УМЕДИ ФАРЗОНА БА ОЗОДӢ


Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, дар робита ба 20-умин солгарди касби истиқлоли ин кишвар қонун “Дар бораи афв” қабул хоҳад шуд. Дар назар аст, баъди тасвиби қонуни афв бештари маҳбусоне, ки ҷиноятҳои нисбатан сабук содир кардаанд, мавриди афв қарор бигиранд ва аз маҳбасҳо озод шаванд. Фарзонаи Хуршед, овозхони 22-тоҷик беш аз як соли ахир дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак басар мебарад, ҳамроҳ бо даҳо занӣ зиндонӣ интизори тасвиби қонуни афв буда ва умед дорад, ки низ мавриди бахшурдагии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.

Фарзона дар остонаи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон хостори мулоқот бо намояндагони додситонии нозири иҷроиши қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон шуда ва бо онҳо дар бораи озодӣ ва қонуни афв сӯҳбат кардааст.

Ҳабибулло Азимов, як масъули додситонии вилояти Хатлон овозаеро, ки гуиё Фарзонаи Хуршед дар озодӣ аст ва дар берун аз кишвар ба сар мебарад бепоя хонд. Вай гуфт, Фарзонаи Хуршед дар як мулоқот бо вай, ки дар зиндони занонаи шаҳри Норак доир шуд, мавзӯъи озодии маҳбусон ва тасвиби қонуни афвро матраҳ кардааст.

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Вале Шабнами Сурайё, хоҳари ин овозхон як ҳафта пеш ба хабарнигорон дар Қорғонтеппа дар бораи мулоқоти охирини худ бо хоҳараш гуфтааст, ки вазъи Фарзона хуб аст ва ӯ муштоқи барномаҳои фарҳангӣ будааст.

Шабнам гуфтааст, ки хоҳарашро чаҳор рӯзи қабл дида ва Фарзона мухлисон ва пайвандонашро шадидан пазмон шудааст.

Би-Би-Си

Реклама

1 комментарий в “УМЕДИ ФАРЗОНА БА ОЗОДӢ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s