ҲОТАМИ РАВШАН БО АҲМАД ВАЛИД СУРУД МЕХОНАД


Ahmad-Hotam

Ahmad-Hotam

Як гурӯҳи ҳунармандони тоҷик аз сафари шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон баргаштанд. Гурӯҳи ҳунариро Мирзоватан Миров, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, саррежиссёри Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов сарварӣ менамуд. Дар ҳайати ин гурӯҳ овозхони шинохтаи тоҷик Ҳотами Равшан низ шомил буд. Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» дар бораи ҳадаф ва натиҷаҳои ин сафар бо Ҳотами Равшан сӯҳбате дошт, ки мӯҳтавои онро пешкаши муштариёни гиромии сомона мекунем.

 

-Сафари Шумо ба Афғонистон дар чаҳорчӯбаи кадом чорабинӣ баргузор гардид?

-Соли чорум аст, ки мо дар як ҷашнвораи хеле машҳури мусиқӣ бо номи «Гули сурх» дар Афғонистон ширкат мекунем. Ин фестивали байналмилалиро ҳамасола «Бунёди фарҳангии Афғонистон» бо роҳбарии як марди хеле равшанфикри Афғонистон Темуршоҳи Ҳакимёр доир мекунад. Имсол агар хато накунам, ҳаштумин соле буд, ки ин ҷашнвораи олии мусиқӣ, ки дар он намояндагони аҳли ин ҳунар аз Покистону Ҳиндустон, аз Амрикову Туркия ва боз аз бархе давлатҳои дигар ширкат меварзанд, барпо шуд. Аҷибаш он аст, ки ин фестивал хоси шаҳри бостонии Мазори Шариф мебошад. Он танҳо дар ҳамин шаҳри Афғонистон баргузор мегардад.

-Барои чӣ «Гули сурх»?

-Барои он ки дар ҳамин даврае, ки дар бисёр ҷойҳо, ба хусус дигар манотиқи Афғонистон, сардиҳои зимистон ҳанӯз эҳсос мешаванд, дар дашту дамани атрофи  Мазори Шариф  бошад, гулҳои лола рамзи баҳори хуҷастапай, сар боло мекунанд ва табиатро ба ранги тозае баъди фасли зимистон дар назари мо ба ҷилва медароранд.  Дар ҳамин давра дар Мазори Шариф боз чорабиниҳои дигари фарҳангиву мазҳабӣ сурат мегиранд, ки аксаран бо оғози баҳор, наврӯз робита доранд. Ҳатто дар ҳамин давра расо дар рӯзи аввали соли нави ҳиҷрии шамсӣ Ливои мазори ҳазрати Алӣ (А), яке аз хулафои рошиддинро дар Мазори Шариф иваз карда дар чӯби баланде боло мебардоранд. Ба ривояте ҳазрати Алӣ дар ҳамин рӯз ба сари қудрат омада будааст.

-Фестивал чӣ гуна гузашт?

— Фестивал чун ҳамеша дар сатҳи хуб гузашт. Ба ин фестивал ба ғайр аз ҳунармандони дар Афғонистон буда боз ҳунармандоне, ки дар хориҷ аз Афғонистон зиндагонӣ мекунад ва дар байни мардум маъруфият доранд, даъват шуда буданд. Барои ман хеле боиси фахраст, ки бо чунин овозхонҳои машҳури афғон мисли Амирҷони Сабурӣ ва Аҳмад Валид дар як толор ҳунарнамоӣ кардам ва ин овозхонии моро телевизиони «Орзу»-и Афғонистон ба навор гирифта баъдан барои мардуми Афғонистон намоиш дод.

— Шумо кадом суруди худро ба мухлисон дар ин озмун пешкаш кардед?

Ман як ғазали машҳури Ҳофизи Шерозро, ки бо мисраи «Айби риндон макун, ай зоҳиди покизасиришт» сар мешавад  ва оҳанги онро худам эҷод карда будам, сурудам. Дар ин фестивал устод Мирзоватан Миров ва овозхони шинохта, устоди Консерваторияи Тоҷикистон Саъдулло Каримов бо сурудҳои дилнишини худ аҳли толори боҳашамати консертии Мазори Шарифро шод карданд.

-Боз чӣ хотираҳое бо худ аз ин сафар овардаед?

-Хуб, дар рафти ин сафар аз ҷойҳои таърихии вилояти Балх дидан кардем. Махсусан зиёрати марқади дуввумин пайғамбари Худо (Ҷ) баъди ҳазрати Одам (А) пайғамбар ҳазрати Шис (А)бароям хеле хотирмон аст. Баъдан дар як маҳфил нишастану бо ҳам аз наздик шинос шудан ва ҳатто якҷо чанд суруд хондан бо Аҳмад Валид, шогирд ва дӯсти наздики Аҳмад Зоҳири ҷовидон, боиси ифтихор аст.

ahmad-hotam

Ahmad Valid & Hotami Ravshan

-Мешавад дар ин бора каме муфассалтар бигӯед?

-Бале, ман дар бораи Аҳмад Валид аз ин пеш бисёр шунида будам. Дар  Тоҷикистон, дар маҳфили алоқамандони Аҳмад Зоҳир, ки ман ҳамеша дар он ширкат мекунам, дар бораи Аҳмад Валид ҳамчун шогирди Аҳмад Зоҳир бисёр суханҳои хуб гуфта мешуданд. Дар Мазори Шариф ҳамин, ки ӯро дидам, хоҳиш пайдо шуд, ки бо ӯ аз наздик шинос шуда дар бораи Аҳмад Зоҳир бештар бипурсам. Хулоса шинос шудам ва ӯро бо ҳамроҳии устод Мирзоватан Миров ба меҳмонхона ба меҳмонӣ даъват кардем. Як сӯҳбати хеле хуб доштем. Ӯ дар бораи Аҳмад Зоҳир хотираҳояшро ба мо гуфт.

Мо низ дар навбати худ гуфтем, ки дар Тоҷикистон як маҳфили алоқамандони садои Аҳмад Зоҳир фаъолият мекунад, ки дар он Аҳмад Валидро низ ҳамчун овозхони маъруф ва шогирди Аҳмад Зоҳир мешиносанд. Хурсанд шуд. Бисёр мехоҳад, ки ба Тоҷикистон сафаре дошта бошад. Дар ин бора дар як муроҷиати худ ба алоқамандони садои Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон, ки мо онро ба навор сабт кардем, низ гуфтааст. Баъдан чанд суруд барои мо хонд. Як албоми клипҳояшро ба мо тақдим кард.

Дар хотима дар ҳамин маҳфил чанд суруди Аҳмад Зоҳирро якҷо бо Аҳмад Валид хондем, ки инҳо ҳама дар навори видеоӣ сабт шудаанд. Агар хоҳиш дошта бошед мо метавонем он наворҳоро барои истифода бурдан дар ихтиёри шумо гузорем.

-Ташаккур, мо ҳатман аз ин наворҳо ҳини омода сохтани ин мусоҳиба истифода хоҳем кард. Худо ҳофиз.

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s