баъзеашон сурудҳои дигар сарояндагонро тайёр мегиранду месароянд. Ман ба онҳо гуфтаниям, ки сурудҳои худро сароянд, меҳнат кунанд.

-Ба андешаи шумо студияҳое, ки имрӯз ба истеҳсолу фурӯши дискҳо машғуланд, санъаткоронро қонеъ карда метавонанд?

-Афсӯс ки не. Мо барои як клип чӣ қадар пул сарф мекунему аммо нархи диск дар бозор хело паст аст ва санъаткорон низ аз он дискҳо фоидае ба даст намеоранд. Бар замми ин дискҳо сифати хуб надоранд. Аз ин рӯ, хоҳиш мекардам, ки мақомоти дахлдор сари ин мавзӯъ хулосае бароранд, то ки дар оянда меҳнати ҳунармандони мо барабас наравад.

-Назари шумо ба танқид чӣ гуна аст?

-Ҳеҷ вақт набояд ҳунармандро танқид кард. Ман тарафдори танқид нестам. Баръакс, бояд ҳунармандро дастгирӣ кард, то ки эҷодиёташ пеш равад. Имрӯз баъзеҳо танқид мекунанд, агар бипурсӣ дар бораи санъату санъаткор ҳеҷ фаҳмише надоранд.

-Марги Сӯҳроби Сафарзод ба эҷодиёти шумо чӣ таъсир расонид?

-Сӯҳроб барои ман намурдааст, ӯ зинда аст. Бо ҳамаи суруду таронаҳои дилнишини худ. Мо ӯро ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард.

-Ба сарояндагоне, ки ба қавле бинияшон осмонро мехарошад, чӣ гуфтанӣ ҳастед?

-Ман, ки худ кибру ғурур надорам, ба ин савол ҷавоб доданам мушкил аст. Ва ба онҳое, ки бо кибру ғурур зистаанд, робитае надорам.

-Ҳавобаландӣ ба эҷодиёти санъаткор чӣ таъсир мерасонад?

-Бигзор ҳавобаланд бошанд, дунёи озод аст, лекин дар баробари ин корашонро хуб донанд. Санъаткор дили нозук дорад. Нози санъаткорро бояд бардошт (механдад).

-Сарват, ҳунар, шӯҳрат, кадоме барои Баҳром азиз аст?

-Ҳар се бароям азиз аст, бе яке дигаре пеш намеравад. Масалан, ман садҳо суруд дорам, ки эҷод кардаам, вале барои ман маблағи зиёд лозим аст, ки онҳоро сабт кунаму сифаташон ба сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. З-ин сабаб бе ҳар сеи ин пешравии санъаткор душвор аст.

-Чандест, ки ба гӯшам овозае расид. Гӯё шумо ҳоҷӣ мешудаед. Ин рост аст?

-Дар ният ҳаст. Аммо ҳоло дар хизмати халқу ватан ҳастам. Дар халқ хуб гуфтаанд, ки «Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб». Мекӯшам, ки аввал дили инсонро дарёбам. Ва баъд дигараш оҳиста-оҳиста мешавад.

-Имрӯзҳо паи анҷом додани кадом нақшаҳои худ ҳастед?

-Имрӯзҳо кӯшиш ба харҷ дода истодаам, ки зиёда аз 25 суруди нави худро сабт карда, дар ҳаҷми ду албом пешкаши мухлисони хеш гардонам.

-Ба мухлисон чӣ ваъда медиҳед?

-Албатта, ваъда медиҳам, ки дар наздиктарин фурсат барояшон як консерти зиндаи худро пешкаш хоҳам кард.

ӣ орзу доред ба кулли хонандагон ?

-Ба ҳамаи онҳо тани сиҳату хонаи ободро таманно мекунам. Ҳамаи онҳоро ман дӯст медорам.

-Муваффақ бошед!

«Муҳаббат ва Оила»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s