ЧАРО НИГОРА ШУКРОНА МЕКУНАД?


Нигора Холова

Нигора Холова

Хонандаи азиз, мо бо ҳунарманди маҳбуб Исматулло Холов ва фарзандонаш Нигораву Суруш сӯҳбате анҷом додем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем:

— Исматулло солҳои охир шуморо дар саҳнаи ҳунар намебинем. Чаро?

— Ҳар чиз давру замони худро дорад. Бигзор имрӯз ҷавонон рӯи саҳна ҳунарнамоӣ кунанд. Дар тамоми соҳа бояд ба ҷавонон такя кунем, барои онҳо роҳ кушоем. Онҳо, ки ояндаи мо ҳастанд, бигзор кори моро пеш баранд, рушд бахшанд.

Аммо аз саҳна дур будан маънои онро надорад, ки ман дар саҳна нестам, вале худро таблиғ намекунам.

— Замоне сарояндаи пуровоза будед. Оё он вақт худро ситора меҳисобидед?

— Он вақт, дар замони Шӯравӣ шароит дигар буд. Ҳамаро бо як чашм медиданду дар як сатҳ нигоҳ медоштанд. Ҳунарманд қадр мешуд, вале ӯро ситора намегуфтанд. Ин ном баъд пайдо шуд.

— Фарзандони шумо — Нигора ва Суруш сарояндагони шӯҳратёранд, оё онҳоро ситора меҳисобед?

— Не! Ман ба назари худ устуворам. Нигораву Суруш ҳунармандони муваффақ ҳастанд. Аммо метавон Аҳмад Зоҳир, Гугуш, Муинро ситора номид. Устодон Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ…ситораҳои ҳақиқӣ ҳастанд.

— Одамони ҳунарманд дили ҳасос доранд. Се ҳунарвар дар як хона чӣ гуна бо ҳам муросо мекунанд?

— Дар хонадони мо суннатҳои неки миллиамон риоят мешавад. Фазои поки муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ хонаводаи моро гарм мекунад.

— Ҳунарпешагӣ дар хонадони шумо авлодӣ аст ё ин корро шумо оғоз кардед?

— Падарам, Абдулло Хол, дар мактаб муаллими мусиқӣ буданд. Он кас асбобҳои халқиро хуб менавохтанд. Ман низ аз падар пайравӣ кардам.

— Пешаи сарояндагӣ чӣ душворӣ дорад?

— Инсон барои сарояндаи касбӣ шудан бояд заҳмати бисёр кашад. Аммо мушкилоти дигар ҳам ҳаст. Шеъри хубу оҳанги хубро мехарӣ, барои банду басти оҳанг пул медиҳӣ, наворбардорӣ ҳам бе ҳақ намешавад. Вале вақтҳои охир Шабакаи Аввали телевизион дарашро ба рӯи ҳунармандони асил боз кардааст ва сабтҳояшон ҳам бепул аст.

— Зиндагӣ саршори ғаму шодӣ аст. Лаҳзаҳои маҳзунӣ кадом тарона ё оҳанге маҳрами рози шумо мешавад?

— Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист, мегӯянд. Дӯстони зиёде ба монанди Кароматуллои Қурбон, Холмуҳаммад Шарифиён, Нарзуллои Саидалӣ, Нурои Қурбон, Шерафгани Қурбон моро падруд гуфтанд. Дар он лаҳзаҳое, ки ёдовар шудед, ман таронаи шоир ва оҳангсози афғон Амирҷон Собирӣ:

Шаҳр холӣ, кӯча холӣ, хона холӣ,

Ҷом холӣ, суфра холӣ, соғару паймона холӣ

-ро замзама мекунам ва оҳанги ҳамин суруд ҳам ба ман таъсири аҷибе мерасонад.

ШӮҲРАТПАРАСТӢ МУҲАББАТРО МЕГУРЕЗОНАД

— Нигора, пешаи сарояндагиро бо таблиғи падар интихоб кардӣ?

— Падари ман дилбохтаи санъатанд. Ман таронаҳои он касро ҳанӯз дар овони хурдӣ ҳамеша дӯст медоштаму гӯш мекардам. Ноаён ишқи сарояндагӣ дар дили ман бедор шуд. Падарам такягоҳ, мададгор ва муаллими ман шуданд.

— Оҳангу таронаҳоро чӣ гуна интихоб мекунӣ?

— Падарам на танҳо сароянда, балки оҳангсози хуб ҳастанд. Ба ман пеш аз ҳама он кас ёрӣ мерасонанд. Бо дигар оҳангсозон ҳам ҳамкорӣ мекунам.

— Дар интихоби суруд чӣ?

— Мо бо шоирони маҳбуб, устод Меҳмон Бахтӣ, Ҳабибулло Нозирӣ, Хайрандеш ва Нуруллои Ориф ҳамкорӣ дорем.

Нигора Холова

Нигора Холова

— Мухлисони зиёд, шӯхрату маҳбубият туро саргаранг намекунад?

— Ман ҳамаи мухлисонамро ҳурмат мекунам, мекӯшам сазовори бовариашон бошам. Шӯҳратпарастӣ одамро аз санъат дур мекунад. Муҳаббати мухилисонро мегурезонад.

— Ҳофизоне ҳастанд, ки сурудҳои сусту хасакӣ мехонанд, ту ба ин чӣ назар дорӣ?

