ДИЛБОХТАГОНИ ТАРОНАҲОИ ҲИНДӢ


Парвина

Парвина

Суҳайло ва Парвин ду духтари тоҷик ки ҳарду ошиқи оҳангу таронаҳои ҳиндӣ ҳастанд инҳафта дар меҳмонии барномаи мо буданд ва аз нозукиҳои омузиши мусиқии клоссикии ҳиндӣ бароямон сӯҳбат карданд. Парвинбону фориғуттаҳсили факултаи иқтисоди Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон аст. Соли 2003 дар назди сафоратхонаи Ҳиндустон Маркази фарҳангӣ кушода мешавад ки барои алоқамандон онҷо забони англисӣ, ҳиндӣ ва созҳои мусиқӣ аз ҷумла табла ва ҳармонияву рақси клоссики “Катак” меомухтанд. Парвин яке аз аъзои фаъоли ин Марказ мешавад.

“Ман аз хурдӣ ба хондани сурудҳои ҳиндӣ зиёд шавқ доштам. Вале чун дар машғулиятҳои Маркази фарҳангӣ ширкат кардам, дидам, ки рақси классикии ҳиндиро низ дӯст медошам ва ман тӯли яку ним сол рақси классикии ҳиндиро аз худ кардам.

Суҳайло ва Парвина

Суҳайло ва Парвина

Баъди яку ним сол давлати Ҳиндустон ба ман роҳхате дод, ки тибқи он таҳсиламро дар риштаи рақси классикии ҳиндӣ дар Ҳиндустон давом додам. Онҷо бо кушишу талошҳои зиёд маро ба риштаи вокал, яъне сурудхонӣ, гузаронанд.” Комилан ин мусохибаро бо Парвин бону ва Суҳайло ва намунае аз оҳангҳояшон бо пахши линки садоии барномаи тафреҳӣ бишнавед.

 

Суҳайло

Суҳайло

Суҳайло ҳамсухбати дигари мо ки ҳамчунон дар маркази фарҳангии Ҳиндустон рақси “Катакро” омӯхтааст дар барномаҳои қаблӣ шунавандаҳои барнома таронаҳои ба забони ҳиндӣ сурудаашро шуниданд ва ин навбат низ таронаи ҷадиде забт кардааст ки дар барнома як пораеро аз ин оҳанг пахш кардем. Суҳайло мегӯяд чанд оҳанги тоҷикӣ омода кардааст ки дар зудтарин фурсат онҳоро забт мекунад. Ҳоло бошад аз дӯстонаш дар Ҳиндустон даъватнома гирифтааст ва қасди сафар дорад.

 

Би-Би-Си

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s