МУҲАММАДАЛӢ МАҲМАДОВ: ДАР ТОҶИКИСТОН КИНО ВУҶУД НАДОРАД…


Мухаммадали Махмадов

Мухаммадали Махмадов

Муҳаммадалӣ Маҳмадов 21 декабри соли 1951 дар деҳаи Гулистон (Ҳазрати Мавлоно Яъқуби Чархӣ)-и ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Омӯзишгоҳи рассомии ҷумҳурӣ ба номи М.Олимов ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло миллӣ) дар риштаи таърих таҳсил кардааст. Фаъолияти ҳунарии хешро чун ромишгари созҳои зарбӣ дар гурӯҳи эстрадии «Бӯстон» оғоз бахшидааст. Аз соли 1978 дар «Тоҷикфилм» ба фаъолияти ҳунарӣ оғоз намуда, дар беш аз 50 филм нақшҳои басо ҷолибу хотирмон офаридааст. Бисёр филмҳое, ки Муҳаммадалӣ Маҳмадов дар онҳо нақш бозидааст, дар Ҷашнвораҳои мухталифи ватаниву байналмилалӣ соҳиби шоҳҷоизаву мукофотҳои гуногун гардидаанд.

Филми «Авлоди барси сафед» («Қирғизфилм»), ки ӯ дар он нақши асосӣ — Султонбекро бозидааст, дар кинофестивали ш.Минск (1985) «Шоҳҷоиза», дар ҷашнвораи байналмилалии Димишқ «Шамшери нуқрагин», дар кинофестивали Берлин «Хирси нуқрагин», филми «Асрори оила» («Тоҷикфилм») дар ҷашнвораи байналмилалии ш.Мангейм (ҶФО) шоҳҷоизаи «Дукати тиллоӣ», филми «Гаравгон» (Тоҷикфилм.) дар ш. Тошканд (1985) ба дарёфти ҷоизаи кинофестивали байналмилалии кишварҳои Осиё, Африқо ва Америкои Лотинӣ, филми «Фурудгоҳи санҷиш» (Тоҷикфилм) бо мукофоти киноҷашнвораи умумииттифоқии Шӯравӣ сазовор гаштаанд.

Бисёр филмҳои ширкатҳои мухталифи синамои Русия, ки М.Маҳмадов бо иҷрои нақшҳои гуногун дар онҳо саҳми пурарзиш гузоштааст, соҳиби ҷоизаву мукофотҳои баландпояи Ҷашнвораҳои синамои ҷаҳонӣ гардидаанд…

Номи М. Маҳмадов рӯи титри филмҳои гуногуне бо тамғаи ширкатҳои мухталифи синамоӣ ва киностудияҳои кишварҳои зиёде дар радифи номи ҳунармандони маъруфи синамои ҷаҳонӣ сабт шудааст. Ӯ бо ширкати хеш дар бисёр форумҳо, фестивалу ҷашнвораҳои байналмилалии синамогарон худро фарзанди миллати тоҷик муаррифӣ кардааст. Номаш дар пардаи синамои ҷаҳонӣ чун номҳои Ҳошим Гадоев, Ато Муҳаммадҷонов, Бахтиёр Худойназаров, Бақо Содиқов, Валерий Аҳадов ва дигарон рӯнамои чеҳраи миллати тоҷик мебошад.

Падараш тоҷик, модараш украинӣ, худ низ бо духтари доғистонӣ хонадор шуда, аз ин издивоҷ соҳиби ду писар мебошад. Рисолати ӯ ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар синамо васл кардан, дар мазраи дилҳо тухми муҳаббату дӯстӣ коштан, ғояи ҷаҳонватаниро тарғибу тақвият додан ва дар радифи ин ифтихору меҳри ватан ва ҳисси миллиро гиромӣ ва муқаддас доштан аст. Ин маънӣ дар сӯҳбати ӯ басо рӯшан ва самимӣ эҳсос мешавад.

Это слайд-шоу требует JavaScript.

