ФАРЗОНАИ ХУРШЕД АЗ ЗИНДОН ОЗОД ШУД

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

Дар нахустин рӯзи иҷрои қонуни афв Фарзонаи Хуршед аз маҳбас озод шуд. Субҳи рӯзи сешанбеи 23 август нахустини гурӯҳи занони зиндонӣ аз маҳбаси воқеъ дар рустои Чал-тали Норак, дар 60 килуметрии шарқи шаҳри Душанбе озод шуданд. Изатулло Шарипов, раиси умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар маросими ба озодӣ баромадани бонувон аз онҳо дархост кард, ки “ҳаргиз ба ин ҷо барнагарданд.” Тибқи иттилоъи вай, рӯзи сешанбе 112 нафар маҳбусони зиндон озод мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар ин маҳбас 237 нафар ба сар мебурданд. Читать далее