ТАРОНАИ МУҲОҶИРОН


Наимҷони Сайдалӣ

Наимҷони Сайдали

Мавзӯъи муҳоҷират ҳанӯз аз авоили солҳои 90-ум дар оҳангҳои овозхонони тоҷик мунъакис шуда буд. Он замон яке аз нахустин таронаҳое, ки аз пазироии гарм бархурдор шуд, таронаи «Ғарибӣ»-и Муборакшо Мирзошоев буд. Оҳангу таронаҳои зиёде дар чанд соли ахир дар ин мавзӯъ суруда шудаанд. Ҳамчунин, теъдоди алоқамандони ин навъи оҳангҳо низ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон меафзояд, зеро қариб, ки аз ҳар хонаводае имрӯзҳо як ё ду нафар дар муҳоҷират ҳастанд. Бархе аз муҳоҷирон баъзан 5 то 10 сол ба ватан барнамегарданд.

Овозхонҳо низ ба хотири маҳбубият пайдо кардан дар ин мавзӯъ сурудҳо мехонанд ва дар наворҳои видию ҳаёти сангини муҳоҷирбачаҳои тоҷикро дар Русия нишон медиҳанд. Наимҷони Сайдалӣ, овозхони ҷавоне аз шаҳри Қурғонтеппа, баъди 5 соли овозхонӣ бо Ҳанифаи Қурбон, овозхони маҳаллӣ, дар мавзӯъи «Ғарибӣ» таронае забт намудаанд, ки барои онҳо маҳбубияти зиёд овардааст.

Наимҷони Сайдалӣ

Наимҷони Сайдали

Дар сӯҳбате, ки Наимҷони Сайдалӣ бо ҳамкорам Орзу дар шаҳри Қурғонтеппа дошт, мегӯяд онҳо ду қисми оҳанги “Ғарибӣ”-ро забт кардаанд ва ҳоло барои забти қисмати севуми ин тарона омодагӣ мегиранд. Мисли Наимҷон чандин овозхоне таронаҳо дар мавзӯъи муҳоҷират хондаанд, вале Наимҷон мегӯяд, ки ин тарона ба пешниҳоди таҳиякунандаи барномаҳояш ва як гурӯҳ занҳое эҷод шуда, ки фарзандонашон дар муҳоҷирати корӣ будаанд.

Наимҷони Сайдалӣ

Наимҷони Сайдали

Наимҷон дар видиюи оҳангҳояш, нақши муҳоҷирбачаи тоҷикро, ки дур аз модару ватан мебошад, бозӣ мекунад. Агарчи ба назар мерасад, вай нақши худро дар видиюклип ба таври ҳирфаӣ наофарида, вале аз сӯйи тамошобинон, бахусус муҳоҷирон, хуб пазируфта шудааст. Вай қасд дорад, ки дар ҳамин мавзӯъ таронаҳои бештаре хонад ва дар видиюклипҳо нақши муҳоҷиронро бозад. Наимҷони Сайдалӣ аз хонаводаи ҳунармандон мебошад, вале мегӯяд маҳбубияташ на ба хотири падари ҳунармандаш, балки ба мавзӯъи таронаҳояш бастагӣ дорад.\

Би-Би-Си

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s