ОЁ МАНИЖА ДАВЛАТОВА ТАВАЛЛУД КАРД?


Манижа Давлатова

Манижа Давлатова

Шунидам ва ҳатто расмеро дидам, ки ҳофизи шинохтаамон Манижа Давлатова тифлеро ба даст гирифтаву онро мебӯсад. Мегӯянд, ки ӯ як сол пеш аз ин хонадор шуда будааст. Акнун маълум шуд, ки сабаби дар майдони ҳунар набуданаш чӣ будааст. Ба дугонаам – Маҳтоббӣ ин суханро гуфтам, аммо вай бовар накард. Он аксро нусхабардорӣ намудам ва ба шумо фиристода, хоҳиш мекунам, ки онро чоп намоед.

Агар ҳамин тавр аст, Манижаро бо ин санаи фараҳбахши зиндагиаш табрик менамоем. Ба ҳар ҳол ҳақиқати ҳолро донистан мехоҳам. Оё дар ҳақиқат ҳамин кӯдак фарзанди ӯст ё не? Аз шумо хоҳиш мекунам, ки дар ҳалли ҳамин масъала ба ман ва дугонаам кӯмак намоед.

Бо эҳтиром Ҳуронбӣ Давлатова, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон.

АЗ ИДОРА: Хоҳари азизамон Ҳуронбӣ! Мо ҳамеша мекӯшем, ки ҳар як хоҳиши хонандаамонро ба инобат гирем. Ба ҳамин хотир мактуби шумо ва расми гуфтаатонро ҳам ба чоп додем, аммо ин маънои онро надорад, ки ҳақиқат ҳамонест, ки шумо навиштаед. Шояд он тифлак ягон хешу табори онҳо ё фарзанди ягон дугона, ҳамсоя ва дигар шиноси ӯст. Хостем бо худи Манижабону алоқа барқарор намуда, ҳақиқати ҳолро аз худи ӯ бифаҳмем, мутаассифона, муродамон ҳосил нагардид. Дар байни ҳаммаслакони ҳамсинну солаш воқеан ҳам, вай дар муддати кӯтоҳ рӯйи саҳна баромада, шӯҳрат пайдо намуд. Ӯ хуб месарояд. Садои гуворо ва сабки худро дорад. Мӯҳтавои сурудҳояш низ пурмаъниянд. Барои мо ва кулли дӯстдорони ҳунараш низ аз саҳна канор мондани ӯ муаммо шуда мондааст. Ба тахминҳо бовар кардан нашояд. Албатта, ба шахсияти ҳар кас таваҷҷӯҳ намудан ҳам чандон аз рӯйи одоб нест, аммо чун шахс обрӯманд шуду мухлис пайдо намуд, хоҳу нохоҳ дар борааш мардум зиёд мегӯянду менавсанд. Мо аҳли эҷод аз фурсат истифода бурда, Манижабонуро бо Соли нави дарпешистода табрик гуфта, барояш муваффақиятҳои эҷодӣ таманно мекунем. Ҳамзамон боварӣ дорем, ки пас аз мутолиаи ҳамин сатрҳо он кас худашон ҳамин аксро шарҳ дода, ба овозаю тахмини мухлисонаш хотима мегузорад. «Зан ва мард»

Реклама

1 комментарий в “ОЁ МАНИЖА ДАВЛАТОВА ТАВАЛЛУД КАРД?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s