ФАРЗОНАИ ХУРШЕД АЗ ЗИНДОН ОЗОД ШУД


Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

Дар нахустин рӯзи иҷрои қонуни афв Фарзонаи Хуршед аз маҳбас озод шуд. Субҳи рӯзи сешанбеи 23 август нахустини гурӯҳи занони зиндонӣ аз маҳбаси воқеъ дар рустои Чал-тали Норак, дар 60 килуметрии шарқи шаҳри Душанбе озод шуданд. Изатулло Шарипов, раиси умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар маросими ба озодӣ баромадани бонувон аз онҳо дархост кард, ки “ҳаргиз ба ин ҷо барнагарданд.” Тибқи иттилоъи вай, рӯзи сешанбе 112 нафар маҳбусони зиндон озод мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар ин маҳбас 237 нафар ба сар мебурданд.

Ҳамчунин оқои Шарипов хабар дод, ки имрӯз дар миёни озодшудагон 12 нафар атбои хориҷӣ ҳастанд, ки шаҳрвандони кишварҳои соҳили Болтик, Русия ва Ӯзбакистон мебошанд. Дар миёни занони аз зиндон озодшуда чаҳор нафар бонувоне низ буданд, ки ҳамроҳи тифлони худ ба озодӣ баромаданд.

Вале, бештаре аз хабарнигороне, ки дар назди зиндони занонаи Норак таҷаммуъ карда буданд, интизори озодии Фарзонаи Хуршед, овозхони саршинос буданд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Фарзона аз озодии худ изҳори хушҳолӣ кард ва гуфт, ки ин рӯзро аз дер интизор будааст.

Зимнан, Фарзонаи Хуршед, 23-уми феврали соли 2010 аз сӯйи додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд. Вай тибқи моддаи 36 қонуни кайфарӣ ё ҷазои Тоҷикистон ба ҳамдастӣ ё шарикӣ дар ҷиноят ё кумак ба фирори Фаррух Рӯзиев, ки дӯстписараш муъаррифӣ мешавад, аз толори додгоҳ, муҷрим шинохта шуд.

Додситонӣ қаблан аз додгоҳ хоста буд, ки ин овозхони ҷавонро барои дуву ним сол равонаи зиндон кунад. Аммо додгоҳ бо таваҷҷуҳ ба нукоти мухталифи қонун ӯро ба ду соли зиндон маҳкум кардааст.

Зимнан, додгоҳ Фаррух Рӯзиев, дӯстписари Фарзонаи Хуршедро ба даҳ соли зиндон ба изофаи мусодираи амволаш маҳкум кардааст. Додгоҳ ӯро дар кулоҳбардорӣ муҷрим шинохтааст. Вале то ҳол рӯшан нест, ки дӯстписари Фарзонаи Хуршед низ тибқи муфодди қонуни афв аз зиндон озод хоҳад шуд ё хайр.

Би-Би-Си

Реклама

One comment on “ФАРЗОНАИ ХУРШЕД АЗ ЗИНДОН ОЗОД ШУД

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s