ТАХМИНА НИЁЗОВА «ВИТЕБСК-2011»-РО ТАСХИР МЕКУНАД

Тахмина Ниёзова

Тахмина Ниёзова

8 июли соли 2011 дар Ҷумҳурии Беларус ХХ-умин ҷашнвораи байналхалқии санъат таҳти унвони «Бозори славянӣ дар Витебск» оғоз гардид. Тавре ба хабарнигори мо аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, дар ҷашнвораи мазкур миёни 20 нафар сарояндагони ҷавони сурудҳои эстрадӣ аз 20 давлати ҷаҳон бори аввал намояндаи ҶТ- ҳунарманди тоҷик Таҳмина Ниёзова ширкат менамояд. Ёдовар мешавем, ки Таҳмина Ниёзова-овозхони ҷавони сурудҳои эстрадӣ набераи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, сарояндаи сурудҳои классикии «Шашмақом» Боймуҳаммад Ниёзова мебошад. Читать далее