ШАҲРОМ: «НАМЕХОҲАМ ВАҚТИ ҚИММАТАМ БЕ ФОИДА ГУЗАРАД»


Шахроми Абубакр

Шахроми Абубакр

Таронаи «Лайлӣ», ки бо садои ширину форам ва гӯшнавози сарояндаи ҷавон Шаҳроми Абӯбакр танинандоз аст. Воқеан ҳам Шаҳром ҳунари хуби овозхонӣ дорад, таронаҳояш дилчаспанд. Аммо саволе ба миён меояд, ки ба лаб ҳарфу ба дил кадом Лайлиро фарёд дорад? Умуман ин таронаро, ки имрӯз миёни мардум хеле машҳур аст, ба кӣ бахшидааст? Барои ҷавоб гирифтан ба ин ва дигар саволҳоямон сӯҳбате доштем бо Шаҳроми Абӯбакр, ки фишурдаи онро пешкаши шумо, хонандагони азиз мегардонем.

— Соли нави мелодиро бароятон муборак мегӯем…

— Ташаккур, ба шумо низ муборак бошад ин ҷашни фархунда.

— Бигӯед, ки Соли навро ҷашн мегиред?

— Ҳарчанд ин иди мо, тоҷикон нест, вале бо омаданаш фикр мекунам, ки ҳар яки моро шодию фараҳ фаро мегирад ва ба истиқболи ин ҷашни зебо омодагӣ мебинем. Соли нав иди оилавист, бинобар ин, мо, аҳли оила низ онро бо табъи болидаю орзуҳои ширин пешвоз мегирем ва шаби 31- уми декабрро хотирмон мегузаронем.

— Ба наздиконатон тӯҳфа тақдим мекардагистед…

— Бале, на танҳо шаби Соли нав, балки дар тамоми рӯзҳои хурсандӣ кӯшиш мекунам, ки наздиконамро бо тӯҳфаҳои хотирмон шод созам.

— Масалан киҳоро шод мекунед: модар, хоҳар, янга ва ё…?

— Пеш аз ҳама модарамро табрик карда, шод месозам, зеро вай офарандаи ман аст. Баъдан хоҳар, янга ва дигар аъзоёни оилаамонро.

— Арӯсатонро чӣ?

— Кадом арӯс?

— Магар арӯс надоред?

— Рости гапро гӯям, на арӯс дораму на арӯсбозам.

— Бовар намекунам.

— Чаро?

— Охир як ҷавоне, ки ҳамеша зери таваҷҷӯҳи мардум қарор дорад, магар бе арӯс буда метавонад?

— Бале, метавонад! Зеро ман намехоҳам вақти қимматам бе фоида гузарад.

— Аммо мегӯянд, ки аксари санъаткорон духтарбозанд.

— Ба дигар санъаткорон кордор нестам, аммо ман вақти зиёдатӣ надорам, ки барои корҳои беҳуда сарф кунам.

— Хислатҳои арӯси ояндаатонро омӯхтан магар кори беҳуда аст?

— Бале. Барои мо, ҷавонон, ҳоло вақти хондану илм омӯхтан, кӯшиш кардану сабзидан ва дар касбу кори интихобкардаамон муваффақ шудан аст, на сайру гашту омӯхтани хислатҳои кадом як духтар. Чун ба қуллаҳои баланд расидем, баъд вақти сайругашт ҳам фаро мерасаду вақти интихоби арӯс низ.

— Яъне ҳанӯз ҳам худро муваффақ намешуморед?

— Санъат мушкилиҳои зиёд дорад, ки на ҳар кас метавонад ба он ҳама тобовар бошад. Барои ба муроди дил расидану муваффақ шудан санъаткор бояд шабу рӯз заҳмат кашад, барои мухлисонаш беҳтарин таронаҳоро омодаю пешкаш созад, сурудҳои тарбиявӣ хонад, хулоса, кӯшиши зиёд мебояд.

— Имрӯз аксар ҳунармандон баробари сурудани як-ду тарона худро «ситора» мешуморанд…

— Аммо ман санъатро ба хотири шӯҳратёр шудану «ситора» унвон гирифтан интихоб накардаам, меҳру муҳаббат ва дилбастагӣ ба суруду мусиқӣ маро ба саҳна овард. Ҳарчанд, ки чандин сол рӯи саҳнаи ҳунарам, вале даъвои «ситора» шудан надорам, охир, ситора дар осмон мешавад, на дар замин.

— Баракати ҳунарро дидаед ё эҳсос кардаед?

— Чаро не? Ҳамин ҳунарам аст, ки имрӯз ба касе мӯҳтоҷ нашуда, зиндагиамро пеш мебарам, барои мухлисонам тез- тез сурудҳои нав пешкаш месозам, муҳимтар аз ҳама эҳтирому муҳаббати халқро соҳиб гаштаам.

— Барои дар дилу дидаи мардум бо ҳунару маҳорат ва тарона ҷо ёфтан вақти зиёд лозим аст?

— Ба фикрам не.

— Пас чаро баъзе ҳунармандон ҳарчанд кӯшиш мекунанд дили мардумро соҳиб шуда наметавонанд, яъне мухлиси зиёд пайдо намекунанд?

— Нафаре, ки по ба ҷодаи санъат мегузорад, метавонад бо як тарона дар дилу дидаи мардум роҳ ёбад, ба шарте, ки сурудаш хуб буда, мазмуни баланд дошта бошад. Бо матну оҳанги сабук ҳаргиз сароянда машҳур намешавад.

— Акнун сӯҳбатро атрофи таронаи «Лайлӣ»- атон идома медиҳем…

— Башад.

— Бо сурудани ин тарона кадом Лайлиро фарёд мекунед?

— Ягон Лайлиро фарёд надорам.

— Пас барои кӣ хондаед сурудро?

— Барои мухлисонам.

— Яъне кадом як мухлисатон, ки Лайлӣ ном дорад, аз шумо хоҳиш намуд, ки дар васфаш суруд бихонед?

— На. Бо номи ин ё он бону суруд хондани овозхонон маънои онро надорад, ки тарона фармоишӣ аст. Сароянда бояд аз ӯҳдаи хондани ҳама гуна суруд ба хубӣ барояд. Бонувони ҳунари мо ҳамеша тариқи сурудаҳояшон васфи мардонро мекунанд, пас мо ҳақ надорем, ки боре ҳам дар таронаҳоямон номи онҳоро ба забон орем? Албатта дорем.

— Таманниёти шумо?

— Тансиҳату хонаобод бошед. Бори дигар Соли наватон муборак!

Мусоҳиб Меҳрафрӯз Неъмонзода

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s