МАРДУМ МАРО НЕ, ЙИГИТРО ДЎСТ МЕДОРАНД


Орҳан Бийикли

Орҳан Бийикли

Комиссар Йигит яке аз дўстдоштатарин қаҳрамонони силсилафилми «Ҳомиён» миёни мухлисони тоҷикистонии он эътироф гардидааст. Бояд гуфт, ки нақши комиссари пулис ба ҳунарманди ҷавон Орҳан Бийикли на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ватани худаш- Туркия низ маҳбубияти зиёд овард. Орҳан чӣ рўзгоре дорад? Мусоҳибаи мо бо ин ҳунарманди ҷавон ба тамоми паҳлўҳои ҳаёти шахсию касбии ў посўх мегўяд.

Орҳан, хуб мебуд дар оғози сўҳбатамон каме дар бораи ҳаёти шахсиятон нақл менамудед. Шахсияти шумо ба комиссар Йигит ягон монандие дорад?

 

-Ростӣ, ҳеҷ фикр намекардам ки рўзе мерасаду дар бораи худам ба одамон нақл мекунам. Беҳтараш дар ин бора аз инсонҳое, ки маро мешиносанд, бипурсед. Ба ҳар ҳол, барои он, ки мухлисонам ноумед нашаванд, ҳаминро гуфтаниям, ки ман низ мисли дигар инсонҳо орзуҳои зиёд дорам ва барои ҷомаи амал пўшидани орзуҳоям ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳам. Касбамро хеле дўст медорам, зеро театр ва кино низ як мактаби бузурги ҳаётанд, хештаншинос мешавӣ, ба зиндагӣ бо чашми дигар менигарӣ, аз ҳама муҳимаш тарбияи комил мегирӣ.

Орҳан Бийикли

Орҳан Бийикли

Ман он чизе, ки аз театру кино меомўзам, ҳатман дар ҳаёти шахсиям истифода мебарам ва аз хурдтарин муваффақиятам мисли кўдакон шод мешавам. Дар бораи он, ки ман ба қаҳрамоне, ки нақшашро меофарам- комиссар Йигит монандам ё не, ҳаминро гуфтаниям, ки ба ҷуз ҳаёти оилавиямон дигар ҳамаи ҷиҳатҳоямон ба ҳамдигар монанданд. Ман замони нақшофарӣ аз Йигит бисёр чизҳоро меомўзам ва мехоҳам дар ин бора ба дигар инсонҳо қисса кунам.

-Шуморо чӣ тавр барои нақшофарӣ ба силсилафилми «Ҳомиён» даъват намуданд?

-Баъди хатми донишгоҳ як муддат бекор будам. Вақте, ки аз ҷониби шабакаи телевизионии «Саманёлу» пешниҳоди дар филми «Ҳомиён» нақш офариданро карданд, бениҳоят шод гаштам. Сенарияи филмро хондам, он ба ман маъқул шуд ва розӣ шудам, ки нақши Йигитро офарам. Бояд бигўям, ки ман аз овони донишҷўиям бо ин шабакаи телевизионӣ ҳамкорӣ доштам ва медонистам, ки онҳо меҳнати ҳунармандро хуб қадр менамоянд.

-Шумо дарси аввалини нақшофариро аз кӣ гирифтаед?

-Вақте, ки ман ба нақшофарӣ шурўъ намудам, бо ягон ҳунарманди номдор шинос набудам. Бори аввал дар овони мактабхониям нақш офарида будам. Вақте ман хурд будам, дар шаҳри Измир заминҷунбии сахт шуд ва аҳли оилаи мо ба яке аз шаҳракҳои атрофи он кўч бастанд. Рўзе ба мактаби ҳамин шаҳрак, ки ман он ҷо таҳсиламро шурўъ намуда будам, ҳунармандони як театри касбӣ саҳнаеро намоиш доданд, ки «Чашмонамро мепўшаму вазифаамро иҷро мекунам» ном дошт. Баъзе лаҳзаҳои намоишнома он қадар муассир буданд, ки ман чанд маротиба ашк рехтам. Баъди тамошои он дар ман хоҳише пайдо шуд, ки ҳунарманд шаваму нақши қаҳрамони асосии ин спектаклро бибозам. Бо гузашти солҳо мо дубора ба шаҳри Измир кўчидем.

