СУБҲОН САИД: «ҶОЙНАМОЗИ МАН САҲНА АСТ»


Субхони Саид

Субхони Саид

Субҳон Саид муддатест, ки дур аз саҳнаву мухлисон бемор аст. Мегӯянд, ки Худованд бандаи дӯстдорашро дард медиҳад ва ҳар соати дард соати гуноҳро кам мекунад. Агар ин хел, пас муддати зиёде, ки овозхони дӯстдор гирифтори дарду ранҷи зиёде буд, гуноҳҳои зиёди худро шустааст. Вақте огохӣ ёфтем, ки Субҳони Саид дар манзили худ, дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва аҳволаш аз пешина хубтар аст, ба дидорбиниаш шитофтем, чунки аз мухлисонаш муддати зиёдест, ки дархости навиштани чизе перомуни зиндагӣ ва гӯшанишинии овозхони дӯстдоштаашонро гирифта будем.

Қабл аз сӯҳбат хушхабари аввалинро ба мухлисони Субҳони Саид расониданием, ки новобаста ба ҳама мушкилиҳо, ӯ ният дорад, дар аввали моҳи декабр, аниқтараш, 3-4 -уми декабр барномаи консертии худро таҳти унвони «Талоши зиндагӣ» дар бинои Филармонияи давлатӣ доир намояд.

— Акои Субҳон, дар ин барнома ба назди мухлисонатон, ки хеле вақт шуд ҳам онҳо шуморо ва ҳам шумо онҳоро надидаед, бо чӣ дастовези наве мебароед?

— Новобаста ба он, ки бемории тӯлониву рӯзҳои мушкилро пушти сар намудам, боз имкон ёфта, сурудҳои нав сабт намудам, ки онҳо тахминан 6 тоянд ва дар ин консерт насиб карда бошад, пешкаши мухлисон мегардонам. Ман ҳамеша фарзанди саҳна будам, мемонам. Гарчанде имрӯз дар саҳна нестам, фикр мекунам, ҷойнамози ман саҳна аст. Саҳна ҷои муқаддас аст.

— Акои Субхон, имрӯзҳо доир намудани барномаи консертӣ чандон кори осон нест. Ҳам маблаги зиёд сарф мешаваду ҳам такодави зиёде дорад. Бигӯед, ки дар баргузории барнома кӣ ба шумо кӯмак менамояд?

— Аввалан ин ки барнома бо сарпарастии молии Шӯъбаи мубориза бо маводи мухаддири Сафорати Амрико дар Тоҷикистон доир мегардад. Баъдан, доимо шукр аз ду бародари қиёматиам менамоям, ки тӯли ин муддат маро танҳо нагузоштаву пайваста аз аҳволам хабардор буданду ҳастанд. Маҳз ҳамин дӯстон — Фурқати Саид ва Хуршеди Атовулло дар ин иқдом дастгириву раҳнамоиам мекунанд.

— Мухлисонатон зиёд мехоҳанд донанд, ки чаро як сукути тӯлониро ихтиёр намудед?

— Зиёда аз даҳ сол шуд, ки ба ягон чорабинии давлатӣ даъват нашудаам, бинобар ҳамин ҳам ба ҷое, ки даъватам накунанд, намеравам.

Қайд кардан низ зарур аст, ки то ин муддате, ки дур аз саҳна будам, тавассути телевизору фиттаҳои сабти консертҳо мебинам, ки дигаргуниҳои зиёде дар ин соҳа рух додаанду баъзеашон боиси на хурсандӣ, балки афсӯс аст. Имрӯзҳо маънии санъат, саҳна, овозхон ва ҳунарманд бакуллӣ тағйир ёфтаанд. Замоне ки дар ҳақиқат ҳунармандони асилро қадр мекарданд ва ҳар гуна шахси тасодуфӣ наметавонист мисли имрӯз ба саҳна ояд, мо низ баромад мекардему санъати хешро ба мардум пешкаш менамудем.

— Чун сухан дар боби шахсони тасодуфӣ дар санъат рафт, бигӯед, ки умуман овозхонони ҷавони имрӯзаро чи гуна баҳо медиҳед?

— Имрӯз, мутаассифона, саҳна на ҷои пешкаши ҳунару истеъдод, балки ба як майдони рақобату муҳориба табдил ёфтааст. Ҳунармандони ҷавон мекӯшанд, ба пешравии ҳамдигар монеаҳо пеш оранд, барору комёбии якдигарро таҳаммул карда наметавонанд.

— Шунидем, ки фарзандонатон низ пешаи шуморо касб намудаанд. Бигӯед, ки дар ин роҳ чӣ гуна роҳнамоиашон мекунед ва умуман бобати ҳунари онҳо чӣ гуфта метавонед?

— Писари бузургам — Сайёд аллакай роҳу услуби худашро пайдо кардааст ва дорои мухлисони хеш низ мебошад. Дар якчанд консертҳо низ баромад кардааст. Амиршо бошад, ҳанӯз хурд аст. Яъне бояд аз болои худ зиёд кор кунад.

— Шумо, ки худ озмудаву парвардаи санъатед ва аз ҳама мушкилоти ин соҳа огаҳед, оё зид нестед, ки боз фарзандонатон ин роҳи мушкилро барои худ ихтиёр намудаанд?

— Зид нестам, чунки санъат дар мушкилоти мо гунаҳкор нест. Санъат ҳамон гуна ҳаст, ки буд. Одамон дигар шудаанд ва онро дигар карданӣ ҳастанд. Фикр мекунам, ки фарзандонам, агар ҳамин роҳро интихоб карданд, пас аз худ ва ба қувваву ҳунарашон низ боварӣ доранд. Ман бошам, кӯмаку дастгирии худро ҳамчун як ҳунарманди собиқадор ва қиблагоҳ аз онҳо дареғ нахоҳам дошт.

— Мегӯянд, дӯстро дар лаҳзаи вазнинӣ мешиносӣ. Оё баъди ба беморӣ дучор шуданатон сафи дӯстон кам шуданд, ки шумо аз миёнашон онҳоеро, ки ҳақиқианд, ҷудо намоед?

— Дар он рӯзҳои мушкиле, ки аз сар гузаронидам, маҳз дустон ва пайвандонам дастгиру муттакоям буданд. Дӯстону бародарон доимо ба дидорбиниам меомаданду меоянд ва дар ҳама ҳолат метавонам ба онҳо такя намоям.

— Фаъолияти ҳунариатон тахминан 30-солро ташкил мекунад. Бигӯед, ки нафақаатон чӣ қадар аст?

— Нафақа умуман намегирам. Дар ин чанд соле, ки дар бистари бемориам, ҳеҷ гоҳ нафаре аз Вазорати Фарҳанг на ба суроғам омадаасту на боре аз аҳволам пурсон шудааст. Дар бораи кӯмаку нафақа бошад, ҳоҷати гап ҳам нест. Ҳарчанд дар ин вазорат расо 28 сол фаъолият намуда будам…

Гулҷаҳон Қодирова, «Чархи гардун»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s