ОЁ МАНСУР НИГМАТОВ «ТАҒАГӢ» МЕКУНАД?


МАНСУР НИГМАТОВ

МАНСУР НИГМАТОВ

Мансур Нигматов солҳост, ки барои баргузор кардани барномаҳои консертӣ, фестивал-озмунҳо заҳмат мекашад. Дар кадом сатҳ гузаштани ин чорабиниҳои муҳим аз фаъолияти ӯ вобастагӣ дорад. Мо атрофи ҳамин мавзӯъ бо Мансур сӯҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем:

-Мансур, вақтҳои охир дар фаъолияти шумо пешравиҳо ба назар мерасанд. Мақсад аз гузаронидани фестивал-озмуни «Ғунчаҳои истиқлол» чист?

-Мақсад аз гузарондани чунин чорабинӣ ҷалб намудани насли наврас, ки истеъдоди овозхонӣ, раққосӣ ва рассомӣ доранд мебошад. Мехоҳам орзуи наврасонро ҷомаи амал пӯшонам, то ба орзуи деринаи хеш, ки онро амалӣ гардонда наметавонистанд, бирасанд.

-Хуб, сатҳи чорабинӣ то имрӯз дар кадом сатҳ аст. Оё сафи довталабон зиёданд?

-Бале, бештари онҳо наврасони то сини 12 соларо дар бар мегирад.

-Аз ноҳияҳои дурдасти минтақа низ ташриф меоранд?

-Бале, зиёданд ҳавасмандоне, ки аз вилояти Бадахшон, Суғд ва Хатлон бо мо дар тамос шуда, суроға ва шартҳои озмунро пурсон мешаванд.

-Пас тариқи ҳафтаномаи «Муҳаббат ва Оила» имкон доред суроғаи аниқатонро бигӯед…

-Албатта! Суроғаи мо шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 6а, ошёнаи 1, маркази савдои «Мармариён», назди «Садбарг».

-Роҳхат ба Туркия, ноутбук ва оинаи нилгунро кадоме аз саховатмандон ба зимаи худ гирифтанд?

-Бо иҷозат ва дастгирии раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев озмун ташкил хоҳад шуд ва ҷоизаи аввалро низ он кас месупоранд. Роҳхат ба Туркия, ноутбук ва оинаи нилгунро бошад, Муродов Илҳомҷон Бобоҷонович ба ӯҳда гирифтаанд.

-Мансур, то ҷое огаҳ ҳастам, бештари консертҳои ситораҳои санъати тоҷикро бомуваффақият анҷом додаед. Боварӣ доред, ки ин озмуни ташкилнамудаатон низ дар сатҳи олӣ мегузарад?

-Иншоллоҳ, аз Худованд умед дорам, ки ба мақсади хеш бирасам. Ногуфта намонад, ки то ба имрӯз чӣ қадар консерту чорабиниҳое, ки ташкил накарда бошам, ҳеҷ гоҳ ноумед нагардидаам. Чунки дар консертҳои ҳунармандоне, ки ман мегузаронам, ҳамеша толор пур аз тамошобин буду онҳо ноумед нарафтаанд.

-Озмун чанд муддат давом меёбад?

-Қабули комиссия то 25 апрел давом дорад.

-Мансур, бештари аз ташкилкунандагони чунин озмунҳо ба қавле «тағагӣ» намуда, ҷои аввалро ба ягон хеши наздики худ медиҳанд…

-Ширкати «Тоҷикон Ҳолидей» дар муддати фаъолияти ҳафтсолааш, ки бо кулли санъаткорон ҳамкорӣ дорад, боре касеро фиребу ноумед нагардондааст. Озмун дар ҳайати комиссияе мегузарад, ки ҳатто мо шахсияти онҳоро намедонем. Ҷоизаҳо насиби нафароне мегардад, ки дар ҳақиқат санъати хешро бо маҳорати баланд нишон дода тавонанд.

-Боз киҳо фестивал-озмуни «Ғунчаҳои истиқлол»-ро сарпарастӣ мекунанд?

-Сарпарасти кулл кохи ҷавоҳироти «Ақиқа», сарпарастони дигар ширкатҳои «Туркиш Эйлранс», «Фаберлик», «Вавилон-Мобайл», «Аспендос тревел», ширкати мебелҳои «Килим» ва «Шоҳона» мебошанд. Аз сарпарастони итиллоотӣ бошад, «Рекламная газета», ҳафтаномаҳои «Аладдин», «Зан ва Мард», «Вечерний Душанбе» ва радиои «Садои Душанбе», «Афм», «Ватан» ва «Дунёи нав» мебошанд.

