ФИЛМИ “ХОКПАЙВАНД”


Ҳофиз

Ҳофиз

Ин ҳафта дар собиқ Хонаи синемо ва ҳоло толори синемохонаи телевизиюни “Сафина” нахустнамоиши филми ҷадиди Абдулҳай Зокиров, коргардони ҷавон, бо номи “Хокпайванд” баргузор шуд. Филм аз рӯйи як асари Аброри Зоҳир сохта шудааст. Гулрухсор Сафӣ, шоъири маҳбуби тоҷик, баъд аз тамошои филм гуфт хурсандиовар аст, ки ҷавонони лаёқатманд рӯйи саҳнаи ҳунар омадаанд ва сарфи назар аз душвориҳо талош мекунанд, ки муъаррифгари замони худашон бошанд. Вай афзуд: ”Ин мавзӯъе, ки Абдулҳай ба он даст задааст, шояд чанд сол қабл ба ин мавзӯъ даст заданро иҷоза намедоданд.”

Абдумӯъмин Шарифӣ, ҳунарпешаи Теотри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, мегӯяд, ки як андоза кори коргардонӣ дар ин филм хом аст ва коргардон ба чанд иштибоҳи ҷузъӣ роҳ додааст. Аммо Ҳофизи даҳсола, ки нақши қаҳрамони аслии ин филмро офаридааст, мегӯяд, ки барои нахустин бор аст, ки дар як филм нақш меофарад. Вай мехоҳад дар оянда ҳунарпешаи синемо шавад. Ҳофиз дар филми “Хокпайванд” нақши Роберт, писарбачаи яҳудиеро, ки ошиқи кабутаронаш асту намехост бо падар ва модараш барои ҳамеша аз Тоҷикистон ба Исроил биравад, бозӣ кардааст. Ин як филми трожедӣ аст, ки қаҳрамони аслӣ дар охири достон мемирад.

Абдулҳай, коргардони филми “Хокпайванд”, дар бораи душвориҳое, ки дир таҳияи филм бо онҳо рӯбаӯ шуд, чунин гуфт: “Мисли ҳамеша камбуди манобеъи молӣ мушкили аслӣ буд. Агар буҷети филм бештар мебуд, боз чанд саҳнаи дигар низ филмбардорӣ мекардем.”

Абдулҳай мегӯяд як қиссаи ки Латофат Насриддинова навиштааст достони модаре ки гуноҳи фазандашро бардӯш гирифта зиндони мешавад таваҷҷӯҳи ӯро ба худ ҷалб кардаст ва бо пайдо шудани маблағ мехоҳад аз рӯи ин достон филмеро наворбигирад

Би-Би-Си

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s