СУБҲОН САИД: «ҶОЙНАМОЗИ МАН САҲНА АСТ»

Субхони Саид

Субхони Саид

Субҳон Саид муддатест, ки дур аз саҳнаву мухлисон бемор аст. Мегӯянд, ки Худованд бандаи дӯстдорашро дард медиҳад ва ҳар соати дард соати гуноҳро кам мекунад. Агар ин хел, пас муддати зиёде, ки овозхони дӯстдор гирифтори дарду ранҷи зиёде буд, гуноҳҳои зиёди худро шустааст. Вақте огохӣ ёфтем, ки Субҳони Саид дар манзили худ, дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва аҳволаш аз пешина хубтар аст, ба дидорбиниаш шитофтем, чунки аз мухлисонаш муддати зиёдест, ки дархости навиштани чизе перомуни зиндагӣ ва гӯшанишинии овозхони дӯстдоштаашонро гирифта будем. Читать далее