-Мансур, ба замми ташвишҳои зиёд нигоҳ накарда, боз консерти Нигора ва Сурушро ба ӯҳда гирифтед. Ин қадар ҷонфидоӣ баҳри чист? Боз ҳамон даромади иловагӣ ё…

-Принсипи ширкати «Тоҷикон Ҳолидей» ин дастгирӣ намудани ҷавонони соҳибистеъдод мебошад. Аз ин рӯ ман тасмим гирифтам, ки консерти овозхонони ҷавон Нигора ва Сурушро ба зима гирам. Ногуфта намонад, ки консерти Нигора ва Сурушро бо ҳамроҳии режиссёр Баҳриддин Раҷабов бо диди нав, бо шоубарномаҳо ва бениҳоят ҷолибу тамошобоб таъсис хоҳем дод. Аз ин рӯ ба тамоми мухлисони Нигора ва Суруш гуфтаниям, ки аз ба консерт омаданашон пушаймон нахоҳанд шуд.

-Нархи чиптаҳо чӣ миқдор аст?

-Қабати аввал 70 сомонӣ, миёна 50 сомонӣ ва нишастгоҳи боло 30 сомонӣ арзиш дорад.

-Мансур, тӯли 7 сол аст, ки ширкати «Тоҷикон Ҳолидей» фаъолият дорад ва то ҷое огаҳ ҳастам худ танҳо ҳастед. Чаро?

-Чунки ба ҳеҷ кас боварӣ надорам ва фикр мекунам, он кореро ман ба анҷом мерасонам, ки ба дилам касе кор карда наметавонад.

МАНСУР НИГМАТОВ

МАНСУР НИГМАТОВ

-Пас чаро дар лоиҳаи мазкур ба худ ёрдамчӣ гирифтед?

-Азбаски аввалин маротиба чунин як озмуни калонро ба ӯҳда гирифтаам ва фикр кардам, ки танҳо аз ӯҳдааш намебароям. Аз ин рӯ ба худ якчанд нафарро ба ҳайси ёрдамчӣ дар паҳлӯи худ гирифтаам. Дар ташкил намудани консертҳо бошад, гарчанде мушкилиҳо ба чашм расанд ҳам, фикр мекунам барои ман кори саҳл аст.

-Киҳо ба шумо кӯмак мерасонанд?

-Рустам Мирзоев, Далер Беков, Шӯҳрат Қурбонов ва Умари Пӯлод ба ман кӯмак мерасонанд.

-Мансур, чӣ тавр ба шумо даст дод, то чунин як озмуни калонро ба ӯҳдаи шумо вогузор намоянд?

-Лоиҳаи мазкурро ба ман Муродов Илҳомҷон Бобоҷонович боварӣ намуда супориданд, ки аз он кас хело минатдорам. Дар ташкил намудани ҷои озмун низ он кас саҳми худро гузоштаанд.

-Киҳо метавонанд иштирокчии фестивал-озмуни «Ғунчаҳои истиқлол» гарданд?

-Кӯдакон, наврасон ва ҷавонони то сини 20 сола, ки истеъдоди хуби сарояндагӣ, раққосӣ ва рассомӣ доранд метавонанд ташриф оранду бурд кунанд.

-Дар гузаронидани консертҳо низ танҳо саҳми шумост ва ё ба худ ёрдамчие доред?

-Тамоми банду басти консерт, ороиши толор ва шоубарномаҳоро танҳо худам мегузаронам ва шукр мекунам, ки то ба ҳол касе аз кори ман афсӯс нахӯрдааст.

-Дар анҷоми сӯҳбат шояд гуфтание дошта бошед?

-Шахсан ман минатдории хешро ба раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев мерасонам, ки он кас мо ҷавононро дастгирӣ намуда, дар роҳу равиши санъату фарҳанги тоҷик саҳми беандозаи худро гузоштаанд. Мақсади ман аз ташкил намудани озмуни дар боло зикрнамуда, танҳо ҷавононро дастгирӣ намудану санъати тоҷикро ба қуллаҳои баланди истеъдод бурдан аст. Нафароне, ки истеъдод доранд, марҳамат ба озмун ташриф оранд ва бурд кунанд. Дар оянда насли наврасро дастгирӣ намуда, дар сабти албоми рақсу сурудҳо кӯмаки хешро дареғ намедорам.

-Барои чунин сӯҳбати пурмӯҳтаво аз шумо сипосгузорам.

-Саломат бошед!

«Муҳаббат ва Оила»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s