СУБҲОН ҶАЛИЛ «АСРОРИ ЗАНҲО»-РО ФОШ МЕКУНАД


Субхон Чалил

Субхон Чалил

8 роҳи пинҳон кардани хиёнат

1. Ҳеҷ гоҳ дар ҷои кор ба ишқварзӣ машғул нашавед. «Барои шикор бояд ба ҷангалҳои бегона ва дур рафт». Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки асрори ишқварзии ҳамкорон ҳатман рӯзе дар ҷои кор ошкор мешавад.

2. Худро гум накунед. Шумо ҳама чиз доред-хона, зан, кӯдак…фақат рангорангӣ мехоҳед. Ба шумо муҳаббат, зани дигар ва боз чанд тифли дигар лозим нест, чунки ҳамаи инро доред. Фақат 1 хоҳиш шуморо ба самти «чап» мебарад.

Ба маъшуқаатон росташро гӯед ва ба иғвову бечоратарошиҳояш зиёд аҳамият надиҳед. Ҳеҷ гоҳ маъшуқаро дӯст надоред, вагарна кор то ба зани дуюм гирифтан мерасаду дар натиҷа аз ин мондаю аз он ронда ва «хонабардӯш» мешавед.

3. Ба зан ва маъшуқаатон лақабу номи шартии якхела гузоред, то дар хобу бедорӣ Мавлударо Мавҷудаву Зӯҳроро Зебо нагӯед. Бори аввал шояд аз вазъияти ногувор баромада тавонед, вале агар ин ҳолат чанд бор такрор ёбад, сирратон фош мешавад. Барои ҳамин ҳар қадаре, ки миёни онҳо якрангӣ бошад, (атри якхела, лақаби якхела, телефонҳои монанд….) боз ҳам хубтар. Аз сӯи дигар ин дилгир аст, ҳардуро якрангу якхела, ки кардед, пас «чаправӣ» чӣ маънӣ дорад?!

4. Телефони хонагиро ба маъшуқаю шиносҳо додан хавфнок аст. Рақами телефони занону духтаронро дар телефонии мобилиатон навишта, ба ҷои номи аслиашон номҳои мардонаро сабт кунед, масалан Нигораро Нурулло нависед. Худатон фаромӯш накунед шуд-да! Телефони дастиатонро дар ҳар куҷо фаромӯшхотирона намонед. Роҳи дигар ин почтаи электронӣ мебошад, ки дар он ба ҳар ному насаб бемалол қуттиҳо кушодан мумкин аст.

5. Нишонаҳо бояд нест шаванд, ҳатто дар сурати набуданашон ҳам. Дар ҷойҳое, ки эҳтимол ҳамсаратон ё хешу таборро вомехӯред, бо маъшуқаатон пайдо шудан нодуруст аст. Охирин фиребатонро бояд дар хотир дошта бошед. Вақте ки занг мезанед, ҳамон фазо бояд дар телефон эҳсос шавад- об, мусиқӣ ё ғавғо… Ба хона бо ҳамон либос, ҳатто бо ҳамон ҷӯробҳое баргардед, ки саҳар пӯшида рафта будед. Тӯҳфаҳоро ба хона наоред. Суратҳоро ку тамоман! Ҳар суханатонро дониста гӯед- «девор муш дорад, муш гӯш!»

6. Ростро гуфтан дурӯғ ва баҳонаи беҳтарин аст. (На ҳамеша ва на ба ҳама занхо!) Бояд донед, ки кадом ҷумларо гуфтан лозим нест. Агар пурсанд, ки «дар куҷо будӣ?» Бояд гуфт, ки «телефонро хомӯш карда дар хонаи як зани зебо будам!» Ҳамсаратон ин гапро ҳазл гумон карда шояд «ту дигар ба кӣ даркорӣ?» ҳам гӯяд. Чунон рафтор намоед, ки ҳамсаратон бовар кунад, ки дӯстдори ҳашароту паррандҳхо, тими футболи маҳалӣ, маҳфили забономӯзӣ ва ғайра ҳастед ва барои ҳамин баъзан «хеле дер» меоеду рӯзҳои истироҳат ҳам «банд» ҳастед. Ҳеҷ гоҳ гуноҳи хиёнаткориро ба душ нагиред, ҳатто шуморо бо зани дигар дастгир кунанд ҳам!

7. Аз ҳисоби оила ва маблағҳое, ки барои зану бачаҳоятон ҳар моҳ ҷудо мекунед, ба «ишқварзӣ» машғул нашавед. Ин камоли беақлӣ ва на аз рӯи ҷавонмардӣ аст. Коре кунед, ки фоидаи бештар ёбед. Пули иловагӣ кор кунед ва ҳамон пулҳоро барои ҳаракатҳо «ба самти чап» сарф намоед. Мағзи сар, ки шуморо ба сӯи эҳсосоти бевафоӣ ва хиёнаткорӣ тела медиҳад, бигзор роҳҳои дарёфти маблағи иловагиро ҳам фикр кунад.

8. Гурусначашмӣ кардан лозим нест. Ҳар лаҳзаи фараҳ вақту давомнокӣ дорад. Ягон рӯз дар даромадгоҳи хонаи маъшуқаатон истода фикр мекунед, ки дури бад рафтаеду ягон чизи «ғайриоддӣ»-ро надидед. Шумо ҳар кадом соҳиби хирад ва ақлу фаҳмиш ҳастед. Худатон фикр кунед: кадоме аз онҳо Шуморо дӯст медорад, дасту поятонро махс мекунад, ба волидонатон содиқона хизмат мекунад, хӯроки дӯстдоштаатонро мепазад, мастиву доду вой ва бемориҳои шуморо таҳаммул мекунад? Пас, ҳамонаш сазовори ҳамраҳӣ аст, ҳамраҳии доимӣ. Ҳеҷ гох фикр накунед, ки дигараш танҳо мемонад ва азият мекашад. На, маъшуқаҳо ҳеҷ вақт танҳо намемонанд!

«Оила»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s