МУҚИМҶОН АБДУФАТТОЕВ: «ОБРӮ ПУЛ МЕХОҲАД, БРАТАН!»


Мукимчон Абдуфаттоев

Мукимчон Абдуфаттоев

Театр-студияи «Хандинкамон» на танҳо дар ҷумҳуриамон, балки берун аз кишвар низ маъмулу машҳур асту мухлисони худро дорад. Аз ин лиҳоз атрофи бурду бохти «Хандинкамон» бо роҳбари театр-студияи мазкур Муқимҷон Абдуфаттоев сӯҳбатеро омода карда, фишурдаи онро ба мухлисони ҳаҷву ханда пешкаш менамоем.

-Акои Муқимҷон, аз давраи наврасиатон ҳамин хел қизиқчӣ будед?

-Вақте, ки синфи якум шудам, дар назди мактаб «маҳфили драмавӣ» амал мекарду ман низ ба он шомил гаштам. Устод Нарзуллохон моро роҳбарӣ мекарданд. Мо дар он ҷо аввал бо лӯхтакҳо саҳна омода намуда, баъдан оҳиста-оҳиста дар озмунҳое, ки байни мактабҳо гузаронида мешуд, иштирок мекардем. Дар «Бӯстон» бо як саҳнаи ҳаҷвиамон соҳиби ҷои аввал гардидем. Боз як чизи дигаре, ки ба ҳаёти ман таккони ҷиддӣ бахшидааст, лигаи «Ҳозирҷавобон» (КВН) буд. Мо аз номи Техникуми соҳаи хӯроквории шаҳри Исфара, ки ман дар он ҷо 4 сол таҳсил намудаам, баромад мекардем. КВН маро ба мардум ҳамчун санъаткор шинос намуд.

-Хушбахтиатонро дар шӯҳратмандиатон мебинед ё мояи қимматар аз ин доред барои бахти баланд?

— Ман хушбахтам аз он ки падару модарам дар ҳаётанд, хушбахтам, ки соҳиби се нафар фарзанд ҳастам, хушбахтам аз он ки оилаам маро фаҳмида касби интихобкардаи маро тарафдорӣ мекунад ва ниҳоят хурсандам, ки мухлис дорам.

-Бароятон дар зандагӣ чӣ муҳимтар аст: пул ё обрӯ?

— Барои ман ҳам маблағ ва ҳам обрӯву эътибор лозим аст. Аксарият бар он ақидаанд, ки барои санъаткор танҳо обрӯ муҳим аст, вале ман ба ин фикр розӣ шуда наметавонам, зеро обрӯро бе пул пайдо кардан ғайри имкон аст. Барои машҳур шудан албатта маблағ лозим.

-Бароятон дар саҳна латифа гуфтан осонтар ё суруд хондан?

— Латифа гуфтан хубтар аст. Вақте латифа мегӯям, мухлисон табассум мекунанд ва ман аз хандаи онҳо илҳом мегирам.

-Аз ҳаҷвнигорони ҷаҳонӣ ҳунари киро эътироф мекунед?

— Агар Худо дуруғчӣ накунад, дувумин китоби Аркадий Райкинро хонда истодаам. Бо ҳаҷвнигорони Ӯзбекистон Мирзобек Холметов ва Обид Асомов тариқи сомонаи интернет гуфтугӯ мекунем ва ман ба санъати онҳо баҳои баланд медиҳам. Орзу дорам, ки рӯзи 1-уми апрел ҳаҷвнигоронро аз Ӯзбекистон ба Душанбе даъват карда «Иди Ханда»-ро дар сатҳи баланд гузаронем.

-Чаро маҳз театр-студияи «Хандинкамон»-ро ташкил кардед?

— Вақте ки ман дар Техникуми хӯроквории шаҳри Исфара таҳсил мекардам, гурӯҳам номи Исфараро дошт. Дар телевизиони ҳамонвақтаи шаҳр бо як видеомагнитафон саҳнаҳои хурди 3-дақиқагиро тӯли 2-3 рӯз сабт мекардем. Баъди он ки саҳнаи омодакардаам тариқи телевизион пахш шуд, раиси ҳамонвақтаи вилоят Қосимов маро ба шаҳри Хуҷанд даъват карданд ва 5 майи соли 2003 дар шафати бинои ҳозираи «Қасри ҷавонон» театр-студияи «Хандинкамон»-ро ташкил намудем.