— Ҳунарпешаи асил сурудҳои харобу хасакиро интихоб намекунад. Агар мағзи суруд хароб бошад, онро шунаванда қабул намекунад. Ман бо машварати падарам барои интихоби дуруст ба шоирон муроҷиат мекунам.

— Оё берун аз Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардаӣ?

— Бале, дар Туркия, Русияву Ӯзбекистон консертҳо баргузор кардаам.

— Ба ғайр аз сарояндагӣ ба ягон кори дигар шавқ дорӣ?

— Пазандагӣ мекунам, расм мекашам.

— Расм?

— Дар овони кӯдакӣ кашидани расми қаҳрамонони филмҳои тасвириро дӯст медоштам, ҳоло бошад кашидани расми манзараҳоро хуш дорам.

— Яъне манзараҳои табиатро дӯст медорӣ?

— Хеле дӯст медорам. Он ба ман рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

СУРУШ БО НИГОРА ҚАҲРӢ ШУД

— Суруш, мегӯянд, ки ба ту духтарони зиёде ошиқанд.

— Онҳо мухлисони мананд, ба суруду мусиқӣ ишқ доранд.

— Дар ягон ҷо таҳсил мекунӣ?

— Ман мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваро бо ихтисоси пионинонавоз хатм кардам. Ҳоло бошад донишҷуи соли чоруми консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳастам.

Cуруш ва Нигора

Cуруш ва Нигора

— Туву Нигора худро ситора меҳисобед?

— Дар ин бора ман ба андешаи падарам розиам. Ишқи ҳунар касро ба талош кардан ва барои ба орзуи дил расидан таҳрик мебахшад.

— Дар тӯю маъракаҳои мардум ширкат мекунӣ?

— Санъаткор фарзанди миллати худ аст. Аз мардум ҷудо буда санъаткор шудан имкон надорад. Онҳо моро эҳтиром ва сурудҳоямонро гӯш мекунанд. Дар хизмати мардум будан, бо онҳо нафас кашидан, ба онҳо хурсандӣ бахшидан бахти калон аст.

— Гапи фарзандони як оила ҳам баъзан мегурезад. Бо Нигора боре қаҳрӣ шудаӣ?

— Чи хеле, ки падарам гуфтанд, мо дар хонадони зиёӣ тарбият ёфтем. Ба расму русуми миллиамон эҳтиром дорем. Модарам ҳам маълумоти олии омӯзгорӣ доранд. Нигора духтари камгап, меҳрубон ва боистеъдод аст. Магар мешавад ба чунин хоҳар гапи сахт гӯӣ ё қаҳрӣ шавӣ. Нигора механдад, ман ба ӯ рӯ оварда мепурсам:

— Рӯзи якуми май дар Кохии Борбад консерт баргузор мекунед. Ман акнун фаҳмидам, ки ту бесабаб номи онро «Шукрона» нагузоштӣ, яъне бо доштани ҳамин гуна бародар шукр мекунӣ.

— Шукри падарам, шукри Суруш, шукри модарам, шукри мухлисон, шукри Тоҷикистон, шукри ҳама чизи хубу зебо, ки Худо ба мо додааст.

Ҳамин ҷо Исматулло Холов аз гуфтори фарзандонаш ба завқ омада мегӯяд:

— Номи «Шукрона»-ро Нигора пешниҳод кард. Ман аз ин пешниҳоди ӯ хеле шод шудам. Эҳсос кардам, ки духтари ман ба қадри ҳунар, мардуми кишвар, Ватани азиз мерасаду шукр мекунад. Охир мардуми мо азоби солҳои навадумро аз сар гузаронд. Пас бояд мо шукронаи сулҳу амонӣ, Ватану давлати азизамонро кунем. Ин шукргузориро бо суруд, шеър, мусиқӣ, меҳнати бунёдкорона баён созем. Худо хоҳад дар ин консерт Нигораву Суруш хуштарин таронаҳоро бо оҳангҳои марғуб барои мухлисон пешкаш мекунанд. Ман бори дигар ба Суруш рӯ меорам:

— Ба назари ту қадри ҳунармандро чӣ паст мезанаду чӣ боло мебардорад?

— Ҳунарпешаро ҳама мешиносанд. Ба рафтору гуфтори вай аҳамият медиҳанд. Ҳастанд нафароне, ки ба тӯю маракаҳои мардум рафта майнӯшӣ мекунанд, суханҳои нодуруст, рафтори ноҷо мекунанд. Албата ин ва ба ҳамин монанд корҳо ба санъаткор намезебад, қадри ӯро паст мезанад.

— Ту ҳам мисли Нигора ҷодаи санъатро интихоб кардӣ?

— Маро ишқи ҳунар рӯи саҳна овард. Падарам бароям устоди беназире ҳастанд ва ман шодам, ки хамин гуна падар дорам.

— Ба гумонам Нигора ҳам чизе гуфтан мехоҳад?

— Ман аз ҳамаи муштариёни ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила» миннатдорам, ки ба ҳарфи дили мо гӯш доданд. Кормандони ҳафтанома ва ҳамаи хонандагонро ба консерти «Шукрона» даъват мекунам.

— Барои сӯҳбат ба шумо низ ташаккур мегӯям.

-Саломат бошед!

Масрур , «Муҳаббат ва оила»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s