-Ишқи Ватан бароям чун Худо ва чун модар муқаддас аст. Деҳаи Гулистон (ҳазрати Мавлоно)-и ноҳияи Рӯдакӣ дар тасаввури ман як ҷаҳонест. Дар ин ҷаҳон олами бачагиву ҷавониҳои ман, олами орзуву ормонҳои ман ташаккул ёфта, роҳи маро ба дунёи ҳунару эҷод, худшиносиву шинохти оламу одам муайян сохт. Дар ҳамин деҳа таҳсил кардам, аз волидону аз устодон сабақи зиндагӣ, илму фан, меҳнатдӯстиву ватанпарварӣ омӯхтам. Ҳар мақому мартабае, ки имрӯз пайдо кардаам аз баракати ҳамин деҳа аст…

Клуби деҳа ҷазабае дошт, ки ҳар шом маро сӯи худ мекашид ва тавассути олами сеҳрангези синамо маро аз он толори танг ба паҳноҳо, ба ҷаҳони пур аз тазоду таҳаввулот мебурд. Ман худро дар ҷои қаҳрамонони филмҳо тасаввур менамудам, мисли онон алайҳи ноадолатиҳо «исён» мекардам, «диловариву шуҷоат», нишон медодам, «ошиқ» мешудам, бо ин васила ҷаҳонро ва баду неки оламро аз тариқи кино мешинохтам, меомӯхтам…

Маҳз ҳамин клуби деҳа дар қалби кӯчаки ман нахустин ангезаи шавқу ҳавас ва меҳру дилбастагиро ба ҳунару синамо барангехтааст…

Ман бо тақозои қисмат ва фаъолияти эҷодӣ дар синамо аксар вақт анбони мусофират ба дӯш дорам, вале ҳеҷ гоҳ аз ватан ва зодгоҳи азизи худ канда нашудаам. Борҳо ба ман дӯстон пешниҳоди дар Қазоқистон, Русия, Алҷазоир ва ҳатто Амрико зистанро карда буданд, аммо ман қатъиян рад намудам. Замони ҷанги шаҳрвандӣ ман бо кори синамо дар хориҷи кишвар, дар Алҷазоир қарор доштам. Аз тариқи ахбори яке аз шабакаҳои телевизионии онҷо дар хусуси нооромиҳои Тоҷикистон иттилоъ ёфта, бо нияти бозгашт ба Ватан таъҷилан ба Маскав парида омадам. Иттифоқан дар фурудгоҳи Маскав бо зану фарзандонам вохӯрдам… Бо кӯмаки яке аз дӯстонам, собиқ корманди масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамсарам дар сафорат ба кор даромад ва мо бо тақозои қисмат як муддат дар Маскав зист ихтиёр кардем. Ман ҳамон вақтҳо низ ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан бо Ватан будам, зеро волидону пайвандони дигарам ин ҷо монда буданд…

-Қиссаи издивоҷи волидони шумо дар бунёди оилаи байналмилалӣ чӣ гуна аст?

-Модарам соли 1940 ҳамчун духтур-фелдшер баъди фоҷиаи заминларзаи Ҳоит аз Украина ба собиқ ноҳияи Қалъаи Лаби Об (ҳоло ноҳияи Тоҷикобод) фиристода мешаванд. Падарам, ки он солҳо дар Ҳоит ба ҳайси котиби комсомол фаъолият мекарданд, ба украиндухтари ҷавону зебо ошиқ шуда, оилаи интернатсионалӣ бунёд мекунанд… Баъди ҷанг (с.1950) онҳоро ба ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) ба кор мефиристанд. Меҳнатҳои шоёну пуршарафи модарамро бо ордени «Нишони фахрӣ», унвони «Фелдшер»-и шоистаи ҷумҳурӣ ва мукофотҳои дигар қадр карда бошанд, хам беҳтарин подош барояшон меҳру ихлоси мардум мебошад. Модарам дини мубини исломро пазируфта, ҳама аркони шаръиро ба ҷо меоранд.

-Ғайр аз тамошои филмҳо дар клуби деҳа боз чӣ омилҳое буданд, ки шуморо ба олами ҳунар раҳнамун сохтанд?

-Ман аз хурдӣ расмкашӣ ва навозандагиро дӯст медоштам. Ин буд, ки баъди хатми мактаб ба омӯзишгоҳи рассомии ҷумҳуриявии ба номи М.Олимов дохил шудам. Дар хотимаи таҳсил роҳбарияти омӯзишгоҳ бо роҳхат маро барои такмили ҳунару истеъдод ба Донишкадаи рассомии шаҳри Вилнюс фиристоданд. Вале падар намехостанд, ки ман дур аз зодгоҳ бошам, аз ин рӯ идомаи таҳсил дар донишкадаи олии рассомӣ мутаассифона муяссарам нагашт…

Солҳои таҳсил дар омӯзишгоҳи рассомӣ мо бо чанде дӯстон гурӯҳи созӣ — овозӣ (рок-гурӯҳ) -и «Бӯстон»-ро созмон додем, ки ман навозандаи созҳои зарбии гурӯҳ будам. Гурӯҳи мо, ки дар он солҳо дар муҳити мусиқии муосири тоҷик падидаи тозае буд,зуд маҳбубият касб карда, мухлисони зиёде пайдо намуд.

