СИРРИ ЗОДРӮЗИ СОХТАИ НУҚРА РАҲМАТОВА ДАР ЧИСТ?


Нукра Рахматова

Нукра Рахматова

Аз рӯи маълумоти расмӣ дар ҳафтаи аввали моҳи январ ду нафар ҳунарманди шинохтаю дӯстдоштаи мо — Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Оят Сабзалиева зодрӯз доранд. Ба ин муносибат мо бо яке аз соҳибҷашнҳо тамос гирифтем. Фишурдаи сӯҳбат бо бону Нуқраро ин ҷо меорем.

— Апаи Нуқра, Соли нави мелодӣ ва зодрӯзи фархунда муборакатон бод!

— Барои Соли нав –ку сипосгузорам, вале то зодрӯзи банда ҳанӯз вақт зиёд аст, саросемагӣ чӣ даркор. Иншооллоҳ, ҳанӯз фурсати табрик меёбед, духтарҷон.

— Иии, дар тақвим чунин аст …

— (Механдад ва бо лутф) Намедонам, аз куҷо ин журналистон ҳама маълумотро кофта пайдо мекунанд. Аз шумо ягон чизро пинҳон карда намешавад. Акнун, ки ин сирро фош кардам, ба шумо сабабашро мегӯям. Вақте ки ҳамагӣ 14 сол доштаму ҳамроҳи гурӯҳамон сафари ҳунарӣ ба Россия доштем, ман баръакси дигар аъзои гурӯҳ шиноснома надоштам, чунки синнам ба 16 нарасида буд.

Аммо аз тарси он, ки агар инро фаҳманд, маро ба сафар намебаранд ва ман ҳамчун санъаткор фаъолиятамро идома дода наметавонам, анна, Сар кардам ба дурӯғгӯӣ. Гуфтам, ки шиносномаамро гум кардам, вагарна 16-солаам. Маро ба экспертизаи тиббӣ бурданд, ки дар он чо як нафар мутахассис қаду басти маро пурра андоза намуда гуфт, ки не, ин духтар ҳануз 16 сол надорад.

Ман гиря карда мегуфтам, ки не ман 16-солаам ва паспортамро гум кардаам. Баъдан инро низ ба назар гирифтанд, ки ман тӯли шаш моҳ аст, ки дар барнома будаму онро пурра аз худ намудаам, дар ҳайати гурӯҳ кор кардаам. Сафарамон пагоҳи ҳамон рӯз бояд сурат мегирифт, афишаҳо дар Россия аллакай овезон ва рӯзи консертамон муайян буд. Бо таку дави зиёде ба ман шиноснома гирифтанд.

— Барои як сафари ҳунарӣ шуда, худро калонсол вонамуд кардед, ҳол он ки хислати бонувон баръакс аст, солашонро хурдтар карда нишон медиҳанд.

-Вақте аз ман пурсиданд, ки рӯзу соли таваллудамро гӯям, ман гуфтам, ки дар ҳуҷҷат соли 1942, вале дар асл соли 1944 таваллуд шудаам. Пурсиданд, ки кадом моҳ. Ман ба худ андешидам, ки ҳоло агар гӯям, ки моҳи март, ба ман мегӯянд, ки барои 16-солагӣ ду моҳи дигарам намерасад. Бинобар ҳамин ҳам 2-юми январ гуфтам ва аз ин ба баъд дар ҳама маълумотномаҳои расмӣ ман дуюми январи соли 1942 таваллуд шудаам.

Фарзандонам мехостанд ба муносибати 70-солагии ман дар тарабхонаи Сарез зиёфат ороста, дӯстонамро даъват намоянд. Аммо ман ба онҳо гуфтам, ки ҳанӯз 68-солааму ду сол пас, дар соли 2014 ба синни ҳафтод қадам хоҳам гузошт. Имсол бошад, зодрӯзамро дар ҳалқаи фарзандону наберагон оилавӣ ҷашн гирифтем.

— Бону Нуқра, дар ҳафтаи аввали моҳи январ ҳунарманди маъруфи дигарамон Оят Сабзалиева низ зодрӯз доштаанд. Ба ин муносибат чӣ чизе дар бораи ин бонуи ҳунар мегӯед?

— Бале, зодрӯзи ӯ якуми январ буд ва ман якум шуда ӯро ба ин муносибат занг зада, табрик намудам. Оят ҳунарпешаи хуб, инсони наҷиб аст.

— Шояд он кас низ дар интихоби зодрӯз муболиға кардаанд?

— Аслан, ҳунарманд бисёр аст, аммо одами хуб хеле кам аст. Дар саҳна агар таваҷҷӯҳ карда бошед, бисёри ҳунармандон табассум карда, худро одами хуб вонамуд мекунанд, аммо дар зиндагӣ на ҳамаи онҳо хулқу хислати хуб доранд. Оят бошад, дар зиндагӣ низ чунин инсони самимӣ ва хоксор аст. Ҳеҷ гоҳ мағруру худписанд набуду нест.

То ба имрӯз дар театри Опера ва балети ба номи устод Айнӣ фаъолият мекунад, ҳарчанд, ба нафақа баромада бошад ҳам, то ҳанӯз шогирдони зиёдеро тарбия кардаасту тарбия менамояд ва дар консерваторияи миллӣ низ фаъолият дорад. Ман ба Оят беҳтарин хушиҳои рӯзгор ва тансиҳатиро таманно менамоям.

Аҳли эҷоди мо низ ин ду ҳунарманди асилро бо зодрӯзи хуҷастаашон сидқан муборакбод намуда, баҳрашон рӯзгори осоиштаву саломатии бардавом ва фатҳи қуллаҳои нав ба нави эҷодиро хоҳон аст.

Гулҷаҳон Қодирова, «Чархи гардун»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s