ҲАЗОРАИ «ШОҲНОМА»


Дона Баҳром

Дона Баҳром

Имсол дар аксари кишварҳои дунё аз ҳазораи “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ ҷашн гирифтанд. Дар Тоҷикистон низ ба ибтикори Вазорати фарҳанг ва Иттиҳодияи оҳангсозони Тоҷикистон маҳфиле баргузор шуд, ки дар он шуъаро ва мусиқишиносону сарояндаҳо ва пажӯҳишгарон дар бораи ин асари безаволи Фирдавсӣ суханронӣ карданд. Яке аз ширкаткунандагон ва дастандаркорони ин маҳфил Дона Баҳром, ҳунарманди шоиста ва устоди ҳунаристони ба номи Талабхуҷа Сатторов, ин ҳафта меҳмони барномаи тафреҳии тоҷикӣ буд. Ба гуфтаи оқои Баҳром, аз матни «Шоҳнома» пайдо намудани порчаҳое, ки аз онҳо баъдан суруд ва ё таронае офарида мешавад, кори мушкил ва хеле дандоншикан будааст.

Масалан барои эҷоди суруд дар бораи хирад ва ё таронае дар васфи некӣ оқои Баҳром «Шоҳнома»-ро аз аввал то ба охир мурур карда ва шоҳбайтҳои заруриро пайдо кардааст. Дар сохтани оҳанг барои ин сурудҳо низ ин овозхони маъруф бо мушкилоти фаровоне дучор шудааст. Худи устод Дона Баҳром дар ин бора гуфт: «Дар замони Шӯравӣ қабл аз забти оҳанг дар родию ва ё телевизиюн ҳайъати таҳририя оҳангҳоро гуш мекард ва баъдан иҷозаи забт ва ё пахши оҳангро медод.»

Дона БаҳромБа гуфтаи оқои Баҳром, шуъаро, нависандаҳо, оҳангсозон ва дар баъзе авқот муаррихон низ дар ин ҳайъат шомил буданд. Онҳо бештар ба ҷанбаҳои сиёсӣ ва идеулужики оҳангҳо таваҷҷӯҳ мекарданд. Вай гуфт: «Вақте ки ман оҳанги “Тавоно бувад ҳар ки доно бувад”-ро пешниҳоди ин ҳайъат намудам, онҳо баъди шунидан таъаҷҷуб карданд, зеро дар чунин зарб ҳаргиз оҳанге нашунида буданд.»

Суханшиносон мегӯянд, ки «Шоҳнома» аз аввал то ба охир дар як вазни арӯз, дар баҳри мутақориби мусаммани мақсур, навишта шудааст. Бино бар ин, эҷоди чандин оҳанги мухталиф дар як вазн барои оҳангсоз кори хеле мушкил аст. Вале Дона Баҳром аз ӯҳдаи иҷрои ин кор бахубӣ баромадааст.

Ӯ дар ҳамин вазни «Шоҳнома» бо истифода аз шоҳбайтҳои он қариб даҳ оҳанги гуногун эҷод намуда ва дар як барномаи телевизиюнӣ 20 сол қабл онҳоро пешкаши тамошобинон кардааст. Аммо устод Баҳром аз он изҳори таассуф кард, ки ин барнома дар ин авохир дар телевизиюн пахш намешавад.

Би-Би-Си

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s