Баъдан дар ҳаёти ман таҳаввулоти зиёде рух дод. Баъди хатми факултаи таърихи Донишгоҳи давлатӣ (1979) чанде дар КМ комсомол ба кори идеологӣ пардохтам. Дар риштаи рассомӣ низ корҳое анҷом додам, ки баъзе аз онҳо дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Куба ба намоиш гузошта шуданд…

— Чаро шумо тарки суратгариву ромишгарӣ кардеду комилан домани синамо гирифтед?

-Соли 1978 кинорежиссёри маъруфи тоҷик Марат Орипов наворгирии филми бадеии «Қӯшагир»-ро («Стрелба дуплетом») оғоз намуда, иҷрои нақши асосии филм Умар Сангиновро ба ман бовар кард. Барои мани дар кори синамо ноогоҳ ин воқеан ҳам тӯҳфаи тақдир буд. Ҳамин тавр, Марат Орипов маро дар синамо кашф намуд ва баъди он ки аввалин нақши ман дар кинофестивали халқии филмҳои Шӯравӣ ба дарёфти ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» сазовор гашт, банда тақдири хешро ба синамо пайвастам. Ин дилбастагиро дуову иродати падарам боз ҳам қавитар намуд . Он кас қаблан ба ин самти фаъолияти ман чандон розӣ набуданд, вале вақте ки дар яке аз фароғатгоҳҳои умумииттифоқӣ филми «Қӯшагир»-ро тамошо мекунанд, Умар Сангинови шуҷоъ ва муборизу матинирода ба он кас сахт маъқул мешавад.

Аз ин пас дар бештар аз 30 филми истеҳсоли «Тоҷикфилм» нақшҳо ва образҳои мухталифи гуногунхислат офаридам. Дар ин замина ҳамкориҳо бо дигар студияҳои ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он оғоз ёфта васеъ гаштанд. Ормони ман, ки мехостам киноактёри варзида шавам, рӯзафзун басомон мерасид. Ҷоизаи нахустини ҳунариро ман барои нақши аввалини офаридаам (с. 1980) аз дасти коргардони маъруфи кинои шӯравӣ Владимир Мотил (режиссёри филми машҳури «Офтоби сафеди биёбон») гирифтаам.

Шукр, ки аксар филмҳое, ки ман дар онҳо нақш офаридаам дар бисёр киноҷашнвораҳои ватаниву байналмилалӣ соҳиби ҷоизаву мукофотҳои мухталиф шудаанд. Ба филми «Қӯшагир» Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ба номи Ф. Дзержинскийро (с. 1981) раиси ҳамонвақтаи Кумитаи амнияти СССР Ю.Андропов супорида буд…

-Шумо дар филмҳои зиёде нақшҳои асосиву калон офаридаед, вале нақши эпизодии дар филми «Бригада» офаридаатон бештар дар зеҳни мардум нишастааст. Чаро дар ин филм, ки мавзӯи асосиаш бадахлоқиву ҷинояткорӣ аст, маҳз тоҷикон чеҳранамоӣ мекунанд?

-Коргардони филм Алексей Сидоров нисбат ба миллати тоҷик ҳусни эҳтиром ва таваҷҷӯҳи хоса дорад. Бино ба гуфти худи Алексей ӯ дар армия (артиши Шӯравӣ) ҳамроҳи як гурӯҳ тоҷикписарон хизмат кардааст ва аз онҳо муносибати хуби дӯстона дида, таассуроти басо неке дар ёд дорад.

Солҳое, ки филми «Бригада» ба навор гирифта мешуд, вазъи муҳоҷират ва зиндагиву кори муҳоҷирони тоҷик дар Россия хеле сангин буд. Дар ҳоле ки баъзе қувваҳои сиёҳдил бо ғаразҳои нопоки худ мекӯшиданд ( ва то имрӯз кӯшиш доранд) миллати тоҷикро бадном созанд, филми «Бригада» марҳаме ба дилҳои ранҷури муҳоҷирони тоҷик гардид. Алексей Сидоров дар чанд лаҳзаи кӯтоҳи филм кӯшиш кардааст, ки дарёдиливу меҳрубонӣ, одамгариву мардонагӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷикро возеҳ нишон диҳад.

-Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки филми «Бригада» гурӯҳи ҷиноӣ ва нашъаҷаллобонро тавсиф намуда, қаҳрамон нишон додааст…

-«Бригада» филми рӯз аст. Дар он воқеаҳои аввали солҳои 90-уми Россия хеле ҳаққонӣ ва рӯшан инъикос ёфтаанд. Бо ҳама ҳақиқатнигорӣ ва нишон додани паҳлӯҳои мусбиву ҷавонмардонаи олами ҷиноӣ А.Сидоров ин тарзи ҳаётро, яъне ҷиноятпешагиву нашъаҷаллобиро сахт маҳкум мекунад. Ӯ талқин мекунад, ки ин тавр зистан мумкин нест. Комёбии филм ва дастоварди пурарзиши режиссёри соҳибистеъдоди касбӣ дар ҳамин ҳақиқатнигории ӯ таҷассум ёфтааст.

Агар дар «Бригада» як идда тоҷикони ба истилоҳ «нав»-и узви гурӯҳҳои ҷиноиро нишон дода бошанд, вале дар филми нави синамогарони рус «Сояи падар» («Тень отца») коргардон Ф. Абдуллоев, ки аз ҳашт қисм иборат аст, симои миллати тоҷикро дар шахси як хонавода ва сарвари он беғаразона ва воқеӣ, бо хилқату сифатҳои наку инъикос намудаанд…

-Чор сол пеш иброз дошта будед, ки синамогарони рус Шуморо барои иҷрои яке аз нақшҳои марказии филме бо номи «Қандаҳор» даъват карда буданд. Тақдири ҳамон филм чи шуд?

— Ман бо сабаби он, ки офарандагони филми «Қандаҳор» миллати афғонро бисёр паст зада, дар симои муҷоҳидон ваҳшиёнеро, ки ҳатто телевизорро аз радио фарқ карда наметавонанд, нишон додаанд, аз иҷрои нақш дар ин филм даст кашидам. Ман чунин бешарафӣ ва беэҳтиромиро нисбат ба миллати худ қабул накардам…

— Тавре аз номгӯи филмҳо ва қиссаҳои рӯзгори эҷодиатон бармеояд, Шумо солиёни охир танҳо дар хориҷи кишвар, дар синамои мамолики дигар фаъолият кардаед. Мутаассифона, дар ин радиф «Тоҷикфилм» зикр нашуд…

— Насли миёнаву калонсоли мо аксаран хуб медонанд, ки «Тоҷикфилм» дар байни студияҳои синамоии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мақому шӯҳрати хоса дошт.

«Тоҷикфилм» барои ман хеле азиз аст, зеро беҳтарин солҳои умри ман дар ин ҷо гузаштааст. «Тоҷикфилм» — оғози роҳи ман ба олами синамост. «Тоҷикфилм» замоне бо беҳтарин филмҳои худ шиносномаи миллат буд. Филмҳои он хулқу хислат, расму оинҳо, таъриху фарҳанг ва ҳуввияти миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекард.

Ман ҳам бо дард афсӯс мехурам, ки солҳои охир «Тоҷикфилм»-и азизу дилбанди ман аз ҳунару имконоти эҷодии ман истифода намекунад. Ман, ки дар «Тоҷикфилм» камол ёфта, ба синамои ҷаҳонӣ роҳ пайдо кардам, ҳамеша ба ёди он рӯзгорон, ба ёди устодону ҳамкорони азизам дилам гум мезанад. Ман аз ин ошёни баланди ормонҳоям ба фарози синамои ҷаҳонӣ парвоз омӯхта, бо коргардонҳои шӯҳрати ҷаҳонӣ дошта, мисли Таломуш Океев, Владимир Бортко, Владимир Мотил, Алексей Фесенко, Егор Кончаловский,… ҳамкориҳо кардаам. Барои ҳамин ҳар лаҳза омодаам, ки ба «Тоҷикфилм»-и азизам бо ҷону дил хидмат кунам, барои ин лонае, ки пару бол баровардаам, ҷонамро ҳам дареғ нахоҳам дошт…

ӣ бояд кард, то он шӯҳрату собиқаи пуршараф эҳё гардад?

-Ба ҳама аён аст, ки ҷумҳурии мо мушкилоту даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандиро акнун паси сар кард. Бо устувор гаштани вазъи иқтисодӣ ба илму фарҳангу адаб, аз ҷумла ба санъати синамо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардани давлат, ба истеҳсоли васеи кино бо роҳи маблағгузории буҷавӣ, ҷалб намудани сармоядорон ва муассисаву корхонаҳои сарватманд, иқдомест, ки ба эҳёи ин соҳаи ҳаётан хеле муҳим мусоидат хоҳад кард.

