Нурбону: «ҲОМИЁН» МАРО МАШҲУР КАРД


Гокше Акйилдиз

Гокше Акйилдиз

Ному насаб: Гокше Акйилдиз

Санаи таваллуд: 30 октябри соли 1992

Ҷои таваллуд: шаҳри Синопи Туркия

Албатта ҳамаи мухлисони силсилафилми туркии «Ҳомиён» чеҳраи ин духтараки ситорагармро хуб мешиносанд. Нурбону духтари саркомиссар Наҷиб аст, ки ҳамаи шебу фарозию ноадолатиҳои зиндагиро якҷоя бо волидонаш мебинад.

Борҳо ҳадафи душманони падараш гардида, ба асорати онҳо меафтад. Вале бо вуҷуди ҳоло духтараки мактабхон буданаш иродаи ӯро душманони падар шикаста наметавонанд.

Хуб, кист ин духтараки кушодачеҳраю матинирода, ки нақшашро хеле хубу олӣ офаридааст?

Инак, мо барои шумо хонандагони азизи ҳафтаномаи «Муҳаббат ва Оила» мусоҳибаеро бо яке аз қаҳрамонони асосии силсилафилми «Ҳомиён»- Нурбону омода намудем, то баъди мутолиаи он бо қаҳрамони дӯстдоштаи худ аз наздик шинос шавед.

-Нурбону, сароғоз дар бораи худу аҳли оилаатон камее маълумот диҳед?

-Ман 30-юми октябри соли 1992 дар ноҳияи Аянсики шаҳри Синоп ба дунё омада, мактаби №3-ро хатм кардам. Дар оилаамон шаш фарзандем- 4 бародар, ман ва апаам, ки муаллима шуда кор мекунад. Ман фарзанди сеюми оилаамонам. Апаам ва бародари калониям оиладоранд. Воқеан, ҳардуи онҳо ба ман зиёд кӯмак менамоянд. Модарам хонашинанд, падарам тоҷир- соҳиби мағоза мебошанд. Боз чӣ гӯям?

-Кифоя, акнун биёед дар атрофии филми «Ҳомиён» сӯҳбат кунем. Чӣ тавр шуморо барои нақшофарӣ ба ин филм даъват намуданд?

-Ман аз овони кӯдакиям мехостам ҳунарпешаи кино шавам. Боре тавассути телевизион эълон намуданд, ки барои иҷрои нақшҳо барои силсилафилме хоҳишмандонро ба озмун даъват мекунанд. Баъди шунидани эълон зуд рақами телефонии мутасаддиёни онро навишта гирифтам. Вақте бегоҳӣ бародарам аз кор баргашт, хоҳиш кадам, ки занг зада, шартҳои озмунро фаҳмад. Хулоса, манн ба озмун роҳ ёфта ғолиб омадам ва иҷрои нақши Нурбону насибам шуд.

-Ба фикратон аз ӯҳдаи иҷрои нақш ба хубӣ баромада истодаед? Вақте «Ҳомиён»-ро тавассути телевизион тамошо мекунед, аз нақшофариятон қаноатманд мешавед?

-Рости гапро гӯям, не. Вақте ҳар як лаҳзаи нақшофарии худро тамошо мекунам, ҳамеша дар сарам чунин андеша чарх мезанад, ки «агар ин хел нею анна ин хел рафтор мекардам, хубтар мебаромад». Ҳамеша мехоҳам ба нақшофариям баҳо диҳам, аммо то ҳанӯз ҳам баҳои мусбат дода наметавонам.

-Дар рафтору гуфтори худатону қаҳрамонатон- Нурбону ягон умумияте ҳаст?

-Не, мо тамоман баракси ҳамдигарем. Нурбону андаке бадҷаҳлу эрка аст. Вақте падару модарам «Ҳомиён»-ро тамошо мекунанд, аз манн мепурсанд «Ту ин қадар духтари мулоиму шармгин ҳастӣ, чӣ тавр тавонистӣ, ки ин хел дод занӣ ё баланд гиря кунӣ?».

-Волидонат ба нақшофарии ту зид набаромаданд?

-Не, онҳо доимо маро рӯҳбаланд мекунанд. Баъзан наворбардории филм то нисфи шаб давом мекунад, аммо онҳо заррае хавотир намешаванд, медонанд, ки духтарашон бо одамони нексиришт кор мекунад.

-Воқеан, муносибати шумо бо падари дуюматон- комиссар Наҷиб чӣ тавр аст?

-Мисли падару духтар! Бовар кунед, ман ин суханро бея гон муҳоббот мегӯям. Бо дигар ҳунармандон низ мисли аҳли як хонаводаем.

-Дар вақти бекориятон ба чӣ машқулияте худро банд менамоед?

-Вақти бекорӣ умуман надорам. Дарс, курси забони англисӣ, корҳои хонаводагӣ. Бо вуҷуди ин агар як-ду соат вақт ёбам, ба дӯкони падарам рафта ба он касс кӯмак менамоям.

-Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худро озод ҳис мекунед?

-Не, ҳама маро чун Нурбону- духтари Наҷиб комиссар мешиносанд. Ин бароям фахр аст, аммо баъзан мехоҳам аз нигоҳу суханони одамон дуртар бошам. Бо вуҷуди ин манн бо итминони комил мегӯям, ки «Ҳомиён» маро- як духтараки шармгинро миёни мардум машҳӯр кард.

-Орзуи деринаат чист?

-Ба консерватория дохил шуда, истеъдоди актёриамро такмил додан мехоҳам.

-Ташаккур, ки вақтатро дареғ надошта бо мо ҳамсӯҳбат шудӣ.

-Саломат бошед.

«Муҳаббат ва Оила»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s