ДИЛНОЗА КАРИМОВА: «ИМСОЛ БАРОЯМ БЕҲТАРИН СОЛ БУД»


Дилноза Каримова

Дилноза Каримова

Дилноза Каримова — фикр мекунам, ки ин ном ба шумо, хонандагони азиз шинос аст ва ҳоҷат ба муаррифӣ надорад, ҳамин тавр не? Оре, зеро ӯ кайҳо боз бо таронаҳои дилангезаш дар дили ҳамагон ҷо шуда, мухлисони бешуморро соҳиб гаштааст. Бо дархости зиёди хонандагонамон дар арафаи Соли нав сӯҳбате доштем бо Дилноза Каримова, ки фишурдаи онро пешкаши шумо, азизон мегардонем.

— Пеш аз ҳама фарорасии Соли навро бароятон муборакбод мегӯем.

— Ташаккур, бо истифода аз фурсати муносиб ман низ Соли навро ба шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон муборакбод гуфта, таманно мекунам, ки соли 2012 бароятон соли пурфайзу бобарор ва пур аз мӯъҷизаҳо шавад.

— Соли гузашта бароятон чӣ гуна сол буд ва аз Соли нав чиро интизоред?

— Беҳтарин сол буд соли харгӯш, зеро давоми як сол дар кору фаъолиятам пешравиҳои назаррасе ба вуқӯъ пайваст.

— Масалан?

— Ҳоло намехоҳам ошкоро муваффақиятҳои яксолаамро бигӯям, вале ваъда медиҳам, ки дар рӯзҳои аввали Соли нави 2012 ҳама аз комёбиҳоям огаҳ хоҳанд гашт.

— Шояд дар зиндагиатон дигаргуние ба вуқӯъ пайваста?

— Ҳарчанд, ки дар зиндагии шахсиам ҳеҷ навигарие нест, вале пеши Парвардигор шукргузорӣ мекунам, ки он тинҷу осуда ҷараён дорад.

— Худи шумо хушбахтиро дар чӣ мебинед? Пул, мол, саҳна, оила ва ё…?

— Оне, ки оилаи тинҷу осуда, ҳамсари ғамхору дилсӯз, хонаи ободу саломатии хуб надорад, дар саҳна низ хуб нест. Пешравии шахси эҷодкор пеш аз ҳама аз ҳаёти шахсиаш вобаста аст. Худ тасаввур кунед. Агар дар хонаи ман ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол бошад, ҳамсарам маро нафаҳмад, ҳунарамро қадр накунад, оё метавонам ба саҳна баромада бо табассум сурудхонӣ кунам? Албатта не!

— Мегӯянд, ки имсол хонаи Худоро зиёрат карда омадед…

— Шояд, ки дурӯғи мардумон гардад рост.

— Яъне ин гуфтаҳо дурӯғанд?

— Албатта ҳар як инсон орзуи дидору зиёрати хонаи Оллоҳро дорад, аммо баъзан орзуҳо ғайрихоҳиши мо амалӣ мегарданд. Банда низ бисёр мехоҳам хонаи Худоро зиёрат кунам, аммо кай ба муродам мерасам, инро танҳо Худо медонад.

— Гуфтании дигаре доред?

— Бароятон барору комёбӣ мехоҳам.

Сӯҳбаторо Дилангез, «Зан ва мард», бо ихтисорот чоп шуд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s