Он вақт ман аллакай 16 сола будам ва таҳсиламро дар литсейи нави дома додам. Дар ана ҳамин литсей ба ман муяссар гардид, ки ҳамон орзуи овони кўдакиямро амалӣ намоям. Яъне худам дар ҳайъати дастаи ҳаваскорон намоишномаи «Чашмонамро мепўшаму вазифаамро иҷро мекунам»- ба саҳна гузошта, нақши қаҳрамони асосиро бозидам. Бояд бигўям, ки заҳматам натиҷаи хуб дод. Ман бараъло медидам, ки чандин тамошобинон ба ҳаяҷон омада, ноаён ашки чашмонашонро пок мекунанд. Яъне бо овардани ин нақл ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки касе маро ба кори театру кино талқин накардаву касе раҳнамоям набуд, ҳамаш аз орзуҳои кўдакӣ оғоз шуд.

-Мухлисонатон шуморо ба ягон нафар монанд мекунанд?

-Бале, аксарият маро ба ҳунарманди шинохта Тариқ Тарчан монанд мекунанд.

-Дар замони муосир кор аксарияти одамон зиндагияшонро бе шабакаи интернет тасаввур карда наметавонанд. Шумо чӣ? Тез-тез ба интернет рў меоред? Сайтҳое, ки зуд-зуд ба онҳо рў меоред, кадомҳоянд?

-Шояд ҷавобам хандаовар намояд, вале ман баъзе нозукиҳои кор бо интернетро хуб намедонам. Аз ин рў зуд-зуд ба он рў намеорам. Баъзан, ҳамту аз рўи ҳавас ягон чизи бароям ҷолибро ҷустуҷў мекунам.

-Аз кадом кори кардаатон афсўс мехўред?

-Хушбахтона то имрўз коре накардаам, ки боиси афсўсхўрию пушаймониям шуда бошад.

-Ба хаёлатон кадом корро ҳанўз анҷом надодаед?

-Ман нав ба 27 қадам гузоштам ва фикр мекунам, ки корҳои ҳанўз анҷом надодаам хеле бисёранд.

-Ба фикратон мардум силсилафилми «Ҳомиён»-ро чӣ гуна қабул намуданд?

 

-Хеле хуб. Охир сужаи он ба ҳаёти воқеӣ хеле наздик аст. То ҷое ман медонам, ҳама ин филмро хуб пазируфтаанд. То ҳанўз аз касе танқид нашунидаем.

-Ба фикри шумо шабакаҳои телевизионии Туркия ягон ҷиҳатҳои бад доранд?

-Ростӣ, ман телевизорро зиёд тамошо намекунам, вале ба фикрам баъзе шабакаҳои хусусӣ барои маъруфият шуда, барномаю филмҳои аз одоб берунро намоиш медиҳанд, ки ин хеле бад аст. Ин гуна филму барномаҳо ба мафкураи мардум хусусан ҷавонону наврасон таъсири манфӣ мерасонанд. Ба фикри ман чӣ барнома ва чӣ филмҳое, ки аз тариқи телевизион намоиш дода мешаванд, бояд ҷиҳатҳои тарбиявӣ дошта бошанд.

-Ҳоло аксҳои шумо дар рейтинги миёни ҳунармандони турк дар шабакаи интернет мавқеи аввалро ишғол менамояд. Сабаби инро дар чӣ мебинед?

-Ин маҳбубият шояд аз ман нею аз комиссар Йигит бошад…

-Аз ҳама сухани дўстдоштаатон кадом аст?

-Худо ҳофиз.

-Калимае, ки дўст намедоред?

-Пул.

-Шуморо чӣ ба ҳаяҷон меорад?

-Ҳама чизе ки нав аст.

-Садои чиро бештар меписандед?

-Садои шамолро.

-Агар ҳунарманди киною театр намешудед, боз дар куҷо кор карданатон имкон дошт?

-Шояд дар ягон тарабхона кор мекардам.

-Оё рост аст, ки ҳаёт ҷамъи саволҳост?

-Ба фикри ман ҳаёт ҷамъи проблемаҳост.

-Кадом китобҳоро мехонед?

-Ман китобҳоро ба мавзўю жанрҳояшон ҷудо дўст намедорам.

-Вақте ба оина менигаред, чиро мебинед?

-Худамро, яъне шахсеро, ки ўро аз вартаи торикӣ ба равшанӣ баровардан лозим аст.

-Дар охир ба мухлисонатон чӣ таманно мекунед?

-Ба ҳамаи онҳое, ки ба ману қаҳрамонам- Йигит бовар мекунанд, арзи сипос менамоям ва ваъда медиҳам, ки ҳеҷ гоҳ боварияшонро пеши по намезанам.

«Муҳаббат ва оила»

Реклама

One comment on “МАРДУМ МАРО НЕ, ЙИГИТРО ДЎСТ МЕДОРАНД

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s