Вақте ки аввалин маротиба дар Хуҷанд кансерт мондем, ягона мухлисе, ки моро дастгирӣ мекард, корманди телевизиони вилоятӣ Ӯлмаси Хол буд. Ҳарчанд мухлис надоштему толор холӣ буд, ин марди нек саҳнаҳои моро ба навор гирифта, тариқи оинаи нилгун ба халқ муаррифӣ карданд. Санъати маро аксарият эътироф накарданд, мегуфтанд, ки инҳо каме дар саҳна росту дурӯғ мегӯянду чор танга пулро ҷамъ карда мераванд.

-Ҳамчун ҳаҷвнигор кадом муаммоҳои зиндагиро ислоҳ карда тавонистед?

— Имрӯз аксарияти ҷавонони мо барои пайдо кардани қути лоямут ба Русия сафар мекунанду ҳамин ки чор танга пулро диданд, зану фарзанд, хонаву дарашонро фаромӯш карда, он ҷо оилаи нав бунёд мекунанд. Тӯли чанд сол боз ин муаммо ҳалли худро наёфтааст, аз ин лиҳоз мо ин масъаларо дар яке аз барномаҳоямон бо номи «Қулфу калид» мавриди баррасӣ қарор додем. Муносибати зану шавҳар, келину хушдоман ва монанди ин масъалаҳои зиндагии оилавиро ҳам дар саҳнаҳои худ ҷой медиҳем, то ки мардум хатои худро дида дар вақташ ислоҳ шаванд.

Пас аз «Қулфу калид» як нафар карманди хонаи пиронсолон ба ман гуфт, ки баъди тамошои барномаи шумоён як нафар омада модарашро гарифта рафт. Хурсанд шудам, ки саҳнаҳои офаридаи мо каме бошад ҳам, мардумро ислоҳ карда истодаанд.

-Вақтҳои охир дар шаҳр, дар бозору мағозаҳо миқдори зиёди фиттаи намоишҳои театркунонидаатонро нусхабардорӣ карда истодаанд. Ҳуқуқи муаллифии шуморо поймол намекунанд?

-Чандин маротиба ба дирексияи кино ва видеои вилоят муроҷиат карда будам. Ваъда доданд, ки пеши роҳи ин ҳуқуқвайронкуниро мегиранд, вале ҳанӯз ҳам саҳнаю намоишҳои моро бо сифати паст ба фиттаҳои хитоӣ сабт намуда, мефурӯшанд. Ҳар як харидор бояд донад, ки агар сабти фитта хуб бошад, ҳеҷ вақт нархаш 1,5- 2 сомонӣ намешавад.

-Сабаби вақтҳои охир бештар ба реклама рӯ оварданатон чист: манбаи даромад ё обрӯ?

-Ҷои пинҳон карданаш нест, имрӯз кас барои қонеъ гардонидани талаботи худ меҳнат мекунад, то пули калон ёфта зиндагиашро таъмин намояд. Пул набошад зиндагиро пеш бурдан ғайри имкон аст, аз ҳамин сабаб ба реклама рӯй овардам, то манбаи даромад гардад.

-Шумо ровии бозии «Лоттои калон»-и тоҷикӣ ҳастед. Дини мубини Ислом ин гуна бозиҳоро мамнӯъ меҳисобад. Ҳамчун як фарди мусалмон назари худро дар ин хусус баён мекардед.

— Ман танҳо як воқеаро ба шумо нақл мекунам. Пас аз як бозӣ ҷавоне омад, ки либосҳои фақирона дошт. Ин камбағал мошин бурд кардааст. Аз рӯи қоидаи бозии «Лоттои калон»-и тоҷикӣ андозро супорида баъд аз он мошинро гирифта рафтанаш лозим буд. Ҷавон гуфт, ки барои андозро супоридан маблағ надорад ва агар бовар накунем рафта тарзи зисту зиндагиашро бинем.

Мо ба мошин савор шуда ба хонааш рафтему дидем, ки дар ҳақиқат шароиташон вазнин. Дар болои хонаашон шифер нест, аз бомашон борон чаккида истодааст, аз миёни хонаашон хок кандагӣ. Пурсидам, ки барои чӣ аз даруни хона хок кандед. Гуфт, ки хишт рехта мефурӯшам ва аз ҳисоби пулаш рӯз мегузаронам. Андозро нагирифта мошинро ба вай супоридем. Акнун худатон хулоса бароред.

-Таманниётатон ба мухлисони «Хандинкамон»?   

— Ман ба ҳаммаи онҳое, ки мухлиси ҳаҷву ханда ҳастанду нестанд, умри дарозу рӯзгори бобаракатро таманно дорам. Орзуву ниятҳое, ки дар дилашон мепарваранд, ҷомаи амал пӯшад.

Сӯҳбаторо: Ҷилогари Ҳомид, «Оила»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s