Шаҳроми Абубакр: ДУХТАРОНРО БА УМЕД НАМЕКУНАМ


Шаҳроми Абубакр

Шаҳроми Абубакр

Шаҳроми Абӯбакр ҳунарманди ҷавонест, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонист бо суруду таронаҳои дилангези худ ба дили садҳо мухлисон роҳ ёбад. Шаҳром эҳтиёҷ ба муаррифӣ надорад, лекин фақат ҳаминро мегӯям, ки ӯ шахси хоксору қавиирода аст ва барои мухлисон шабу рӯз заҳмат мекашад, то ки бо сурудҳои тоза ба тозаи худ қалби онҳоро шод гардонад. Инак, мо сӯҳбате оростем бо Шаҳром, ки фишурдаи онро пешкаши шумо, хонандагони азиз, мегардонем. Шаҳромҷон, чаро вақтҳои охир сурудҳоятон аз дарду нокомӣ қисса мекунад?

-Ташаккур, фасли баҳор фасли ишқу орзуҳост, фасли сӯхтану сохтанҳост, аз ҳамин сабаб сурудҳои ошиқона мехонам, то ки шунаванда аз он лаззат барад. Ва кӯшиш мекунам, ки бо суруду таронаҳоям дарди ошиқонро баён кунам.

-Худ ошиқ ҳастед?

-Ошиқам, ба андешаи ман инсони санъаткор бояд ошиқ бошад, то сурудҳоро ба тавре сарояд, ки тамоми ҳастии ошиқонро эҳсос кунад. Бе ишқ зиндагӣ маъно надорад.

-Пешаи санъаткориро бо таблиғи падар ва амакҳоятон интихоб намудед?

-Бале, санъаткорӣ дар оилаи мо авлодӣ мерос мондааст, ман ҳам пайрави амакҳоям ва падарам ҳастам. Оянда кӯшиш мекунам, ки касби падариро ба дигар фарзандон ё шогирдон биомӯзам.

-Санъаткорӣ чӣ мушкилиҳо дорад?

-Бале, хуб қайд кардед. Санъаткорӣ мушкилиҳои зиёд дорад, лекин ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, кӯшиш мекунам беҳтарин суруду таронаҳоро пешкаши шунавандаи хеш гардонам.

Шаҳроми Абубакр

Шаҳроми Абубакр

-Мегӯянд, ки шахсони ҳунарманд дили нозук доранд. Дили Шумо ҳам нозук аст ё …?

-Бародари азиз, санъаткор дили нозук дорам гуфта гардад, нияти ба мақсад расиданаш душвор мегардад. Ман ҳам дили нозук надорам. Мо санъаткорон дили кушоду пур аз шодиву нишот дорем.

-Шумо худро ситора меҳисобед?

-Аслан шахсе, ки худро таърифу тавсиф мекунад, дӯст намедорам. Ман худро ҳаргиз ситора намеҳисобам. Метавон Аҳмад Зоир, Кароматуллои Қурбон, Муин ва Гугушро ситора ҳисобид. То ситора ном гирифтан ҳунарманд бояд заҳмати зиёд кашад.

-Танҳоиро дӯст медоред?

-Танҳоиро дар ҳамон ҳолат мехоҳам, ки асабонӣ бошам ва дар он ҳолат худро танҳо дидан мехоҳам, то ки касеро наранҷонам.

-Зиндагӣ саршори ғаму шодӣ аст. Дар лаҳзаҳои маҳзунӣ кадом тарона ё оҳангро замзама мекунед?

-Бисёриҳо дар лаҳзаҳои маҳзунӣ тарона ё оҳангеро мехонанд, аммо ман бошам дар ин лаҳза танҳо сурудҳои Аҳмад Зоир ва устоди азизам Зулфиқори Азизро гӯш мекунам, аз онҳо лаззат мебарам.

-Ҳамеша дар чашми мардум будан ва шӯҳрати зиёд пайдо кардан, инсонро мағрур мекунад?

-Ҳастанд баъзе ҷавонон, ки баъди як-ду суруд хондан андаке шӯҳратро ба даст меоранду баъд мағрур мешаванд. Аслан ман инро дӯст намедорам. Ман мехоҳам ҳамеша дар чашми мардум бошам ва бо мухлисон якҷо бошам.

-То ба шумо ҳамсӯҳбат шудан овозаҳое дар бораатон мешунидам. Масалан, мегуфтанд, ки мағрури хислати тағирнаёбандаи Шаҳром аст.