Дар ин роҳ таҷрибаи Русия сабақу дастури беҳтарин мебошад. Ба студияи «Тоҷикфилм» ҳуқуқи (статуси) корхонаи давлатӣ дода, рисолату аҳдофи онро чун маркази синамои миллӣ муайян бояд кард. Мисли Русия истеҳсолоти синаморо аз ҳар гуна андоз озод намуда, ба парасторону сармоягузорон имтиёзҳои махсус додан зарур аст.

Дар радифи истеҳсоли филмҳои тиҷоратӣ ба наворгирии филмҳоро аз рӯи дархости давлатӣ (гос заказ) ба роҳ мондан хеле муҳим аст. Зеро филмҳои дархостӣ инъикоскунандаи сиёсат ва идиологияи давлат хоҳанд буд, таъсири он ба аҳли ҷомеа ва ҷомеаи ғайр қавитар аз ҳар гуна идеологияву сиёсат ва анҷуману ҷаласаҳо мебошад.

Дар қиёси даврони шӯравӣ, албатта вазъи синамо ва фаъолияти студияи «Тоҷикфилм» нигаронкунанда аст. Имрӯз эҳё кардани собиқаи пурифтихори «Тоҷикфилм» ва анъанаҳои неку шӯҳратбори он амри замон аст. Ҳамасола ё аққалан дар ду сол бо дархости давлатӣ (Госзаказ) як филми бадеии ба арзишҳои воқеии синамо ҷавобгӯ бояд рӯи навор овард.

Имрӯз як зумра миллатҳои собиқ бодиянишин тавассути нерӯи синамо ба мафкураи насли имрӯзу ояндаи худ таъсири созанда мерасонанд, бо истифода аз арзишҳои таърихии фарҳангу тамаддуни халқхои дигар ба худ таърих месозанд. Агар мо имрӯз моҳияти синаморо нодида гирем ва бо ҳамон филмҳои омиёнаи телевизионӣ иктифо кунем, бисёр чизро бой медиҳем.

Бояд дар заминаи таҷрибаи Русия, Эрон, Хитой, Ҳиндустон, Туркия ва Аврупо ба тадриҷ мактаби миллии синамои тоҷикро бунёд гузошт, муттахасисони баландпояро тарбият кард, то дар ҷомеа аз поён то ба боло чи андоза муҳим будани синаморо ҳамагон дарк намоянд.

-Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ таҳаввулоти хунину даҳшатбори Тоҷикистон ва ҳақиқати он дар синамои тоҷик инъикоси худро наёфтааст. Чаро?

-Ба андешаи ман ҳоло адабиёт ва дигар жанрҳои санъат низ ин мавзӯи доғро инъикос накардаанд. Дар Тоҷикистон агар бигӯем, ки ҳоло кино вуҷуд надорад, иштибоҳ намекунем. Воқеаҳои нангини ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва инъикоси ҳақиқати талхи он бояд рӯи навори синамо бозгӯ шаванд, то барои имрӯзиёну ояндагон сабақ гардад, то насли фардо паи созандагӣ ва ваҳдати миллӣ иштибоҳи гузаштагони хешро такрор накунад…

-Аз фарзандонатон нафаре роҳу пешаи шуморо интихоб кардааст?

-На, онҳо роҳи модарро пеша кардаанд ва ин табиист, зеро ман аксар вақт дар сафар банди кори эҷодӣ будам. Тарбияи фарзандон асосан ба дӯши ҳамсарам Мариана Маҳмадова, ки мутахассиси забоншинос аст, афтода буд. Писаронам бо таъсиру ҳидояти модарашон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шавқ пайдо карданд.

-Чанд муддат ҳаст, ки шумо дар ватан фориғ аз кори синамо ҳастед. Оё майдони наворбардориро пазмон нашудед?

-Синамо ин дарди ман аст. Яъне боз ҳам кори синамо ва хумори «Мотор!» — гӯиҳои коргардонҳо маро сӯи худ мекашанд.

Аз идора: Имсол фарзанди сарсупурдаи миллат, ҳунарманди маъруфи тоҷик Муҳаммадалӣ Маҳмадов ба 60-и камолот мерасанд. Аҳли қалами «Чархи гардун» дуогӯи онанд, мавсуф ки ҳамеша саломат ва ҳамингуна хушрӯзгору некном, комёбу саодатманд ва дар кори басо сангину пурифтихорашон барору сарбаландиҳо бимонанд.

Ортиқи ҚОДИР, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s