ШОУ БИЗНЕС ДАР РУСИЯ ВА ТОҶИКИСТОН


Киркоров - Басков

Киркоров - Басков

Дар Тоҷикистон, ки шоу бизнес шакл нагирифтааст ва сарояндаҳо онро ба маънии туйгардак мефаҳманд, гаронарзиштарин сарояндаро мутобиқи ҳамин меъёр ё ба истилоҳ «критерия»  мешавад муайян кард. Филипп Киркоров ва Николай Басков дигарбора дар садри ҷадвали гаронбаҳотарин ситораҳои шоу бизнеси Русия қарор гирифтанд. Ба иттилои argumenti.ru барномаҳои консертии онҳо аз 100 то 120 ҳазор евро нарх доранд. Соли 2010 низ Киркоров ва Басков мақоми якум ва дуюми рейтингро ба худ ихтисос дода буданд.

Киркоров, ҳунарманди саршиноси рус, ҳамчунин дар филмномаҳо нақшофарӣ мекунад. Ӯ оҳангсоз ва продюссер низ ҳаст. Николай Басков, ситораи поп ва операи Русия буда, шоумен ва ровии телевизион мебошад.

Ба иттилои манбаъ, бо 30 ҳазор евро овозхонҳое ба монанди Ани Лорак, Настя Каменский, Тина Карол, гурӯҳи «ВИА Гра» розӣ мешаванд, ки ба шумо хизмат расонанд. Дар рӯйхати онҳое, ки бо 20 ҳазор евро барномаи консертӣ баргузор мекунанд, исми Светлана Лобод, Ирина Билик ва Александр Пономаревро дидан мумкин аст.

Шоу-бизнес

Шоу-бизнес

Барои онҳое, ки зӯрашон ба сарояндаҳои дар боло номбаршуда намерасад, суроғи овозхонҳои дигари шӯҳратёр мераванд, ки камтар аз 10 ҳазор евро ҳақмузд мегиранд.

Дар мо чӣ?

Акнун баргардем ба Тоҷикистон. Дар мо, ки шоу бизнес шакл нагирифтааст ва сарояндаҳо онро ба маънии туйбизнес мефаҳманд, гаронарзиштарин сарояндаро мутобиқи ҳамин критерия мешавад, муайян намуд.

Барномаҳои консертии хонандаҳои тоҷикро бештари вақт худи онҳо созмон медиҳанд ва аз ин рӯ харҷу сарфи маблағҳоро низ худашон хисобу китоб мекунанд.    Хонандаҳои тоҷик бо сабабҳои маълуму номаълум аз ифшои ҳақмузди худ дар тӯйҳо ба таври ошкоро сарфи назар мекунанд. Аммо дилхоҳ нафар ба суоли «гаронарзиштарин сарояндаи тоҷик» кӣ аст? Бе ягон дудилагӣ аз Садриддини Наҷмиддин, Ҷонибек Муродов, Шабнаму Фарзона, Баҳроми Ғафурӣ ва Сӯҳроби Маҳмуд ном мебарад.

Ин овозхонҳо дар баробари маҳбубият миёни шунавандаҳои поп, ҳамчунин муваффақ шудаанд, ки берун аз марзи Тоҷикистон ҳам муаррифӣ шаванд. Онҳоро ҳатто барои ҳунарнамоӣ ба тӯйҳо ба давлатҳои ҳамсоя, назири Ӯзбакистону Қирғизистон даъват мекардаанд.

Гузашта аз ин, Садриддину Ҷонибеку Баҳром ва Шабнам аз аввалинҳое дар мусиқии муосири тоҷиканд, ки дар бузургтарин толорҳои Амрикову Аврупо овозхонӣ кардаанд. Ҳамчунин, Ҷонибеку Шабнам ду сол паи ҳам ҷойизадори озмуни «Big Apple Music Awards» дар Амрико шуданд.

Сомонаи «Озодагон»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s