СОЛИ 2011: БУРДУ БОХТИ СИТОРАҲОИ ТОҶИКИСТОН


Парвин Юсуфи

Парвин Юсуфи

Парвин Юсуфӣ: “Соле бобарор буд барои ман, зеро тавонистам дар шаҳри Бухоро барои алоқамандонам як барномаи кунсертӣ иҷро кунам. Ҳамчунин, сафарҳои зиёде доштам, аз ҷумла сафари хеле хубу хотирмон ба шаҳри Патая-и Тойланд доштам. Дар маҷмӯъ, ман аз натоиҷи соли 2011 розӣ ҳастам.”

Муҳаммадрофеъ Кароматулло: “Соли 2011 барои ман танҳо фурсате буд барои таҳия ва омода кардани оҳангҳои тоза барои олбуми ҷадидам. Ҳоло ман мебинам, ки заҳамоте, ки дар таҳияи ин оҳангҳо кашидаам, бар абас нарафтааст.

Мухаммадрафии Кароматулло

Мухаммадрафии Кароматулло

Зеро барои барогузории барномаи кунсертиам, ки барои соли 2012 дар назар гирифтаам, аксари оҳангҳо омода ҳастанд ва умедворам барои алоқамандони оҳангҳоям иҷрои сабки ҷадидам хуш меояд. Ҳамчунин, хотироти хубе дорам аз сафаре, ки дар ин сол ба кишвари зебои Ҳиндустон доштам.”

Ҷонибек Муродов: “Бисёр соли бобаракат ва бобарор буд, ҷоизаҳои зиёде дар озмунҳои мухталифи мусиқӣ дар саросари ҷаҳон ба даст овардам. Ҷоизаи беҳтарин овозхон дар Қазоқистон, беҳтарин овозхони сол дар озмуни “Суруди сол” дар Душанбе, дар озмуне бо номи “Союз” дар Маскав ҷоизаи “Лучший дебют”-ро соҳиб шудам. Муҳиммтар аз ҳама, масъулони “Big apple music awards” дар Ню-Юрк унвони беҳтарин овозхони Осиёи Марказиро ба ман ихтисос доданд.

Чонибек Муродов

Чонибек Муродов

Барномаҳое ки дар соли 2012 дар назар гирифтаам: пеш аз ҳама, мо чаҳор бародарон Фирдавсбек, Хусравбек, Парвизбек ва ман, барои баргузории барномаҳои кунсертӣ дар шаҳрҳои мухталифи дунё ба муносибати ҳафтодсолагии падарамон Ҷӯрабек Муродов камар бастаем. Тамоми саъйу талоши худро мекунем, то ин барномаҳоро дар сатҳи хеле боло баргузор кунем.”

Нозияи Кароматтулло: “Ҳар сол новобаста аз ин ки мо ба орзуҳое, ки дар оғози сол мекунем, мерасем ва ё намерасем, дар дафтари хотироти мо сабт мегардад, зеро ин як соли умри мост. Дар соли 2011 ман чандин оҳанги тоза забт кардам, умедворам мақбули шунавандаҳои азиз шуда бошанд.

Нозияи Кароматулло

Нозияи Кароматулло

Аммо дар соли 2012 қасд дорам як барномаи кунсертӣ бо як сурпройзе барои алоқамандони оҳангҳоям иҷро кунам. Биёед ва аз дидани ин барнома пушаймон нахоҳед шуд.”

Садриддин Наҷмиддин: “Мисли солҳои қабл дар соли 2011сарам хеле шулуғ буд, сафарҳои зиёде доштам, барои фароҳам сохтани заминаҳои иҷрои барнома ва забту таҳияи видиюмузикҳо дар Амрико. Сафари ҳунарие доштам ба шаҳрҳои Екотеринбург ва Челёбински Русия, барои ҳамватанони азизам онҷо барнома иҷро кардем, ки дар баробари тоҷикҳо ва узбакҳову афғониҳо арманиҳову русҳо низ дар ин барномаҳо хеле зиёд буданд ва духтарони рус аксари оҳангҳоямро дар баробари ман мехонданд.

Садриддин Начмиддин

Садриддин Начмиддин

Олбуми ҷадидамро намехоҳам дар Тоҷикистон мунташир кунам, зеро ҳуқуқи муаллиф инҷо риъоят намешавад ва дар бозорҳо бо кайфияти хеле паст ин олбумҳо фурухта мешаванд. Овозхон, ки чандин сол барои таҳияи олбум заҳмат мекашад, ҳеч суде аз фурӯши олбумаш намебинад. Бо ширкати “Ованг” дар Амрико қарордод бастам ва дар авохири соли 2012 олбуми ҷадидамро ин ширкат мунташир мекунад. Ҳамчунин, соли 2012 наустин барномаи кунсертиамро дар Конодо иҷро хоҳам кард.”

Би-Би-Си

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s