МЕНДУҲ: БАЪД АЗ ҲАЛИМА МУРДАН НАВБАТИ МАН АСТ


Эртин

Эртин

-Эртин розиед, ки ба Шумо «Мендуҳ» гуфта, муроҷиат кунем? Чаро розӣ набошам. Нақши Мендуҳ дар силсилафилми «Ҳомиён» яке аз нақшҳои дўстдоштаи ман аст. Ҳарчанд собиқаи кориям дар соҳаи киною театр кам нест, вале фикр мекунам, ки маҳз ҳамин нақш маро ба тамошобинон шиносонд.

Чаро? Магар нақшҳои пештаратон диққатҷалбкунанда набуданд? Гап дар сари ин нест. Масалан, ман дар филми «Комиссар Незим» нақши асосиро бозида будам, вале фикр мекунам, ки дар он худро ҳамчун ҳунарманд пурра кушода натавонистам. Аммо «Ҳомиён» тамоман дигар аст, муҳити филмофарӣ ин ҷо тамоман дигар аст.

-Аз он, ки дар «Ҳомиён» нақши нисбатан дуюмдараҷа насибатон гаштааст, гиламанд нестед?
-Дар қисматҳои аввали филм шояд Мендуҳ қаҳрамони дуюмдараҷа бошад, вале баъдтар вай ба яке аз персонажҳои асосӣ табдил меёбад. Дигар ин, ки нақши Мендуҳро худи ман интихоб намудам. Қаблан коргардон нақши комиссар Йигитро ба ман пешниҳод намуда буд, аммо напазируфтам. Фикр кардам, ки ин нақш зеби Орхан Бийиклиро дорад.

-Агар махфӣ набошад, дар бораи тақдири Мендуҳ маълумот медодед? Вайро чӣ ҳодисаю сарнавишт интизор аст?
-Мутаассифона, Мендуҳро одамони Фаррух дар як набарди нобаробар мекушанд. Яъне аз дастаи Саркомиссар- Наҷиб баъди Ҳалима мурдан навбати ман аст, албатта агар чанд персонажҳои дуюмдараҷаро ба назар нагирем.

-Наход?!
-Бале, ўро бо зарби корд мекушанд.

-Ва шуморо дигар мухлисонатон дар ин филм намебинанд?

-Не.

-Тақдири Наҷиб-сардор ва Йигит чӣ мешавад?
-Оҳ-ҳо шумо мехоҳед ман якбора буду шуди сужаи филмро гўяму монам? Не, ин хел намешавад. Фақат хаминро мегўям, ки дар ҳар набард некӣ ба бадӣ ғолиб меояд. Бо вуҷуди набардҳои хунин оқибат Фарруху ҳаммаслаконаш шикаст мехўранд.

-Тавре огаҳ шудем, шумо ҳам дар театр ва ҳам дар кино собиқаи корӣ доред. Дар кадом саҳна нақш офаридан осонтар аст- театр ё кино?
-Ман дар ду театри шаҳри Истамбул фаъолият доштам. Дар театр рўбарўи тамошобин нақш иҷро мекунӣ ва ҳунарманд набояд ба хато роҳ диҳад. Аммо кино тамоман чизи дигар аст. Агар иҷрои нақш ба коргардон ё худи актёр маъқул нашавад, имкон дорад, ки онро як бор, ду бор ва зиёда аз ин сабт кунӣ. Барои ҳамин ба фикри ман дар кино кор осонтар аст.

-Ба ҷуз актёрӣ боз ягон шуғли дигар доред?
-Бале, боз дар дубляжи баъзе филмҳои хориҷӣ ширкат меварзам. Ҳамчунин бо як-ду маҷалла барои рекламаи баъзе маводҳо шартнома дорам.

-Берун аз фаъолияти кори машғулияти дўстдошта доред?
-Навохтани гитараро бениҳоят дўст медорам.

-Ва зери навои он суруд ҳам мехондагистед?
-Бале, дар танҳоӣ ва барои худам месароям. Аҷаб кайфияте дорад. Хаёл мекунам тамоми хастагиям мебарояд. Аммо баъзан дар маҳфилҳои дўстони наздикам бо исрори онҳо як-ду суруд месароям.

-Боз кадом машғулият писандатон аст?
-Суратгирӣ ва рондани автомобил.

-Ба ягон намуди варзиш машғул ҳастед?

-Бале, шамшербозӣ (фехтовани)-ро хеле дўст медорам ва шомили яке аз сексияҳои шамшербозии мактаби варзишиям. Ҳафтае се маротиба ба машқ меравам.
-Муваффақиятҳоятон дар ин самт чӣ хел аст?
-Намедонам, аммо мураббиям мегўяд, ки истеъдодам хуб аст.

-Дар бораи ҳаёти оилавиятон каме маълумот диҳед?
-Ман алҳол муҷаррадам ва бо волидонам дар шаҳри Истамбул зиндагӣ мекунам.

-Чаро то ҳанўз муҷаррадед?
-Волидонам мегўянд, ки «ту бисёр инҷиқӣ, барои ҳамин арўсатро худат ёб». Аммо ман ҳанўз фурсат наёфтаам, ки аз паи арўскобӣ шавам.

-Ғайр аз забони модариатон боз бо ягон забони дигар муошират карда метавонед?
-Забони англисиро хуб медонам. Инчунин бо забонҳои озарбойҷонӣ ва русӣ низ каму беш ҳарф мезанам.

-Шароб менўшед?
-Дар умрам нанушидаам, сигор ҳам умуман намекашам.

-Мегўянд, ки шумо ҳунари хуби раққосӣ низ доред?
-Аз ин ҳунар низ бархурдорам ва нозукиҳои рақсҳои румбо ва тангоро аз бар кардам.

-Ба як мард чил ҳунар кам аст мегўянд ва воқеан ин сухан дар бораи шумо барин ҷавонмарди пурҳунар гуфта шудааст. Ташаккур барои сўҳбат. Ба шумо барори кор хоста, орзу мекунем, ки ҳарчӣ зудтар арўси орзуҳоятонро пайдо намоед.

-Саломат бошед!

«Муҳаббат ва оила»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s