Нурбону: «ҲОМИЁН» МАРО МАШҲУР КАРД

Гокше Акйилдиз

Гокше Акйилдиз

Ному насаб: Гокше Акйилдиз

Санаи таваллуд: 30 октябри соли 1992

Ҷои таваллуд: шаҳри Синопи Туркия

Албатта ҳамаи мухлисони силсилафилми туркии «Ҳомиён» чеҳраи ин духтараки ситорагармро хуб мешиносанд. Нурбону духтари саркомиссар Наҷиб аст, ки ҳамаи шебу фарозию ноадолатиҳои зиндагиро якҷоя бо волидонаш мебинад. Читать далее

Реклама

МАРДУМ МАРО НЕ, ЙИГИТРО ДЎСТ МЕДОРАНД

Орҳан Бийикли

Орҳан Бийикли

Комиссар Йигит яке аз дўстдоштатарин қаҳрамонони силсилафилми «Ҳомиён» миёни мухлисони тоҷикистонии он эътироф гардидааст. Бояд гуфт, ки нақши комиссари пулис ба ҳунарманди ҷавон Орҳан Бийикли на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ватани худаш- Туркия низ маҳбубияти зиёд овард. Орҳан чӣ рўзгоре дорад? Мусоҳибаи мо бо ин ҳунарманди ҷавон ба тамоми паҳлўҳои ҳаёти шахсию касбии ў посўх мегўяд.

Орҳан, хуб мебуд дар оғози сўҳбатамон каме дар бораи ҳаёти шахсиятон нақл менамудед. Шахсияти шумо ба комиссар Йигит ягон монандие дорад? Читать далее

МЕНДУҲ: БАЪД АЗ ҲАЛИМА МУРДАН НАВБАТИ МАН АСТ

Эртин

Эртин

-Эртин розиед, ки ба Шумо «Мендуҳ» гуфта, муроҷиат кунем? Чаро розӣ набошам. Нақши Мендуҳ дар силсилафилми «Ҳомиён» яке аз нақшҳои дўстдоштаи ман аст. Ҳарчанд собиқаи кориям дар соҳаи киною театр кам нест, вале фикр мекунам, ки маҳз ҳамин нақш маро ба тамошобинон шиносонд.

Чаро? Магар нақшҳои пештаратон диққатҷалбкунанда набуданд? Гап дар сари ин нест. Масалан, ман дар филми «Комиссар Незим» нақши асосиро бозида будам, вале фикр мекунам, ки дар он худро ҳамчун ҳунарманд пурра кушода натавонистам. Аммо «Ҳомиён» тамоман дигар аст, муҳити филмофарӣ ин ҷо тамоман дигар аст. Читать далее

УМАР: АМАКҲОЯМ ИНСОНҲОИ ХУБАНД

Раҳмон Гореде

Раҳмон Гореде

Ному насаб: Раҳмон Гореде (Rahmon Gorede)

Санаи таваллуд 3-юми сентябри соли 1983

Ҷои таваллуд: шаҳри Истамбули Туркия

Маълумот: олӣ, дастпарвари Донишгоҳи санъати шаҳри Истамбул, факултаи забон ва адабиёти англисӣ. Ин ҷавони ситорагарм, ки дар филми «Меҳвари ҳақиқат» нақши доктор Умарро мебозад, на танҳо дар ватани худаш- Туркия, балки берун аз он низ маълуму машҳур аст. Ин машҳурӣ ба ӯ танҳо тавассути нақшофарияш дар кинофилмҳо ба даст наомадааст. Читать далее