ГУРӮҲИ “САМО” ПАНҶСОЛА ШУД


ГУРӮҲИ “САМО”

ГУРӮҲИ “САМО”

Дар баономаҳои қаблӣ мо ҳамеша бо аъзои гурӯҳи ”Само” мусоҳибаҳое доштем ва оҳангу таронаҳои онҳоро дар барномаи тафреҳӣ барои шумо пахш намудаем. Гурӯҳи «Само» Рӯзи 27 май, соъати панҷи бегоҳ, дар Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе гурӯҳи “Само” аз панҷсолагии таъсисёбии худ дар ҳузури алоқамандонаш таҷлил кард. Ман пештар сӯҳбате доштам бо бачаҳои гурӯҳи “Само”. Узви аз ҳама ҷавонтарини ин гурӯҳ, Қурбоҳасен, даф ва тунбак ва ё, ба забони тоҷикӣ, таблак менавозад.

Далер Паллаев созҳои зарбӣ, мисли даф ва доираву табл, менавозад. Файзмамад, ки дар гузашта дар мактаб барои шогирдон аз фанни мусиқӣ дарс мегуфт, дар гурӯҳ рубоби бадахшонӣ ва танбур менавозад. Шавқмамад Пӯлодов ҳам қабл аз ба гурӯҳи “Само” омадан устоди мактаби миёна буд. Оқои Шавқмамад сетор ва рубоб менавозад. Ҳамчунин устои созтарош ҳаст, ки сетор ва рубобу танбур метарошад.

ГУРӮҲИ “САМО”

ГУРӮҲИ “САМО”

Раҳбари ин гурӯҳ Шанбе Мамадгаминов навозандаи най, камонча ва ё, ба забони тоҷикӣ, ғиҷҷак, аст ва дар аксари маворид оҳангсозӣ ҳам мекунад. гурӯҳи «Само» Чунон ки оқои Шанбе мегӯяд: «Ҳамаи аъзои ин гурӯҳ овозхонӣ мекунанд ва ҳамчунин мерақсанд. Дар ин панҷ соли фаъолияти ҳунариаш гурӯҳи “Само”дар даҳ кишвари дунё барномаҳои кунсертӣ иҷро намудааст ва ҷаҳониёнро бо мусиқии мардумии Бадахшон ошно намудааст.»

ГУРӮҲИ “САМО”

ГУРӮҲИ “САМО”

Дар ин миён се олбуми оҳангҳои гурӯҳи “Само” ба дасти алоқамандони ҳунарашон расид, ки дар иҷрои оҳангҳо дар ин олбумҳо аз созҳои мардумӣ истифода шуда, ки солҳои охир мусиқинавозони дигар аз ин созҳо дар мусиқиҳояшон истифода намекунанд. Ҳамчунин, суруду таронаҳои қадимӣ, ки фаромӯш шуда буданду ҳатто сабти ин оҳангҳо низ вуҷуд надошт, гурӯҳи “Само” онҳоро дубора зинда карду ба онҳо умри дубора бахшид.

Би-Би-Си

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s