-Не, касе нисбати ман чунин сухан гуфтааст, хато мекунад. Ман чунин инсон нестам, ман шахси мағруру ҳавобаландро дӯст намедорам. Кӯшиш мекунам аз ӯ дур бошам.

-Духтароне ҳастанд, ки ба суруди ҳунарманд ошиқ неву ба худи ҳунарманд ошиқанд ва тавассути телефон пайваста эсмсҳои ошиқона ирсол медоранд. Изҳори муҳаббат мекунанд…

-Албатта, ин мактубҳо рӯз то рӯз зиёд мешаванд. Аммо ман наметавонам ҳар яки он духтаронро бо умед кунам, ман бо онҳо мисли хоҳару бародар муносибат мекунам. Ман ҳамаи мухлисонамро мисли бародар дӯст медорам.

-Танқидро чӣ гуна мепазиред?

-Танқид хуб аст, аммо ман он танқидро мепазирам, ки боадабона бошад. Мо ҳама фарзанди инсонем, ба ҷои танқид агар мунақидон, моро дастгирӣ кунанд, бисёр хуб мешавад.

 

-Агар шахсе пайдо шаваду хатогиҳои шуморо дар рӯятон гӯяд, меранҷед ё хушҳол мешавед?

-Аслан намеранҷам. Ӯро беҳтарин дӯсти худ медонам ва аз кори кардаи он шахс беҳад хушҳол мешавам.

-Дар як сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтед, ки дар фасли баҳор оиладор мешавед. Ин орзуятон ҷомаи амал пӯшид?

-Аслан ин суханро ман нагуфтаам ва барои оиладор шудан ҳанӯз вақт дорам. Худо кадом рӯзе насиб карда бошад, ҳамон вақт оиладор мешавам ва ҳатман ба мухлисонам хабар медиҳам. Пеш аз оиладор шуданам як барномаи хуби консертиро пешкаши мухлисон бо беҳтарин сурудҳо мегардонам.

-Кадом хислатро дар занҳо намеписандед?

-Дурӯғгӯӣ, сақичхоӣ, худписандиро дар занҳо намеписандам. Зан бузургтарин олиҳа аз ҷониби Оллоҳ барои мардҳо аст. Ман мехоҳам, ки занҳо бо хислатҳои нек дар бари мардҳо бошанд.

ӣ гуна духтар метавонад ҳамтақдири шумо шавад?

-Духтареро мехоҳам ҳамсари ояндаам бошад, ки аз Худо битарсад ва ҳунари маро мисли худам дӯст дорад. Намозхону ростгӯиву ростқавлӣ ва ҳурмату эҳтиром пешаи асосии кораш бошад.

-Ба андешаи шумо чунин духтарҳо дар замони мо каманд ё зиёд?

-Афсӯс, ки хеле каманд.

 

-Аксар сарояндаҳои мо дар филм нақш бозида истодаанд. Шаҳром оё истеъдоди актёрӣ надоред, ки дар филме нақш бозед?

-Дар филми тоҷикии «Убури сангин» нақш бозидам. Ҳунари актёриямро бигзор мухлисон баҳо диҳанд.

-Ғайр аз сарояндагӣ боз ба чӣ кор машғул ҳастед?

-Ғайр аз сарояндагӣ дар донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунам. Имшабу рӯзҳо дар тараддуди гирифтани диплом ҳастам.

-Шаҳром, ягон маротиба хӯрок пухтаед ва ё умуман даст ба дегу табақ задаед?

-Хӯрок пухтан ин кори ҳаррӯзаи ман аст (механдад), боз дар барномаҳо иштирок намуда, ба мухлисон низ тарзи тайёр намудани хӯрокро нишон додаам.

ӣ гуна саволро мехоҳед рӯзноманигорон ба шумо надиҳанд?

-Аз ягон саволи рӯзноманигорон канора намеҷӯям. Фақат хоҳиш мекунам аз онҳо, ки ҳаргуна овозаро рӯи чоп наоранд.

-Сарват, шӯҳрат, ҳунар. Кадоме аз инҳоро дӯст намедоред?

-Агар гӯям, ки ягон сифати номбаркардаатонро дӯст намедорам, ношукрӣ мешавад. Аз ин рӯ, ман ҳамаи онҳоро дӯст медорам, вале бештар ҳунарро меписандам.

-Аз мухлисон розӣ ҳастед?

-Бале, аз ҳамаи мухлисонам розӣ ҳастам. Ҳамаи онҳоро дӯст медорам, ба ҳамаи онҳо саломатию сарбаландӣ мехоҳам.

-Саломат бошед!

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s