ШАБНАМУ ФАРЗОНА ЧӢ ГУНОҲ ДОРАНД?


Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Ростӣ, ошиқи садо ва таронаҳои Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Сурайё Қосимова мебошам. Шояд боварам накунед, аммо бе садои ширину гӯшнавози ин ситораҳои санъати тоҷик зиндагиамро тасаввур карда наметавонам. Охир, воқеан ҳам, суруду мусиқӣ ба кас илҳоми тоза бахшида, хастагиро дур месозад ва ман бошам, тамоми дарду доғамро бо гӯш кардани сурудҳои Сурайё Қосимова, Шабнам ва Фарзона фаромӯш месозам. Онҳо ҳунари хубу садои марғуладор доранд, ки ин ба ҳама маълум аст. Гарчанде дигарон, яъне санъаткорони навкор ба тарзи сурудхонӣ, ҳаракат ва тарзи либоспӯшии онҳо тақлид мекунанд, аммо боварӣ дорам, ки ҳеҷ кас наметавонад ҷойи ин ҳунармандонро гирад.

Охир, ҳар санъаткор ҷою мухлисони хешро дорад. Шабнаму Фарзона ва модарашон бошад, кайҳо боз ҳаводорони зиёдро бо ҳунари волояшон соҳиб гашта, дар дилу дидаи мардум ҷо гирифтаанд. Ман, ки ошиқи сурудҳои онҳо ҳастам, дар рӯзҳои иду хурсандӣ бесаброна баромад намуданашонро интизор мешавам. Дар Соли нав низ умед доштам, ки Шабнам ва Фарзона пас аз маҳбас озод шуданаш бо таронаи наве мо, ҳаводоронашонро шод месозанд, аммо… Чаро на Шабнам сурудхонӣ карду на Фарзона?

Шабнам ва Фарзона

Шабнам ва Фарзона

Ақаллан дар майдони Сомонӣ низ онҳо набуданд. Аз чанд нафар пурсон шудам, ки чаро Фарзонаю Шабнам дар Соли нав ба хотири мо, мухлисонашон сурудаке пешкаш накарданд, дар ҷавоб: «Онҳоро дар барномаҳо роҳ намедиҳанд!» шунидам, чаро? Кӣ онҳоро роҳ намедиҳад? Охир гуноҳашон чист? Наход «ситора» — ҳои «хушсадо» баромад кунанду Шабнаму Фарзона не? Магар таронаҳои ин ду хоҳарон арзандаи саҳнаҳои калон нестанд? Агар ҳа, пас сабаби дар чорабиниҳо иштирок накарданашон чист?

Бо эҳтиром Мафтунаи ваҳдатӣ

АЗ ИДОРА: — Ҳарчанд кӯшиш намудем, барои равшанӣ андохтан ба ин масъала бо Шабнаму Фарзона ё Сурайё Қосимова сӯҳбат намоем, вале мутаассифона, онҳоро пайдо карда натавонистем. Аммо ҳаракат мекунем, ки дар оянда ба тамоми саволҳои шумо, посух пайдо намоем.

«Зан ва мард»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s