ОРЗУ ИСОЕВ: «ПАЙРОҲАИ ТАҚДИР» БАРОЯМ МАКТАБ ГАШТ


Орзу Исоев

Орзу Исоев

ӣ боиси ба телевизион рӯ овардани Орзу гашт?

-Шавқи беандоза. Ростӣ, ман то хатми мактаб сари ҳеҷ мақсаде наомада будам, ки чӣ касбро, чи равияро, умуман кадом роҳро дар зиндагӣ интихоб менамоям. Дар ҳамин жарфно дар умқи андешаҳоям фикре давр мезад, вале ҳеҷ гоҳ ба забон намеовардам онро. Касе мепурсид, ки кадом пешаро интихоб мекунӣ «намедонам» мегуфтам. Аммо фикрам он буд, ки рӯзноманигор ё табиб мешавам. Билохира, шавқи рӯзноманигорӣ ғолиб омад.

-Кадом хусусияти ҳунаратон ба бинанда писанд аст, ки инқадар барномаҳои шуморо дӯст медоранд?

-Мафҳуми журналист низ чандин шохаҳо дорад. Агар журналисти телевизионро дар назар дошта бошед, телевизион тақозо мекунад ҳунармандона баромад кардани журналистро. Агар журналист мавзӯи барномаашро пурра матраҳ карда тавонад ва тамоми паҳлӯҳояшро ба бинанда кушояд, ҳунараш албатта эътироф меёбад.

-Орзу аз пешаи интихобнамудааш боре пушаймон шудааст?

-Гоҳо дар лобалои иттилоъ гирифтан аз ин ё он мансабдор ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавем. Рӯҳафтодагӣ танҳо дар мавриде пайдо мешавад, ки касе намехоҳад бо мо мусоҳиба анҷом диҳад ва ё иттилои заруриро сари вақт пешкаш кунад.

-Дар филми «Пайроҳаи тақдир» Орзу ба ҳайси тарҷумон фаъолият мебарад. Дар соҳаи филмофарӣ худро муваффақ меҳисобед?

-Аслан ман тарҷумон нестам, чунки забони туркиро намедонам. Ин филмро онҳое тарҷума кардаанд, ки туркиро баллад ҳастанд. Ман танҳо қаҳрамони асосии ин филм Тоҳирро дубляж мекунам. Аз диди ман кори синамоофарӣ хеле мураккаб аст. Ман то имрӯз кори арзандаеро дар ин соҳа анҷом надодаам. Ин филм бароям мактабе гашту нозукиҳои дубляжро ба садогузорӣ бо ёрдами ҳунармандони

касбӣ омӯхтам.

-Кори журналистӣ вақту заҳмати зиёд металабад. Оё барои тарбияи фарзандон фурсат меёбед?

-Ҳамсарам бештар дар хона асту ба тарбияи фарзандон машғул аст. Дар баробари модарашон ман ҳам баъди кор ба рӯзномаи фарзандонам назар меафканам. Дар сафари хидматӣ ё ба коре андрамон бошам ҳам, таҳсилу хониши бачаҳоямро бе назорат намегузорам.

-Мегӯянд, ки Орзу баробари журналист будан боз ҳунари эҷодкорӣ ва оҳангсозӣ низ дорад, рост аст?

-Дар тӯли ҳаётам ҳамагӣ ду оҳанг эҷод кардаам. Оҳангҳоям ҳанӯз хеле сода, урён ва хоманд. Аммо шеъри бисёр навиштаам ва таронаҳои зиёд ҳам дорам, гӯям, хато намекунам. Фикр мекунам, ки дар эҷоди оҳанг начандон муваффақ ҳастам.

-Ташаккур барои сӯҳбати хотирмон, хуш бошед!

 Рустам Азимов, «Оила»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s